Гармои шадид: Даргузашти се ҳоҷии тоҷик дар ҳаҷ

© AFP 2023 / Fadel SennaВерующие во время Хаджа в Мекке
Верующие во время Хаджа в Мекке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2024
Обуна шудан
Ба иттилои Кумитаи дин маросими ҷанозаи ҳар се марҳум дар Макка баргузор мешавад ва дар ҳамон ҷой ба хок супурда мешаванд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар маъракаи ҳаҷи соли равон се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ даргузаштанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ ин се шаҳрванд зодагони Фархор, шаҳри Душанбе ва Хуҷанд мебошанд..
"Мутаассифона, дар ин сафар се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо марги табиӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот карданд ва тибқи тартиб онҳо дар ҳамон ҷо дафн шуданд", - илова намуданд масъулини Кумита.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, соли равон аз кишвар беш аз 6 ҳазор нафар ба хотири зиёрати хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.
Паломники во время хаджа в Саудовской Аравии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2024
Ҷазо сангин шуд: Ҳушдор ба зоирини тоҷик, ки ғайрирасмӣ ба Ҳаҷ мераванд
Имсол бар асоси қарордоди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 7 ҳазор шаҳрванди кишвар ҳаққи сафар ба зиёрати Хонаи Худоро доштанд.
Имсол арзиши "Ҳаҷ-2024" барои ҳар зоири тоҷик 57 ҳазор сомониро ташкил дод.
Чунин нишондиҳанда дар қиболи соли қаблӣ 2000 сомонӣ камтар аст.
Соли қабл нархи ҳаҷ 59 ва соли 2022 ҳудуди 61 ҳазор сомонӣ ва ё 5350 доллар муайян шуда буд.
Аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон рӯзи 23 июн бармегарданд.
Лентаи хабарҳо
0