Ин барои мо забони нав аст: донишҷӯёни ДДРБМ забони тоҷикиро чӣ гуна меомӯзанд

Обуна шудан
Дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Русия - Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав донишҷӯёни рус забони Абуабдуллоҳ Рӯдакиро меомузанд
Дар соли хониши 2023-2024 бори нахуст дар таърихи равобити Тоҷикистону Русия дар Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав (МГИМО) як самти нави таҷрибавӣ - таълими забони тоҷикӣ ба унвони нахустин забони шарқӣ таъсис ёфт.
Донишҷӯёне, ки забони тоҷикӣ меомӯзанд дар ин донишгоҳ аз соли дуюм забони форсиро ҳамчун забони дуююми шарқӣ меомӯзанд.
Ҳалима Хушқадамова то ин замон давоми 10 сол дар ин донишгоҳ забони тоҷикиро ҳамчун забони дувум баъд аз омӯзиши забони дарӣ дарс медод.
Соли гузашта вазъ дигар шуд. Акнун дар ин донишгоҳи бонуфуз аз кишварҳои ИДМ барои нахустин бор аст таълими забони тоҷикӣ ҳамчун забони хориҷӣ оғоз шуд.
Имрузҳо профессори ин донишгоҳ хонум Хушқадамова ба воситаи забони точикӣ шогирдони худ — дипломатхои ояндаи русро бо таърихи Тоҷикистон, ҳаёти имрузаи ҷомеаи тоҷик ва маданияти он ошно месозад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ин донишгоҳ рафт ва бо худи профессору шогирдони ӯ ҳамсуҳбат шуд. Ҷузъиёти бештарро дар видеои мо тамошо намоед.
Лентаи хабарҳо
0