https://sputnik.tj/20240628/oghozi-intikhoboti-rayosatjumhuri-eron-tojikiston-1063373163.html
Оғози интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 95 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон
Оғози интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 95 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Эрон эълон кардааст, ки 14-мин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 59 ҳазор шӯъбаи дохил ва 95 кишвари ҷаҳон баргузор хоҳад шуд
2024-06-28T12:01+0500
2024-06-28T12:01+0500
2024-06-28T12:01+0500
дар тоҷикистон
эрон
душанбе
интихоботи президентӣ
интихобот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1c/1063372995_0:36:1155:686_1920x0_80_0_0_1d65a6575b22e1da5883a96c09134ceb.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сухангӯи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон Ҳодии Таҳонназиф бо баёни ин. ки муддатзамони қонунии баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон 10 соат аст ва соати ҳашти субҳи фардо ба таври расмӣ оғоз мешавад.Вай афзуд, бар асоси қонун ин замон қобилияти тамдид дорад ва ҳеҷ тафовуте дар ин замон дар дохил ва хориҷ вуҷуд надорад.Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон бо баррасии парвандаи 80 нафар, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон сабти ном карда буданд, дар ниҳоят аз байни онҳо тибқи асли 115 Қонуни асосии Эрон, 6 нафарро таъйиди салоҳият кард.Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи 28 июн интихоботи президентии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе ва Роғун оғоз шуд. Фроянди интихоботи чаҳордаҳумини давраи раёсатҷумҳурӣ дар сифорати Эрон дар Тоҷикистон дар соъати 8 (ба вақти душанбе), оғоз шуд. Ҳамзамон бо баргузарии интихоботи чаҳордаҳумини давраи раёсатҷумҳурӣ дар сифорати Эрон дар Тоҷикистон, фроянди раъйгирӣ дар шуъбаи шумораи ду минтақаи Роғун дар Тоҷикистон шуруъ шуд.Ёдовар мешавем, ки чархболи ҳомили Сайид Иброҳими Раисӣ, ҳаштумин раисҷумҳури Эрон рӯзи 19 май дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи садди “Қизқалъасӣ” ба самти шаҳри Табрез, дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони Шарқӣ, шимоли ғарби Эрон, дучори сониҳа шуд.Раисҷумҳур бо ҳамроҳи Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва дигар ҳамроҳон, ба ҳалокат расиданд.Ба ҳамин манзур ва бар мабнои қонуни асосии Эрон интихоботи зудҳангоми чаҳордаҳумини давраи раёсатҷумҳурии Эрон имрӯз 28 июл баргузор мешавад.Дар ҳамин росто, Муҳаммадтақии Шоҳчароғӣ, раиси Ситоди интихоботи Эрон дар гуфтугӯ расонаҳои эронӣ гуфт, ки теъдоди воҷидини шароити раъйгирӣ дар кишвар 61 миллиону 452 ҳазору 321 нафар аст.Бо канорагирии ду тан аз номзадҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф, Саиди Ҷалилӣ, Масъуди Пизишкиён ва Мустафо Пурмуҳаммадӣ чаҳор номзаде ҳастанд, ки дар арсаи рақобати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳузур доранд.
https://sputnik.tj/20240625/eron-intikhobot-raisjumhur-omoda-1063338782.html
эрон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1c/1063372995_98:0:1058:720_1920x0_80_0_0_2e026dbe8041cc4bc865cc45a782f33e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, интихобот, президенть, ҷаҳон, мақомот, интихоботи раёсатҷумҳурӣ
тоҷикистон, эрон, интихобот, президенть, ҷаҳон, мақомот, интихоботи раёсатҷумҳурӣ
Оғози интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 95 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон
Мақомоти Эрон эълон кардааст, ки 14-мин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 59 ҳазор шӯъбаи дохил ва 95 кишвари ҷаҳон баргузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сухангӯи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон Ҳодии Таҳонназиф бо баёни ин. ки муддатзамони қонунии баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон 10 соат аст ва соати ҳашти субҳи фардо ба таври расмӣ оғоз мешавад.
Вай афзуд, бар асоси қонун ин замон қобилияти тамдид дорад ва ҳеҷ тафовуте дар ин замон дар дохил ва хориҷ вуҷуд надорад.
Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон бо баррасии парвандаи 80 нафар, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон сабти ном карда буданд, дар ниҳоят аз байни онҳо тибқи асли 115 Қонуни асосии Эрон, 6 нафарро таъйиди салоҳият кард.
Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи 28 июн интихоботи президентии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе ва Роғун оғоз шуд.
Фроянди интихоботи чаҳордаҳумини давраи раёсатҷумҳурӣ дар сифорати Эрон дар Тоҷикистон дар соъати 8 (ба вақти душанбе), оғоз шуд.
Ҳамзамон бо баргузарии интихоботи чаҳордаҳумини давраи раёсатҷумҳурӣ дар сифорати Эрон дар Тоҷикистон, фроянди раъйгирӣ дар шуъбаи шумораи ду минтақаи Роғун дар Тоҷикистон шуруъ шуд.
Ёдовар мешавем, ки чархболи ҳомили Сайид Иброҳими Раисӣ, ҳаштумин раисҷумҳури Эрон рӯзи 19 май дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи садди “Қизқалъасӣ” ба самти шаҳри Табрез, дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони Шарқӣ, шимоли ғарби Эрон, дучори сониҳа шуд.
Раисҷумҳур бо ҳамроҳи Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва дигар ҳамроҳон, ба ҳалокат расиданд.
Ба ҳамин манзур ва бар мабнои қонуни асосии Эрон интихоботи зудҳангоми чаҳордаҳумини давраи раёсатҷумҳурии Эрон имрӯз 28 июл баргузор мешавад.
Дар ҳамин росто, Муҳаммадтақии Шоҳчароғӣ, раиси Ситоди интихоботи Эрон дар гуфтугӯ расонаҳои эронӣ гуфт, ки теъдоди воҷидини шароити раъйгирӣ дар кишвар 61 миллиону 452 ҳазору 321 нафар аст.
Бо канорагирии ду тан аз номзадҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф, Саиди Ҷалилӣ, Масъуди Пизишкиён ва Мустафо Пурмуҳаммадӣ чаҳор номзаде ҳастанд, ки дар арсаи рақобати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳузур доранд.