Се қадам ба қафо: Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА эълон шуд

Логотип FIFA - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2024
Обуна шудан
Тими миллии футболи Тоҷикистон мавқеяшро дар раддабандии нави ФИФА аз даст дода, дар ҷойи 102 қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik.Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои миллиро нав кард.
Тоҷикистон, дар ин радабандӣ се зина мақеяшро аз даст дода, аз мақоми 99 ба зинаи 102 фаромад.
Тибқи нишондоди FIFA, яккачини Тоҷикистон бо 1217 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст, ки -4,59 хол нисбат ба нашри қаблӣ аст.
Миёни дастаҳои Осиё тими миллии Тоҷикистон дар ҷойи 18-ум қарор дорад.
Яккачини Тоҷикистон пас аз чандин муддат чунин пешравиро зери раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба даст оварда буд.
Дастаи таҳти роҳбарии ӯ моҳи ноябр дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ду бозӣ анҷом дод – дар Душанбе бо тими Урдун мусовӣ (1:1) ва дар Исломобод бар мунтахаби Покистон (6:1) ғалаба намуд.
Ҷашнвораи футбол дар Душанбе ба  таври густурда таҷлил гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Аз футбол зери мизу болои он то ҷаҳиши Роналду: Ҷашнвораи варзишӣ дар Душанбе - видео
Дар кишварҳои дигари Осиёи Маркази Ӯзбекистон ҳамоно пешсаф буда, дар мақоми 62 аст. Қирғизистон бошад, дар зинаи 101, Қазоқистон дар мақоми 109 ва Туркманистон ҷойи 144-ро гирифтааст.
Дар сегонаи беҳтаринҳо Аргентина, Фаронса ва Белгия қарор гирифтаанд.
Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 1621 имтиёз дар зинаи 17-ум ҷой гирифта, Эрон (20) Корея (22) пас аз он қарор гирифтаанд.
Русия бошад, ду зина пеш рафта, бо 1506 имтиёз дар мақоми 33-ум қарор гирифтааст.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дода мешавад.
Қаблан беҳтарин ҷой барои тими миллии Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 99-ум ва пойинтарин сутуне, ки мунтахаби ватанӣ дар он қарор дошт, дар ҷои 180-ум буд.
Дар зинаи 99-ум тими Тоҷикистон моҳи феврали соли 2024 қарор дошт. Дар зинаи поинтарини худ дар радабандиҳо ФИФА Тоҷикистон соли 2003 қарор дошт.
Лентаи хабарҳо
0