https://sputnik.tj/20230710/nizomi-tojik-qallob-hukm-zindon-1058170998.html
Як низомии тоҷик барои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ҳукми зиндон гирифт
Як низомии тоҷик барои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ҳукми зиндон гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки ин низомӣ бо истифода аз вазифа 29 нафарро фиреб дода, амвол ва пули онҳоро азонихуд кардааст
2023-07-10T10:25+0500
2023-07-10T10:25+0500
2023-07-10T10:42+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қарори додгоҳ
прокуратураи генералии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102818/49/1028184948_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_326a457d781400dd7a4ff42e99b351c6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Додгоҳи гарнизонии шаҳри Душанбе ҳукми Мирсалимов Рустам Обидҷонович, прапоршики Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсиро содир кард. Ба иттилои Додситони кул ӯ барои қаллобии дар ҳаҷми махсусан калон гунаҳкор дониста мешавад, ки алайҳаш бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии кишвар боз шуда буд.Ҳамин тариқ номбурда барои ин ҷиноят барои 10 сол равонаи зиндон шуд.Илова бар ин, ӯ ба мӯҳлати 3 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти марбут ба масъулияти молумулкӣ маҳрум карда мешавад. Дар давоми моҳҳои июл то сентябри соли 2022 ин хизматчии ҳарбӣ ба маблағи тақрибан 700 ҳазор сомонӣ қаллобӣ кардааст. Додситонии ҷумҳурӣ таъкид кардааст, ки мавсуф аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2022 дар 9 ҳолат ба содир намудани чинояти қаллобӣ даст зада, 31 нафар шаҳрвандонро фиреб додааст.Яке аз ҳолатҳои қаллобии ӯ, фиреби як тоҷири бозори “Меҳргон” будааст.Ба иттилои манбаъ, мавсуф бо либоси низомӣ ба бозор омада ба соҳибкор худро ҳамчун корманди Комиссарияти ҳарбӣ муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ арз намудааст, ки ба ӯ чорсад халта орд лозим буда, бояд ба қисмҳои харбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим намояд. Баъди пурра тақсим намудан маблағи ордҳоро ҳатман пардохт менамояд.Аммо баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115,5 ҳазор сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба ба тоҷик ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.
https://sputnik.tj/20230320/bozdosht-raison-parvanda-mansabdor-tojikiston-zaminfurushi-1055633420.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102818/49/1028184948_58:0:2789:2048_1920x0_80_0_0_0e886bee6b78bc5fd5ea03dc05352a75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
низомӣ тоҷик қаллобӣ ҳукми зиндон
низомӣ тоҷик қаллобӣ ҳукми зиндон
Як низомии тоҷик барои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ҳукми зиндон гирифт
10:25 10.07.2023 (Навсозишуда: 10:42 10.07.2023) Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки ин низомӣ бо истифода аз вазифа 29 нафарро фиреб дода, амвол ва пули онҳоро азонихуд кардааст
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Додгоҳи гарнизонии шаҳри Душанбе ҳукми Мирсалимов Рустам Обидҷонович, прапоршики Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсиро содир кард.
Ба иттилои Додситони кул ӯ барои қаллобии дар ҳаҷми махсусан калон гунаҳкор дониста мешавад, ки алайҳаш бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии кишвар боз шуда буд.
Ҳамин тариқ номбурда барои ин ҷиноят барои 10 сол равонаи зиндон шуд.
Илова бар ин, ӯ ба мӯҳлати 3 сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти марбут ба масъулияти молумулкӣ маҳрум карда мешавад.
Дар давоми моҳҳои июл то сентябри соли 2022 ин хизматчии ҳарбӣ ба маблағи тақрибан 700 ҳазор сомонӣ қаллобӣ кардааст.
Додситонии ҷумҳурӣ таъкид кардааст, ки мавсуф аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2022 дар 9 ҳолат ба содир намудани чинояти қаллобӣ даст зада, 31 нафар шаҳрвандонро фиреб додааст.
Яке аз ҳолатҳои қаллобии ӯ, фиреби як тоҷири бозори “Меҳргон” будааст.
Ба иттилои манбаъ, мавсуф бо либоси низомӣ ба бозор омада ба соҳибкор худро ҳамчун корманди Комиссарияти ҳарбӣ муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ арз намудааст, ки ба ӯ чорсад халта орд лозим буда, бояд ба қисмҳои харбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим намояд. Баъди пурра тақсим намудан маблағи ордҳоро ҳатман пардохт менамояд.
Аммо баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115,5 ҳазор сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба ба тоҷик ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.