https://sputnik.tj/20240621/isroilro-ba-sui-falokat-tela-medihand-1063283801.html
Исроилро ба сӯи фалокат тела медиҳанд
Исроилро ба сӯи фалокат тела медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Артиши Исроил "нақшаи ҳуҷуми ҳарбиро дар Лубнон" маъқул донист. Маълум мешавад, ки мо дар остонаи табдил ёфтани амалиёт дар Ғазза ба ҷанги густарда дар Ховари Миёна қарор дорем?
2024-06-21T12:01+0500
2024-06-21T12:01+0500
2024-06-21T12:01+0500
исроил
ғазза
лубнон
има
ҷанг
фалокат
эрон
ҳамос
ҳизбуллоҳ
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/15/1063287146_0:58:3072:1786_1920x0_80_0_0_9249b75e1af2535226c3b04d2e2bcd49.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Ҳашт моҳ боз дар бораи ҳамлаи Исроил ба Лубнон гуфта мешавад, аммо ҳоло эҳтимоли воқеии ин кор афзоиш ёфтааст. Артиши Исроил ва Ҳизбуллоҳ давоми ин муддат қаламрави ҳамдигарро тирборон мекарданд ва Исроил пайваста таҳдид мекунад, ки ҳамла хоҳад кард. Бо вуҷуди ин, эҳтимоли оғози ҳамла дар шимол пеш аз анҷоми амалиёти ҷангӣ дар ҷануб, дар навори Ғазза, ҳамеша ночиз ба назар мерасид - сарфи назар аз он, ки Исроил дар Ғазза асосан амалиёти бомбгузорӣ ва муҷозотӣ анҷом медиҳад ва барои Нетаняҳу ҷанг дар ду ҷабҳа қулай набуд.Аммо ҳафтаҳои ахир билохира маълум шуд, ки сухан дар бораи “ғалаба дар Ғазза” пуч аст ва ҲАМОС нест нахоҳад шуд. Ахиран кобинаи ба истилоҳ ҷангии Нетаняҳу фурӯ рехт ва фишори ИМА дар маҷбур кардани Исроил ба хатми амалиёти Ғазза ба ҳадди аксар расидааст. Аммо Нетанҳу ҳеҷ ҷое барои ақибнишинӣ надорад: поёни амалиёти ҷангӣ бо бастани созиши оташбас ва оғози музокирот дар бораи ояндаи Ғазза оғози поёни на танҳо сарвазирии ӯ, балки поёни фаъолияти сиёсии ӯ хоҳад буд ва эҳтимол поёни ҳаёти ӯ дар озодӣ. Бисёриҳо боварӣ доранд, ки дар ин вазъ Нетаняҳу охирин қартаи худро истифода хоҳад кард: ӯ ба амалиёти низомӣ алайҳи Лубнон шурӯъ мекунад.Аз ин рӯ, изҳороти рӯзҳои ахир бояд ҷиддӣ гирифта шавад - пас аз он, ки Ҳизбуллоҳ ба наздикӣ видеоеро нашр кард, ки дар он низомиёни исроилӣ ва иншоот аз ҳавопаймои бесарнишин (аз ҷумла дар канори Ҳайфа, ки дар он ҷо корхонаҳои низомии Исроил ҷойгиранд) нишон дода шудаанд, шиддати таҳдидҳои Исроил боз хам бештар афзоиш ёфтааст. Вазири умури хориҷаи Исроил Исраэл Катз гуфт, ҳар гуна ҳамла ба Ҳайфа паёмадҳои глобалӣ хоҳад дошт: "Мо ба тасмими тағйир додани қоидаҳои бозӣ алайҳи Ҳизбуллоҳ ва Лубнон хеле наздик ҳастем. Дар ҷанги ҳамаҷониба Ҳизбуллоҳ нобуд хоҳад шуд ва Лубнон бераҳмона кӯфта мешавад".Вазири исроилӣ дар бораи чизҳои ношуданӣ мегӯяд: Исроил наметавонад, ки Ҳизбуллоҳро нест кунад. Ҳатто бар Ҳамос дар Ғазза тайи ҳашт моҳ ғолиб шуда натавонист, ҳол он ки ин амалиёт алайҳи сохторҳои партизанӣ буд, ки дифоъи ҳавоӣ, тӯпҳо ва силоҳи вазнин надоранд. Ҳизбуллоҳ ба маротиб тавонотар аст ва ҷанг бо он барои Исроил фалокат хоҳад буд. Артиши Исроил метавонад иншооти бисёреро дар Лубнон бомбборон кунад, аммо бе талафоти калон ба даруни қаламрави Лубнон пеш рафта наметавонад. Дар баробари cap шудани ҳуҷуми Исроил ба Лубнон тирборон кардани шаҳрҳои Исроил хеле пурзуртар мешавад, дар байни ахолии осоиштаи Исроил ҳам талафот зиёдтар хохад шуд. Ҳамаи ин вазъиятро дар кишвар хоҳад тарконд ва ба дар ҳар ҳол ба суқути Нетаняҳу оварда мерасонад. Пас чаро Телавив бо оташ бозӣ мекунад?Барои он, ки умедвор аст, ки Иёлоти Муттаҳидаро ба низоъ мекашад. Онҳо умедворанд, ки баробари сар шудани амалиёти ҷангӣ ва марги ғайринизомиёни Исроил, Амрико дахолат карда, ба нерӯҳои худ амр хоҳад дод, ки артиши Исроилро дастгирӣ кунанд. Ҳамлаҳои азими мушакӣ ва бомбборони Лубнон, ё ҳатто фуруди десанти Амрико оғоз мешаванд. Ҳизбуллоҳ нобуд нахоҳад шуд, балки талафоти хеле зиёд хоҳад дод ва маҷбур мешавад, ки сулҳ ва оташбасро талаб кунад.Нақша оддӣ, вале комилан ғайривоқеист. Танҳо аз он сабаб, ки Амрико ба таври қатъӣ дар ҷанг бо Ҳизбуллоҳ иштирок кардан намехоҳад - маъмурияти Байден ҳам бо сабабҳои сиёсии дохилӣ ба ин ниёз надорад (интихобот торафт наздик аст ва овозҳоро набояд талаф дод ) ва ҳам бо сабабҳои сиёсати берунӣ. Оғози ҷанги байни Исроил ва Лубнон (ва маҳз ҳамин тавр дар саросари ҷаҳон қабул хоҳад шуд) ба нуфузи бе ин ҳам ба таври қобили мулоҳиза заифшудаи Амрико дар ҷаҳони ислом зарбаи сахт хоҳад зад: онҳо аз Иёлоти Муттаҳида фишори воқеиро ба интизор хоҳанд шуд, ки Исроил тачовузро бас кунад ва агар инро набинанд, ИМА-ро ба он айбдор мекунад, ки бо тачовузкор як аст. Яъне, ҳатто бидуни иштироки мустақим дар ҳамлаи Исроил, Иёлоти Муттаҳида хеле талаф хоҳад дод ва агар шуду Исроилро дар амалиёти низомӣ дастгирӣ кунад, он гоҳ Вашингтон метавонад сафоратхонаҳоро дар кишварҳои арабӣ бибандад.Ва мо ҳатто дар бораи он чиз намегӯем, ки ҳамлаи Исроил ба Лубнон имконоти сар задани ҷанги саросари минтақа, яъне вуруди Эронро ба он башиддат афзоиш хоҳад дод. Ва ин аллакай на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон оқибатҳои комилан пешгӯинашаванда дорад.Маълум мешавад, ки ҳамлаи Исроил ба Лубнон ба ҷуз Нетаняҳу ба касе лозим нест ва ҳатто барои ӯ ин танҳо дар шароити комилан ғайривоқеӣ қобили қабул аст. Ва аммо ин метавонад рӯй диҳад? Бале, метавонад - гарчанде ки эҳтимолияти чунин натиҷа аз чанд фоиз зиёд нест. Исроил як бозии хатарноктаринеро пеш гирифтааст, ки оқибатҳои даҳшатнок дорад ва вақте ки шиддат авҷ мегирад, хатари табдилёбии он ба озмоиши худкушӣ зиёд мегардад. Роҳи хуби раҳоӣ аз амалиёти Ғазза барои Нетаняҳу вуҷуд надорад - ҳоло танҳо савол ин аст, ки ӯ кишварашро бо худ то куҷо кашола хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20240620/sarnavishti-jahon-intikhoboti-amriko-hal--1063269018.html
https://sputnik.tj/20240615/piruzii-gharb-bar-rusiya-murda-1063217941.html
исроил
ғазза
лубнон
има
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Пётр Акопов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/41/1031084122_0:0:150:150_100x100_80_0_0_45d14661a985ebab2262c07eb54ffecb.jpg
Пётр Акопов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/41/1031084122_0:0:150:150_100x100_80_0_0_45d14661a985ebab2262c07eb54ffecb.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/15/1063287146_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_a3fe5ccef917b45d0778b5d4ab4317ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Пётр Акопов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/41/1031084122_0:0:150:150_100x100_80_0_0_45d14661a985ebab2262c07eb54ffecb.jpg
исроил, ғазза, ҳамос, ҷанг, лубнон, има, сутуннигор
исроил, ғазза, ҳамос, ҷанг, лубнон, има, сутуннигор
Исроилро ба сӯи фалокат тела медиҳанд
Артиши Исроил "нақшаи ҳуҷуми ҳарбиро ба Лубнон" маъқул донист. Маълум мешавад, ки мо дар остонаи табдил ёфтани амалиёт дар Ғазза ба ҷанги густарда дар Ховари Миёна қарор дорем?
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Ҳашт моҳ боз дар бораи ҳамлаи Исроил ба Лубнон гуфта мешавад, аммо ҳоло эҳтимоли воқеии ин кор афзоиш ёфтааст.
Артиши Исроил ва Ҳизбуллоҳ давоми ин муддат қаламрави ҳамдигарро тирборон мекарданд ва Исроил пайваста таҳдид мекунад, ки ҳамла хоҳад кард.
Бо вуҷуди ин, эҳтимоли оғози ҳамла дар шимол пеш аз анҷоми амалиёти ҷангӣ дар ҷануб, дар навори Ғазза, ҳамеша ночиз ба назар мерасид - сарфи назар аз он, ки Исроил дар Ғазза асосан амалиёти бомбгузорӣ ва муҷозотӣ анҷом медиҳад ва барои Нетаняҳу ҷанг дар ду ҷабҳа қулай набуд.
Аммо ҳафтаҳои ахир билохира маълум шуд, ки сухан дар бораи “ғалаба дар Ғазза” пуч аст ва ҲАМОС нест нахоҳад шуд. Ахиран кобинаи ба истилоҳ ҷангии Нетаняҳу фурӯ рехт ва фишори ИМА дар маҷбур кардани Исроил ба хатми амалиёти Ғазза ба ҳадди аксар расидааст. Аммо Нетанҳу ҳеҷ ҷое барои ақибнишинӣ надорад: поёни амалиёти ҷангӣ бо бастани созиши оташбас ва оғози музокирот дар бораи ояндаи Ғазза оғози поёни на танҳо сарвазирии ӯ, балки поёни фаъолияти сиёсии ӯ хоҳад буд ва эҳтимол поёни ҳаёти ӯ дар озодӣ. Бисёриҳо боварӣ доранд, ки дар ин вазъ Нетаняҳу охирин қартаи худро истифода хоҳад кард: ӯ ба амалиёти низомӣ алайҳи Лубнон шурӯъ мекунад.
Аз ин рӯ, изҳороти рӯзҳои ахир бояд ҷиддӣ гирифта шавад - пас аз он, ки Ҳизбуллоҳ ба наздикӣ видеоеро нашр кард, ки дар он низомиёни исроилӣ ва иншоот аз ҳавопаймои бесарнишин (аз ҷумла дар канори Ҳайфа, ки дар он ҷо корхонаҳои низомии Исроил ҷойгиранд) нишон дода шудаанд, шиддати таҳдидҳои Исроил боз хам бештар афзоиш ёфтааст.
Вазири умури хориҷаи Исроил Исраэл Катз гуфт, ҳар гуна ҳамла ба Ҳайфа паёмадҳои глобалӣ хоҳад дошт: "Мо ба тасмими тағйир додани қоидаҳои бозӣ алайҳи Ҳизбуллоҳ ва Лубнон хеле наздик ҳастем. Дар ҷанги ҳамаҷониба Ҳизбуллоҳ нобуд хоҳад шуд ва Лубнон бераҳмона кӯфта мешавад".
Вазири исроилӣ дар бораи чизҳои ношуданӣ мегӯяд: Исроил наметавонад, ки Ҳизбуллоҳро нест кунад. Ҳатто бар Ҳамос дар Ғазза тайи ҳашт моҳ ғолиб шуда натавонист, ҳол он ки ин амалиёт алайҳи сохторҳои партизанӣ буд, ки дифоъи ҳавоӣ, тӯпҳо ва силоҳи вазнин надоранд. Ҳизбуллоҳ ба маротиб тавонотар аст ва ҷанг бо он барои Исроил фалокат хоҳад буд.
Артиши Исроил метавонад иншооти бисёреро дар Лубнон бомбборон кунад, аммо бе талафоти калон ба даруни қаламрави Лубнон пеш рафта наметавонад. Дар баробари cap шудани ҳуҷуми Исроил ба Лубнон тирборон кардани шаҳрҳои Исроил хеле пурзуртар мешавад, дар байни ахолии осоиштаи Исроил ҳам талафот зиёдтар хохад шуд. Ҳамаи ин вазъиятро дар кишвар хоҳад тарконд ва ба дар ҳар ҳол ба суқути Нетаняҳу оварда мерасонад. Пас чаро Телавив бо оташ бозӣ мекунад?
Барои он, ки умедвор аст, ки Иёлоти Муттаҳидаро ба низоъ мекашад. Онҳо умедворанд, ки баробари сар шудани амалиёти ҷангӣ ва марги ғайринизомиёни Исроил, Амрико дахолат карда, ба нерӯҳои худ амр хоҳад дод, ки артиши Исроилро дастгирӣ кунанд. Ҳамлаҳои азими мушакӣ ва бомбборони Лубнон, ё ҳатто фуруди десанти Амрико оғоз мешаванд. Ҳизбуллоҳ нобуд нахоҳад шуд, балки талафоти хеле зиёд хоҳад дод ва маҷбур мешавад, ки сулҳ ва оташбасро талаб кунад.
Нақша оддӣ, вале комилан ғайривоқеист. Танҳо аз он сабаб, ки Амрико ба таври қатъӣ дар ҷанг бо Ҳизбуллоҳ иштирок кардан намехоҳад - маъмурияти Байден ҳам бо сабабҳои сиёсии дохилӣ ба ин ниёз надорад (интихобот торафт наздик аст ва овозҳоро набояд талаф дод ) ва ҳам бо сабабҳои сиёсати берунӣ.
Оғози ҷанги байни Исроил ва Лубнон (ва маҳз ҳамин тавр дар саросари ҷаҳон қабул хоҳад шуд) ба нуфузи бе ин ҳам ба таври қобили мулоҳиза заифшудаи Амрико дар ҷаҳони ислом зарбаи сахт хоҳад зад: онҳо аз Иёлоти Муттаҳида фишори воқеиро ба интизор хоҳанд шуд, ки Исроил тачовузро бас кунад ва агар инро набинанд, ИМА-ро ба он айбдор мекунад, ки бо тачовузкор як аст. Яъне, ҳатто бидуни иштироки мустақим дар ҳамлаи Исроил, Иёлоти Муттаҳида хеле талаф хоҳад дод ва агар шуду Исроилро дар амалиёти низомӣ дастгирӣ кунад, он гоҳ Вашингтон метавонад сафоратхонаҳоро дар кишварҳои арабӣ бибандад.
Ва мо ҳатто дар бораи он чиз намегӯем, ки ҳамлаи Исроил ба Лубнон имконоти сар задани ҷанги саросари минтақа, яъне вуруди Эронро ба он башиддат афзоиш хоҳад дод. Ва ин аллакай на танҳо барои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон оқибатҳои комилан пешгӯинашаванда дорад.
Маълум мешавад, ки ҳамлаи Исроил ба Лубнон ба ҷуз Нетаняҳу ба касе лозим нест ва ҳатто барои ӯ ин танҳо дар шароити комилан ғайривоқеӣ қобили қабул аст. Ва аммо ин метавонад рӯй диҳад? Бале, метавонад - гарчанде ки эҳтимолияти чунин натиҷа аз чанд фоиз зиёд нест. Исроил як бозии хатарноктаринеро пеш гирифтааст, ки оқибатҳои даҳшатнок дорад ва вақте ки шиддат авҷ мегирад, хатари табдилёбии он ба озмоиши худкушӣ зиёд мегардад. Роҳи хуби раҳоӣ аз амалиёти Ғазза барои Нетаняҳу вуҷуд надорад - ҳоло танҳо савол ин аст, ки ӯ кишварашро бо худ то куҷо кашола хоҳад кард.