Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти марказҳои хусусии косметологиро зери назорат мегирад

© Foto / Минздрав ТаджикистанаФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ХУСУСИИ КОСМЕТОЛОГӢ БАРРАСИ ШУД
ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ХУСУСИИ КОСМЕТОЛОГӢ БАРРАСИ ШУД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2024
Обуна шудан
Масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як ҷаласа сертификатсия байни кормандони марказҳои косметологӣ дар кишварро зарур шумориданд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ахиран дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи хизматрасонии тиббии марказҳои хусусии косметологии кишвар ҷаласаи корӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.
Дар ин ҷаласа фаъолияти муассисаҳои косметологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мақомоти тандурустӣ дар ин ҷаласа гузаштан аз курсҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва сертификатсия байни кормандони марказҳои косметологӣ зарур шуморида шуд.
“Ҳамчунин дар ин ҷаласа пешниҳод карда шуд, ки Ассотсиатсияи косметологҳои Тоҷикистон таъсис дода шавад ва масъалаҳои ҷории ин самт дар нишастҳои ин Ассотсиатсия ҳаллу фасл карда шаванд”, - иттилоъ додааст вазорати тандурустӣ.
Ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, риояи ҳатмии қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ, аз ҷониби вазири тандурустӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2024
“Имкон дорад”: вазири тандурустӣ дар бораи “маризии Х”
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки айни замон дар кишвар 17 адад марказҳои косметологӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин 11 адад дар шаҳри Душанбе ва 6 адад дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0