Футболи “дорову фақир”-и Осиё: тимҳои Тоҷикистонро куҷову чӣ интизор аст?

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонСборная Таджикистана по футболу. Архивное фото
Сборная Таджикистана по футболу. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар пайи тағйироти куллӣ ва табақабандиҳо дар футболи Осиё тимҳои футболи Тоҷикистон фақат дар яке аз мусобиқот ширкат хоҳанд кард.
Душанбе, 18 июн - Sputnik. Конфедеретсияи футболи Осиё дар моҳи декабри соли гузашта тасмим гирифта буд, ки ба ҷои ду се мусобиқаи футболро ба роҳ андозад.
Фаридун Солиев, масъули матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи тағйироте, ки дар низоми мусобиқоти бартари футболи Осиё аз сӯи КФО пеш омад, ду тими тоҷикӣ ширкат хоҳанд кард.
“Яке, “Истиқлол” – и Душанбе ва дигаре, “Равшан”-и Кӯлоб аст, ки соли 2023 аввалӣ мақоми қаҳрамонӣ ва дуввумӣ, суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буданд”, - гуфт Фаридун Солиев.
Дар пайи тағйироти бунёдӣ дар мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё (АFC), ки моҳи декабри соли 2022 ба миён омад, мусобиқоти бартари он аз ду ба се сатҳ афзуда шуд. Агар дар гузашта ду мусобиқа – Лигаи қаҳрамонони Осиё ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё – вуҷуд дошт, ҳол мусобиқаи аввалӣ ба ду –Лигаи нухбагон (элита)-и қаҳрамонони Осиё (ACL Elite) ва Лигаи дуввуми қаҳрамонони Осиё (ACL Two) тақсим шуд ва дуввумӣ ба Лигаи чолиши КФО (AFC Challenge) табдил ёфт.
Голкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2024
Рустам Ятимов расман ба Лигаи бартари Русия гузашт
Кова Тилавпур, раҳбари агентии “КТ”, ки бо интиқол ё трансфери футболбозон машғул аст, мегӯяд, тағйироти ҷадид зоҳиран як гуна табақабандӣ ба тимҳои “дорову нодор” – ро мемонад, аммо дар асл ба зарбулмасали маъмул - “кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз, кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз” – сидқ мекунад, яъне ҳар тим бо тими сатҳи худ бозӣ хоҳад кард.
“Вақте тимҳои кишварҳои арабӣ, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Эрон, Австралия ва ғайра футболбозони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили Криштиану Роналдо, Неймар, Бензема ва дигаронро ҷалб карданд, Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки даст ба чунин иқдом занад. Ин кишварҳо, ки аслан дар Осиёи Ғарбиву Шарқӣ ҷойгиранд, маболиғи ҳангуфте харҷ карда, сатҳи футболи худро боло бурданд, аммо бақия кишварҳои осиёӣ аз чунин имконот ва ҷалби футболбозони сатҳи ҷаҳонӣ бархӯрдор нестанд”, - гуфт Кова Тилавпур.
Вай афзуд, аммо ин ба он маъно нахоҳад буд, ки тимҳои “фақир” аз ширкат дар Лигаи нухбагон маҳрум мемонанд.
“Ҳар тиме, ки ҳатто “фақиртарин” бошад, агар дар Лигаи дуввум ба финал барояд, соли оянда ҳақ дорад, дар Лигаи нухбагон бозӣ кунад. Ё як тим аз Лигаи нухбагон ба Лигаи дуввум ва аз ҳарду ба Лигаи чолиш сууд кунанд. Тавре мегӯянд, майдон аз далер аст”, - гуфт раҳбари агентии “КТ”.
Тибқи тағйироти КФО, дар Лигаи нухбагон 24, Лигаи дуввум – 32 ва Лигаи чолиб – 20, ҷамъ 76 тим дар мусобиқоти футболи Осиё ширкат хоҳанд кард.
Кова Тилавпур мегӯяд, тимҳои Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Равшан” – ба он хотир дар Лигаи дуввуми қаҳрамонони Осиё ширкат мекунанд, ки дар мусобиқоти соли гузаштаи Лигаи қаҳрамонони Осиёи “Истиқлол” имтиёзи заруриро ба даст овард.
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
“Амалан имтиёзи “Истиқлол” имтиёзи Тоҷикистон буд ва дар канори он мувофиқати “Равшан” ба меъёрҳои футболи КФО, аз ҷумла вазъи моливу майдони бозӣ, ин тим низ ба марҳалаи гуруҳии Лигаи дуввум роҳ ёфт”, - гуфт раҳбари агентии “КТ”.
Вай афзуд, дар мавриди мусобиқоти оянда метавон ҳадс зад, ки “Истиқлол” ба дастовардҳое ноил мешавад, чун таҷрибаи кофии ширкат дар ин мусобиқотро дорад, аммо “Равшан” агарчи таҷриба надорад, имкони хубе барои тасбити худро ҳамчун як тими қавӣ пайдо кардааст.
Тибқи иттилои КФО, қуръакашӣ барои се мусобиқаи футболи Осиё моҳи оянда дар шаҳри Куала Лумпури кишвари Малайзия сурат мегирад ва аз моҳи август бозиҳои гурӯҳӣ шуруъ хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба тағйироти ҷадид дар қавоиди бозиҳои КФО, бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Равшан” дар сурати бо муваффақият ширкат кардан дар марҳалаи гуруҳӣ 300 ҳазор, даври 1/16 ниҳоӣ - 80 ҳазор, чаҳорякниҳоӣ – 160 ҳазор, ниманиҳоӣ - 240 ҳазор, ҷойи дуввум – 1 миллион доллар ба даст меоранд ва агар қаҳрамони мусобиқот шаванд соҳиби 2,5 млн доллар мешавад.
Дар умум онҳоро 3 миллиону 280 ҳазор доллар аз КФО интизор аст. Тибқи иттилои КФО, қуръакашӣ барои се мусобиқаи футболи Осиё моҳи оянда дар шаҳри Куала Лумпури кишвари Малайзия сурат мегирад ва аз моҳи август бозиҳои гурӯҳӣ шуруъ хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0