https://sputnik.tj/20240615/padar-pora-ojonsi-kormand-kumita-andoz-dastgir-1063222049.html
Аз падараш пора гирифт: Оҷонсӣ боз як корманди Кумитаи андозро дастгир кард
Аз падараш пора гирифт: Оҷонсӣ боз як корманди Кумитаи андозро дастгир кард
Sputnik Тоҷикистон
Ин дуввумин ҳолат, тайи як ҳафтаи охир аст, ки корманди Нозироти андози шаҳри Ваҳдат аз ҷониби мақомот барои сӯистифода аз мансаб дастгир мешавад
2024-06-15T11:45+0500
2024-06-15T11:45+0500
2024-06-15T11:45+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии мубориза зидди коррупсия
боздошт
кумитаи андоз
пора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/18/1024701804_0:270:5184:3186_1920x0_80_0_0_cd97595dc5999656e2e4288b809181b8.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти С.К. як корманди андоз дар шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки бо иттиҳоми сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.Баит тилои дафтари матбуотии оҷонсӣ, датгиршуда дар вазифаи мутахассиси шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии Нозироти андози шаҳр кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи даст ба чунин аъмол задааст.Гуфта мешавад, ки корманди андоз барои омода карда додани маълумотнома оиди қарздор набудани падараш аз андози замин маблағи 4000 сомониро ба сифати пора талаб карда гирифт.Оҷонсӣ мегӯяд, ки С.К. ҳамчунин дар ҳамшарикӣ барои порагирӣ дар як ҳолати дигар бо сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кадри КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат Р. Т. муттаҳам мешавад.Таъкид шудааст, ки онҳо аз шаҳрванд А.Р. барои омода намудани як қатор ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи истифодабарии замин маблағи 7200 сомонӣ талаб намуданд.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудаҳо, аввали бо моддаҳои 319 қисми 1 ва 36 қисмҳои 3 ва 5 - 247 қисми 2 бандҳои “в,г” ва алайҳи дуввуми бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он ба суд ирсол гардидааст.Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун дақиқ нест.Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.Моддаҳои аввалия, ҳамширкатӣ дар ҷиноят ва талаби пора аз ҳангоми дар мақоми мансабӣ буда, беш аз 650 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё ба мӯҳлати то панҷ сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод чанд рӯз қабл корманди дигари нозироти андози шаҳри Ваҳдатро низ бо иттиҳоми порагирӣ боздошт карда буд.
https://sputnik.tj/20240611/bozdosht-rais-jamoat-kormand-andoz-talab-poragi-tojikiston-1063175348.html
https://sputnik.tj/20240206/bozdosht-rahbar-muhosib-shirkat-sipar-kom-millionho-zarar-davlat-1061579717.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/18/1024701804_288:0:4896:3456_1920x0_80_0_0_28f0a2baeed8db5747e0e838f9ffd08c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
падар пора оҷонсӣ корманд андозро дастгир
падар пора оҷонсӣ корманд андозро дастгир
Аз падараш пора гирифт: Оҷонсӣ боз як корманди Кумитаи андозро дастгир кард
Ин дуввумин ҳолат, тайи як ҳафтаи охир аст, ки корманди Нозироти андози шаҳри Ваҳдат аз ҷониби мақомот барои сӯистифода аз мансаб дастгир мешавад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти С.К. як корманди андоз дар шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки бо иттиҳоми сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Баит тилои дафтари матбуотии оҷонсӣ, датгиршуда дар вазифаи мутахассиси шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии Нозироти андози шаҳр кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи даст ба чунин аъмол задааст.
Гуфта мешавад, ки корманди андоз барои омода карда додани маълумотнома оиди қарздор набудани падараш аз андози замин маблағи 4000 сомониро ба сифати пора талаб карда гирифт.
Оҷонсӣ мегӯяд, ки С.К. ҳамчунин дар ҳамшарикӣ барои порагирӣ дар як ҳолати дигар бо сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кадри КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат Р. Т. муттаҳам мешавад.
Таъкид шудааст, ки онҳо аз шаҳрванд А.Р. барои омода намудани як қатор ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи истифодабарии замин маблағи 7200 сомонӣ талаб намуданд.
"Дар натиҷа С.К. ва Р.Т. зимни гирифтани ин миқдор маблағ аз шаҳрванд А.Р. дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир карда шуданд",- афзудааст манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудаҳо, аввали бо моддаҳои 319 қисми 1 ва 36 қисмҳои 3 ва 5 - 247 қисми 2 бандҳои “в,г” ва алайҳи дуввуми бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он ба суд ирсол гардидааст.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Моддаҳои аввалия, ҳамширкатӣ дар ҷиноят ва талаби пора аз ҳангоми дар мақоми мансабӣ буда, беш аз 650 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё ба мӯҳлати то панҷ сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод чанд рӯз қабл корманди дигари нозироти андози шаҳри Ваҳдатро низ бо иттиҳоми порагирӣ боздошт карда буд.