Даҳҳо нафар фиреб хӯрданд: Боздошти раиси як ширкат барои ваъдаи кор дар Чехия

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкНаручники висят на дверной ручки.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2024
Обуна шудан
Агентии мубориза бо коррупсия аз ошкори ҳолати қаллобии директори оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ширкати “Гардуна” хабар дод
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар додааст, ки директои оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ширкати “Гардуна”, ки барои қаллобӣ боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ Агентӣ шахси боздошт шуд дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо директори генералии ҷамъият, сармуҳосиби ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чехия бо роҳи фиреб ба боварии 82 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, аз номбурдагон барои дар Чехия бо ҷои кор таъмин намудан дар умум 98500 сомонӣ ва 50430 доллар гирифтанд.
Таъкид шудааст, ки онҳо барои шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.
Агентӣ қайд кардаст, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2024
Як масъули "Шифобахш" барои қаллобӣ боздошт шуд
Ин бори аавал нест, ки ваъдахилофи шаҳрвандони кишварро ба додгоҳ кашиданд.
Қаблан дар расонаҳо хабаре наш шуд, ки сокини 73-солаи вилояти Суғд бо гумони даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд.
Номбурда, ки ҳоло нафақахӯр мебошад, қаблан низ барои ҷинояти қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Зикр гардид, ӯ соли 2010 ба сокини 51 -солаи шаҳри Гулистон ваъда дод, ки ӯро ба зиёрати хонаи Каъба ба Арабистон мефиристад. Ба ин хотир аз ӯ 8 000 доллар гирифт, вале ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Ҳамчунин чанде пеш ВКД Тоҷикистон аз боздошти як зани 35-сола хабар дод, ки чаҳор ҷавонзани тоҷикро бо роҳи фиреб ба Дубай барои танфурӯшӣ бурдааст.
Тибқи иттилои ВКД, кормандони мақомоти интизомии Суғд Ғафорова Мухлиса, сокини шаҳри Бӯстонро боздошт карданд.
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2023
Як низомии тоҷик барои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ҳукми зиндон гирифт
Таъкид шудааст, ки шахсияти се қурбонии ба доми ӯ афтодаро, ки дар орзӯи зиндагии зебо ва кори сердаромад дар хориҷ, ҷои худро дар нуктаҳои танфрӯшӣ ва хизматрасониҳои шаҳвонӣ ёфтанд муайян кардаанд.
Тибқи маълумоти мақомоти интизомии Суғд ин ҷавонзанҳо, ки ба шаҳри Дубай расиданд зулму ҷабри зиёдеро аз сар гузарониданд.
Кормандони ВКД аз ин кор дарак ёфта боз як ҷавонзани дигаре, ки мехост ба Дубай биравад дар фурудгоҳ боздошт намуданд ва ӯро аз гирифтории савдои одамон наҷот доданд.
Лентаи хабарҳо
0