https://sputnik.tj/20240622/dushanbe-tasis-markaz-vokunish-bashardustona-spad-tojikiston-1063295405.html
Душанбе таъсиси Маркази вокуниши башардӯстонаи СПАД дар Тоҷикистонро пешниҳод кард
Душанбе таъсиси Маркази вокуниши башардӯстонаи СПАД дар Тоҷикистонро пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз кишварҳои узви СПАД даъват кард, ки дар вилояти Хатлони кишвар Маркази вокуниши башардӯстона таъсис диҳанд
2024-06-22T11:21+0500
2024-06-22T11:21+0500
2024-06-22T11:21+0500
дар тоҷикистон
хатлон
спад
марказ
башардӯстона
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/15/1063293042_58:204:1187:839_1920x0_80_0_0_71f333384ed6a93d281c5830b8469033.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки як Маркази вокуниши башардӯстонаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) таъсис ва дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷойгир карда шавад.Вазири хориҷаи Тоҷикистон ин пешниҳодро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Алмаато матраҳ кард."Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки Маркази вокуниши башардӯстонаи СПАД дар вилояти Хатлон таъсис дода шавад", - гуфт вазир.Вай ҳамчунин қайд кард, ки Душанбе ҷиддитарин чолиш барои кишварҳои Осиёи Марказиро “тарғиби идеологияи харобиовари радикализми динӣ” медонад.Дар ин робита вазир аз пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаккули низоми ҳифзи фазои иттилоотии СПАД ёдовар шуд ва оғози омӯзиши ин иқдом аз сӯи коршиносонро зарур шуморид.Илова бар ин, вазир дар бораи омодагии Тоҷикистон барои баргузории размоиши СПАД "Ҳудуд - 2024" дар соли 2024 таъкид кард.Қаблан котиби матбуотии Ситоди муштараки СПАД Владислав Шегрикович, гуфта буд, ки дар Тоҷикистон вобаста ба ташкили ин машқҳо гуфтушуниди ситодҳо сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20240621/dushanbe-imzoi-barnomai-tahkimi-marz-afghoniston-1063294674.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/15/1063293042_133:120:1122:862_1920x0_80_0_0_36b34d736e531e4ecb24c7f6c2c502ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, марказ, башардӯстона, спад, ҷумҳурӣ, пешниҳод, хатлон
тоҷикистон, марказ, башардӯстона, спад, ҷумҳурӣ, пешниҳод, хатлон
Душанбе таъсиси Маркази вокуниши башардӯстонаи СПАД дар Тоҷикистонро пешниҳод кард
Тоҷикистон аз кишварҳои узви СПАД даъват кард, ки дар вилояти Хатлони кишвар Маркази вокуниши башардӯстона таъсис диҳанд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки як Маркази вокуниши башардӯстонаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) таъсис ва дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷойгир карда шавад.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ин пешниҳодро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Алмаато матраҳ кард.
"Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки Маркази вокуниши башардӯстонаи СПАД дар вилояти Хатлон таъсис дода шавад", - гуфт вазир.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Душанбе ҷиддитарин чолиш барои кишварҳои Осиёи Марказиро “тарғиби идеологияи харобиовари радикализми динӣ” медонад.
Дар ин робита вазир аз пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаккули низоми ҳифзи фазои иттилоотии СПАД ёдовар шуд ва оғози омӯзиши ин иқдом аз сӯи коршиносонро зарур шуморид.
Илова бар ин, вазир дар бораи омодагии Тоҷикистон барои баргузории размоиши СПАД "Ҳудуд - 2024" дар соли 2024 таъкид кард.
Қаблан котиби матбуотии Ситоди муштараки СПАД Владислав Шегрикович, гуфта буд, ки дар Тоҷикистон вобаста ба ташкили ин машқҳо гуфтушуниди ситодҳо сурат гирифт.