https://sputnik.tj/20240622/bozdosht-jarima-rahoi-raisi-nohiya-sughd-qallobi-suistifoda-mansab-1063298887.html
Боздошту ҷарима ва раҳоии собиқ раиси ноҳияе дар Суғд барои қаллобиву сӯистифодаи мансаб
Боздошту ҷарима ва раҳоии собиқ раиси ноҳияе дар Суғд барои қаллобиву сӯистифодаи мансаб
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ раиси ноҳия 36 шабонарӯз дар ҳабси муваққат буд ва пас аз эълони ҳукми додгоҳ ба пардохти ҷарима муваззаф ва раҳо шудааст
2024-06-22T13:52+0500
2024-06-22T13:52+0500
2024-06-22T15:19+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
қарори додгоҳ
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102422/12/1024221203_0:364:1365:1132_1920x0_80_0_0_66fc3641aa39cbdcc5fe8bf260a3305e.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми Қудратзода Тоҳир Толибӣ, собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расуловро содир кардааст.Мавсуф ба иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби масъулони Ожонси мубориза бо фасод дастгир ва алайҳаш бо моддаҳои 247 қисми 4 ва 314 қисми 2 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.Бар асоси қарори додгоҳ, ки нусхаи он дар дастрасии Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, Қудратзода 240 ҳазор сомонӣ ҷарима ва барои панҷ сол аз ҳаққи ишғоли мансаб маҳрум гардид.Номбурда тайи 36 шабонарӯз дар ҳабси муваққат буд ва пас аз эълони ҳукми додгоҳ ба пардохти ҷарима муваззаф ва раҳо шудаастМавсуф аз моҳи январи соли 2020 то январи соли 2024 раиси ин ноҳияи вилояти Суғд буд.Бар пояи иттилоъи Идораи мубориза бо коррпусия, раиси ноҳия дар тули чор соли кориаш дар ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов тавассути миёнравҳо дар чандин ҳолат аз мансабдорон ва сокинони оддӣ ба ваъдаи иҷрои кор даст ба қаллобӣ задааст.Тавре дар парванда дарҷ шудааст, Қудратзода дар чанд маврид аз ваколатҳои мансабии худ суйистифода намуда, барои ба вазифаҳо гуногуни роҳбарӣ таъйин намудани сокинони ноҳия аз онҳо маблағи калони пулӣ гирифтааст.Аз ҷумла моҳи майи соли 2020 аз мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Фарҳод Каримзода барои мусоидат ҳангоми таъин шудан ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов 10 ҳазор доллари ИМА ва барои таъйин кардани Салимҷон Мирмуҳсинов ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия тариқи миёнаравҳо 5 ҳазор доллар гирифтааст. Инчунин дар парванда ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаи замин ҳам дарҷ шудааст.Назари худи собиқ раиси ноҳия ва ҳоло сардори муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и вилояти Суғд то ҳол дақиқ нест.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон чанд дафъа аз Қудратзода хост қазияи руйдодаро шарҳ диҳад, аммо собиқ раиси ноҳия аз шарҳи масъала худро канор гирифт.Аз Маннонзода то ҚудратзодаИн нахустин мавриди боздошти раисони ноҳия дар Суғд нест. Дар гузашта парвандаи Абдусамад Маннонзода, раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ пурсару садо шуда буд.Маннонзода соли 2016, баъди он, ки Оҷонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд дар бораи парвандаи ӯ эълон карданд, аз маҳалли зисташ аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фирор кард. Бо гузашти инак ҳашт сол ӯ, ҳамоно ба тафтишот ҳозир нагардид ва мақомот ҳам ҷиҳати дарёфти собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муваффақ нашуданд.Фирори Маннонзода баъди оғози парвандаи порагирӣАбдусамад Маннонзода, аз соли 2013 то соли 2015 давоми се сол раиси сернуфустарин ноҳия, Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд буд.Оҷонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, соли 2016 баъди аз вазифа барканор шудани Маннонзода эълон кард, ки ӯ ба гирифтан пора дар ҳаҷми махсусан калон даст задааст. Аммо баъди ин эълони расмӣ, Маннонзода ба тафтишот ҳозир нашуда, балки аз маҳалли зисти худ фирор кард.Инак то кунун ба куҷо ғайб задани собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои мақомот норушан мондааст.Бино ба иттилоъи Сафар Салимзода, директори Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд давоми як соли охир дар ин вилоят 419 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 216 нафар ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20240615/padar-pora-ojonsi-kormand-kumita-andoz-dastgir-1063222049.html
https://sputnik.tj/20240611/bozdosht-rais-jamoat-kormand-andoz-talab-poragi-tojikiston-1063175348.html
https://sputnik.tj/20240125/prezident-obuloy-pul-bujai-tojikiston-vaz-tashvuishovar-1061395458.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102422/12/1024221203_0:236:1365:1260_1920x0_80_0_0_0736dddc0379bea6afc741e0e21bab5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздоштуҷарима раҳоӣ раис ноҳия суғд қаллобӣ мансаб
боздоштуҷарима раҳоӣ раис ноҳия суғд қаллобӣ мансаб
Боздошту ҷарима ва раҳоии собиқ раиси ноҳияе дар Суғд барои қаллобиву сӯистифодаи мансаб
13:52 22.06.2024 (Навсозишуда: 15:19 22.06.2024) Эксклюзив
Собиқ раиси ноҳия 36 шабонарӯз дар ҳабси муваққат буд ва пас аз эълони ҳукми додгоҳ ба пардохти ҷарима муваззаф ва раҳо шудааст
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми Қудратзода Тоҳир Толибӣ, собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расуловро содир кардааст.
Мавсуф ба иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби масъулони Ожонси мубориза бо фасод дастгир ва алайҳаш бо моддаҳои 247 қисми 4 ва 314 қисми 2 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Бар асоси қарори додгоҳ, ки нусхаи он дар дастрасии Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, Қудратзода 240 ҳазор сомонӣ ҷарима ва барои панҷ сол аз ҳаққи ишғоли мансаб маҳрум гардид.
Номбурда тайи 36 шабонарӯз дар ҳабси муваққат буд ва пас аз эълони ҳукми додгоҳ ба пардохти ҷарима муваззаф ва раҳо шудааст
Мавсуф аз моҳи январи соли 2020 то январи соли 2024 раиси ин ноҳияи вилояти Суғд буд.
Бар пояи иттилоъи Идораи мубориза бо коррпусия, раиси ноҳия дар тули чор соли кориаш дар ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов тавассути миёнравҳо дар чандин ҳолат аз мансабдорон ва сокинони оддӣ ба ваъдаи иҷрои кор даст ба қаллобӣ задааст.
Тавре дар парванда дарҷ шудааст, Қудратзода дар чанд маврид аз ваколатҳои мансабии худ суйистифода намуда, барои ба вазифаҳо гуногуни роҳбарӣ таъйин намудани сокинони ноҳия аз онҳо маблағи калони пулӣ гирифтааст.
Аз ҷумла моҳи майи соли 2020 аз мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Фарҳод Каримзода барои мусоидат ҳангоми таъин шудан ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов 10 ҳазор доллари ИМА ва барои таъйин кардани Салимҷон Мирмуҳсинов ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия тариқи миёнаравҳо 5 ҳазор доллар гирифтааст.
Инчунин дар парванда ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаи замин ҳам дарҷ шудааст.
Назари худи собиқ раиси ноҳия ва ҳоло сардори муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и вилояти Суғд то ҳол дақиқ нест.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон чанд дафъа аз Қудратзода хост қазияи руйдодаро шарҳ диҳад, аммо собиқ раиси ноҳия аз шарҳи масъала худро канор гирифт.
Аз Маннонзода то Қудратзода
Ин нахустин мавриди боздошти раисони ноҳия дар Суғд нест. Дар гузашта парвандаи Абдусамад Маннонзода, раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ пурсару садо шуда буд.
Маннонзода соли 2016, баъди он, ки Оҷонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд дар бораи парвандаи ӯ эълон карданд, аз маҳалли зисташ аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фирор кард.
Бо гузашти инак ҳашт сол ӯ, ҳамоно ба тафтишот ҳозир нагардид ва мақомот ҳам ҷиҳати дарёфти собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муваффақ нашуданд.
Фирори Маннонзода баъди оғози парвандаи порагирӣ
Абдусамад Маннонзода, аз соли 2013 то соли 2015 давоми се сол раиси сернуфустарин ноҳия, Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд буд.
Оҷонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, соли 2016 баъди аз вазифа барканор шудани Маннонзода эълон кард, ки ӯ ба гирифтан пора дар ҳаҷми махсусан калон даст задааст. Аммо баъди ин эълони расмӣ, Маннонзода ба тафтишот ҳозир нашуда, балки аз маҳалли зисти худ фирор кард.
Инак то кунун ба куҷо ғайб задани собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои мақомот норушан мондааст.
Бино ба иттилоъи Сафар Салимзода, директори Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд давоми як соли охир дар ин вилоят 419 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбати 216 нафар ба қайд гирифта шудааст.