https://sputnik.tj/20240623/nima-mavsim-kuktosh-faoliyat-qat-1063311510.html
“Дар нимаи мавсим”: “Кӯктош” фаъолияташро қатъ мекунад?
“Дар нимаи мавсим”: “Кӯктош” фаъолияташро қатъ мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Директори бошгоҳ мегӯяд, борҳо дари ину онро задем, ки сармоягузориро қатъ накунанд, аммо ҳеҷ кас ба додамон то ба ҳол нарасидааст
2024-06-23T14:45+0500
2024-06-23T14:45+0500
2024-06-23T14:45+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/19/1060142722_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_dc613ccd2fc3addd9c33e2a78ac51c29.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дастаи футболи “Кӯктош” пас аз 14 соли бозӣ дар Лигаи олии Тоҷикистон фаъолияташро қатъ кард.Ин даста дар таърихаш як бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон низ роҳ ёфта, аз “Истиқлол” дар пайи силсилаи пеналти мағлуб шудааст. Нуралӣ Хоркашев, директори дастаи “Кӯктош” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даста ба мушкилоти шадиди молӣ ба далели коҳиши сармоягузорӣ аз сӯи сарпарастон мувоҷеҳ шудааст.Дирӯз дастаи “Кӯктош” дар шаҳри Хуҷанд бо дастаи “Хуҷанд” бозӣ кард ва ба ҳисоби 3 бар 0 бохт. Ба қавли директори даста, ин бозӣ бояд дар варзишгоҳи “Нефтянник”-и марбути худи “Кӯктош” дар шаҳраки Сомониён баргузор мешуд, аммо ба ин далел ки варзишгоҳ дар ҳоли навсозӣ қарор дорад, даста маҷбур шуд бозиро дар Хуҷанд баргузор кунад. “Гузинаҳои дигарамон ин буд, ки бозӣ дар варзишгоҳҳои Душанбе ё Кӯлоб баргузор шавад, аммо ҳамоно ба далели мушкилоти молӣ ва ҳам ҳамкории худи дастаи “Хуҷанд” бозиро дар майдони рақиб анҷом додем”, - гуфт Нуралӣ Хоркашев. Тими “Кӯктош” як созмони ҷамъиятӣ буда, яке аз сармоягузоронаш ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор меравад, аммо бештари сармоягузории онро як тоҷири маҳаллӣ бар дӯш дорад. Директори даста мегӯяд, “Кӯктош” аз кишварҳои хориҷӣ низ легионерҳо ё бозигарони кироиро ҷалб кардааст, ки ба онҳо маблағи мутафовит пардохт мешавад. Ба қавли ӯ, ҳоло дар даста як бозигар аз Канада, 2 нафар аз Ӯзбекистон ва 4 нафари дигар аз кишварҳои Африқо бозӣ мекунанд. Дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 2010 таъсис ёфта, соли 2011 баромадашро дар Лигаи якуми Тоҷикистон шуруъ ва соли 2017 бо касби мақоми аввал ба Лигаи олӣ роҳ ёфтааст. Соли 2018 дар Лигаи олии Тоҷикистон мақоми сеюм ва медалҳои биринҷиро соҳиб шудааст.Соли 2019 дар Лигаи олии Тоҷикистон мақоми шашум, соли 2020 мақоми чорум, аммо соли 2021 мақоми нуҳумро ишғол карда, ба Лигаи якум баргашт. Соли 2022 дар Лигаи якум мақоми дуюмро ишғол карда, боз ба Лигаи олӣ роҳ ёфтааст.Соли 2022 дастаи “Кӯктош” дар мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон, ки дуввумин мусобиқаи Лигаи футболи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба бозии финалӣ роҳ ёфта, дар бозии финалӣ дар пайи силсилазарбаҳои пеналти аз тими “Истиқлол” бо ҳисоби 5 бар 4 мағлуб шуда аст. Вақти асосӣ ва ду қисми изофии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфта буд.
https://sputnik.tj/20240618/futboli-dorovu-faqir-i-osiyo-timho-tojikiston-1063247320.html
https://sputnik.tj/20240527/futbol-miz-jashnvorai-maruftarin-varzish-dushanbe-video-1062997741.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/19/1060142722_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_69233aa3a0cdd0ce4cbc5b0a872a549a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мавсим “кӯктош” фаъолият қатъ
мавсим “кӯктош” фаъолият қатъ
“Дар нимаи мавсим”: “Кӯктош” фаъолияташро қатъ мекунад?
Директори бошгоҳ мегӯяд, борҳо дари ину онро задем, ки сармоягузориро қатъ накунанд, аммо ҳеҷ кас ба додамон то ба ҳол нарасидааст
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дастаи футболи “Кӯктош” пас аз 14 соли бозӣ дар Лигаи олии Тоҷикистон фаъолияташро қатъ кард.
Ин даста дар таърихаш як бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон низ роҳ ёфта, аз “Истиқлол” дар пайи силсилаи пеналти мағлуб шудааст.
Нуралӣ Хоркашев, директори дастаи “Кӯктош” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даста ба мушкилоти шадиди молӣ ба далели коҳиши сармоягузорӣ аз сӯи сарпарастон мувоҷеҳ шудааст.
“Ҳазору як сабаби асливу усулии дигар вуҷуд дорад, ки дастаро дар остонаи қатъи фаъолият дар нимаи мавсим қарор додааст. Мо ҳар чӣ дар тавон дорем, анҷом медиҳем, борҳо дари ину онро задем, ки сармоягузориро қатъ накунанд, аммо ҳеҷ кас ба додамон то ба ҳол нарасидааст”, - гуфт Нуралӣ Хоркашев.
Дирӯз дастаи “Кӯктош” дар шаҳри Хуҷанд бо дастаи “Хуҷанд” бозӣ кард ва ба ҳисоби 3 бар 0 бохт. Ба қавли директори даста, ин бозӣ бояд дар варзишгоҳи “Нефтянник”-и марбути худи “Кӯктош” дар шаҳраки Сомониён баргузор мешуд, аммо ба ин далел ки варзишгоҳ дар ҳоли навсозӣ қарор дорад, даста маҷбур шуд бозиро дар Хуҷанд баргузор кунад.
“Гузинаҳои дигарамон ин буд, ки бозӣ дар варзишгоҳҳои Душанбе ё Кӯлоб баргузор шавад, аммо ҳамоно ба далели мушкилоти молӣ ва ҳам ҳамкории худи дастаи “Хуҷанд” бозиро дар майдони рақиб анҷом додем”, - гуфт Нуралӣ Хоркашев.
Тими “Кӯктош” як созмони ҷамъиятӣ буда, яке аз сармоягузоронаш ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор меравад, аммо бештари сармоягузории онро як тоҷири маҳаллӣ бар дӯш дорад.
Директори даста мегӯяд, “Кӯктош” аз кишварҳои хориҷӣ низ легионерҳо ё бозигарони кироиро ҷалб кардааст, ки ба онҳо маблағи мутафовит пардохт мешавад.
“Аммо то ба имрӯз талош кардаем, ки онҳоро бидуни вақфа бо дастмузд таъмин кунем ва дар умум кори мо бар ин аст, ки қабл аз ҳама дар фикри таъмини бозигарони худ бошем ва онҳоро дар авлавият қарор диҳем”, - гуфт Нуралӣ Хоркашев.
Ба қавли ӯ, ҳоло дар даста як бозигар аз Канада, 2 нафар аз Ӯзбекистон ва 4 нафари дигар аз кишварҳои Африқо бозӣ мекунанд.
Дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 2010 таъсис ёфта, соли 2011 баромадашро дар Лигаи якуми Тоҷикистон шуруъ ва соли 2017 бо касби мақоми аввал ба Лигаи олӣ роҳ ёфтааст.
Соли 2018 дар Лигаи олии Тоҷикистон мақоми сеюм ва медалҳои биринҷиро соҳиб шудааст.
Соли 2019 дар Лигаи олии Тоҷикистон мақоми шашум, соли 2020 мақоми чорум, аммо соли 2021 мақоми нуҳумро ишғол карда, ба Лигаи якум баргашт.
Соли 2022 дар Лигаи якум мақоми дуюмро ишғол карда, боз ба Лигаи олӣ роҳ ёфтааст.
Соли 2022 дастаи “Кӯктош” дар мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон, ки дуввумин мусобиқаи Лигаи футболи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба бозии финалӣ роҳ ёфта, дар бозии финалӣ дар пайи силсилазарбаҳои пеналти аз тими “Истиқлол” бо ҳисоби 5 бар 4 мағлуб шуда аст. Вақти асосӣ ва ду қисми изофии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфта буд.