https://sputnik.tj/20240527/futbol-miz-jashnvorai-maruftarin-varzish-dushanbe-video-1062997741.html
Аз футбол зери мизу болои он то ҷаҳиши Роналду: Ҷашнвораи варзишӣ дар Душанбе - видео
Аз футбол зери мизу болои он то ҷаҳиши Роналду: Ҷашнвораи варзишӣ дар Душанбе - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи ҷашнвораи густурдаи футбол дар шаҳри Душанбе иштирокдорон имкон доштанд, маҳорати худро дар навъҳои гуногуни варзишӣ бисанҷанд 27.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-27T18:45+0500
2024-05-27T18:45+0500
2024-05-27T18:45+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
видео
футбол
ҷашнвора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1b/1062997979_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_f92a05b90391305c1a4efbdf52f68bce.png
Ҳар иштирокчии ҷашнвораи футбол дар Душанбе имкон дошт, ки маҳорати нишонзании худро озмояду ҷаҳиши худро бо Криштиану Роналду қиёс кунад. Дар ҷашнвора, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор шуд, навъҳои гуногуни машғулиятҳо пешниҳоди иштирокдорон гардиданд. Онҳо метавонистанд, маҳораташонро дар голзанӣ зери миз ва дар ҳолати нишаста бисанҷанду ҳунари тӯббозӣ бо пой болои мизро низ сайқал диҳанд. Ҷашнвораҳо дар варзишгоҳи марказӣ ва ҳамчунин дар майдони Истиқлоли Душанбе баргузор гардиданд. Таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Хуҷанд – видеоПрезиденти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ низ дар чаҳорчӯби таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фестивали футбол ширкат кард.Вай ба кӯдакон таманнои онро намуд, ки минбаъд низ ба варзиши дӯстдоштаи худ – футбол машғул шуда, ба қуллаҳои баланди варзишӣ бирасанд.Мақсади асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаҳои варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол мебошад. Баъди анҷоми фестивал ба иштирокчиён тӯбҳо тақдим карда шуданд.Чунин чорабинӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон гузаронда шуданд. Ҷашнвораҳои нисбатан бузург дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт баргузор гардид, ки ҳазорҳо нафар дар он иштирок мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1b/1062997979_180:10:1483:987_1920x0_80_0_0_ba8ff7e5933e82fe006b92eeae243d04.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, видео, футбол, ҷашнвора, видео
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, видео, футбол, ҷашнвора, видео
Аз футбол зери мизу болои он то ҷаҳиши Роналду: Ҷашнвораи варзишӣ дар Душанбе - видео
Дар доираи ҷашнвораи густурдаи футбол дар шаҳри Душанбе иштирокдорон имкон доштанд, маҳорати худро дар навъҳои гуногуни варзишӣ бисанҷанд
Ҳар иштирокчии ҷашнвораи футбол дар Душанбе имкон дошт, ки маҳорати нишонзании худро озмояду ҷаҳиши худро бо Криштиану Роналду қиёс кунад.
Дар ҷашнвора, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор шуд, навъҳои гуногуни машғулиятҳо пешниҳоди иштирокдорон гардиданд.
Онҳо метавонистанд, маҳораташонро дар голзанӣ зери миз ва дар ҳолати нишаста бисанҷанду ҳунари тӯббозӣ бо пой болои мизро низ сайқал диҳанд.
Ҷашнвораҳо дар варзишгоҳи марказӣ ва ҳамчунин дар майдони Истиқлоли Душанбе баргузор гардиданд.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ низ дар чаҳорчӯби таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фестивали футбол ширкат кард.
Вай ба кӯдакон таманнои онро намуд, ки минбаъд низ ба варзиши дӯстдоштаи худ – футбол машғул шуда, ба қуллаҳои баланди варзишӣ бирасанд.
Мақсади асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаҳои варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол мебошад. Баъди анҷоми фестивал ба иштирокчиён тӯбҳо тақдим карда шуданд.
Чунин чорабинӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон гузаронда шуданд. Ҷашнвораҳои нисбатан бузург дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт баргузор гардид, ки ҳазорҳо нафар дар он иштирок мекунанд.