Як масъули "Шифобахш" барои қаллобӣ боздошт шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешВзятка, архивное фото
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2024
Обуна шудан
Оҷонсии мубориза зидди фасод мегӯяд, ҳарчанд масъули "Шифобахш" ваколати қабул кардани довталабро ба донишгоҳ надорад, вале барои ин кор маблағи калон хост
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Дар Душанбе мудири шуъбаи дуюми Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии "Шифобахш"" боздошт шуд.
Дар ин бора Оҷонсии мубориза алайҳи фасод хабар дода, афзуд, ки номбурда ба гумони даст доштан дар қаллобӣ дастгир гардид.
Дафтари матбуоти ин ниҳод дар шарҳи боздошти корманди "Шифобахш" хабар дод, ба ӯ як шиносаш, ки қасди дохил кардани фарзанди худ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро дошт, муроҷиат кардааст.
Манбаъ меафзояд, ҳарчанд ӯ ваколати қабул кардани довталабро ба донишгоҳ надошт, вале ба ҳар сурат ба хотири ба даст овардани маблағи муфт аз номбурда 5000 доллар ва 19 000 сомонӣ талаб намуд.
Военный билет. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Ваъдаи озодӣ аз аскарӣ бар ивази 50 ҳазор сомонӣ: корманди қалбакии мақомот боздошт шуд
Гуфта мешавад, корафтода маблағи дархостнамудаи корманди "Шифобахш" -ро оварда додааст, вале пул ба манфиати шахсӣ сарф шуда, мушкили ӯ бидуни ҳал монд.
Ҳамин тариқ, пас аз дастгир шудани мудири шуъбаи дуюми "Шифобахш" нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" кушода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.
Бояд гуфт, тибқи моддаи мазкур ба ҷинояткор аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб ва ё ба муҳлати аз 8 то 12 соли мамаҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0