Пештозии Пизишкиён дар интихоботи президентии Эрон: кӣ пирӯз мешавад?

© Sputnik / Ilya Pitalev / Гузариш ба медиабонкТегеран перед президентскими выборами
Тегеран перед президентскими выборами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2024
Обуна шудан
Барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳур номзад бояд беш аз 50% ороро ба даст орад, агар касе ин қадар раъй нагирад, пас даври дуввум баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 29 июн – Sputnik. Ислоҳотхоҳ Масъуди Пизишкиён дар интихоботи аввали раёсатҷумҳурии Эрон пешсафиятро нигоҳ дошта аз рақиби аслии худ Саид Ҷалилӣ, номзад аз ҷиноҳи муҳофизакор пеш аст.
Дар ин бора баъд аз шумориши беш аз 14 миллион орои овоздиҳандагон дар комиссияи интихоботии кишвар, ки дар вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Исломӣ ҷойгир аст, хабар доданд, гузориш медиҳад ILNA.
"Дар маҷмӯъ 14 миллиону 70 ҳазору 462 раъй шумурда шуд. Масъуд Пизишкиён 5 млну 955 ҳазору 781 раъй, Саид Ҷалилӣ - 5 млну 560 ҳазору 321 овоз, Муҳаммадбоқир Қолибоф - 1 млну 891 ҳазору 381 овоз ва Муставо Пирмуҳаммадӣ 111 ҳазору 967 овоз”,- гуфта мешавад дар изҳороти комиссияи интихоботӣ.
Раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи ҷумъаи 28 июн дар Эрон баргузор шуд, қитъаҳои интихоботӣ аз соати 08:00 ба вақти Маскав то соати 00:30 ба вақти Маскав боз буданд.
Номзадҳои асосии мубориза барои курсии президентӣ дар ибтидо шаш нафар буданд: собиқ вазири корҳои дохиль дар замони раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод (2005-2013), рӯҳонӣ Мустафо Пирмуҳаммадӣ, намояндаи раҳбари олии Эрон дар Саид Ҷалилӣ, раиси кунунии порлумон Муҳаммадбоқир Қолибоф, шаҳрдори пойтахти Эрон, Алиризо Зоконӣ, собиқ вазири тандурустӣ ва таълими тиббии Эрон дар давраи дувуми раёсати ҷумҳурии Муҳаммад Хотамӣ (2001-2005) ва вакили порлумон Масъуди Пизишкиён, инчунин сардори Бунёди корҳои шаҳидон ва собиқадорон Амирҳусейн Қозизода Ҳошимӣ.
Выборы президента Ирана: Избирательный участок в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2024
Оғози интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 95 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон
Аммо Қозизода Ҳошимӣ ва Зоконӣ як рӯз пеш аз интихобот ба нафъи раиси порлумон Муҳаммадбоқир Қолибоф ва намояндаи раҳбари олии Эрон дар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Саид Ҷалилӣ аз номзадии худ даст кашиданд.
Раисиҷумҳури Эрон баъд аз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, дуввумин сиёсатмадори тавонотарин дар ин кишвар маҳсуб мешавад.
Вазифаҳои президент аз иҷрои муқаррароти сарқонун ва роҳбарӣ ба ҳокимияти иҷроия иборатанд. Самти куллии сиёсати хориҷии Эрон ба раисиҷумҳури нав вобаста хоҳад буд.
Барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон номзад бояд беш аз 50 дарсади ороро ба даст орад. Агар касе ин қадар раъй нагирад, пас аз як ҳафта, 5 июл даври дуввум баргузор мешавад, ки дар он ду номзаде, ки дар даври аввал бештар раъй гирифтаанд, рақобат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0