https://sputnik.tj/20240618/sathi-kam-dollar-digar-asori-iiao-nest-1063244412.html
Дар сатҳи кам: Доллар дигар асъори ИИАО нест
Дар сатҳи кам: Доллар дигар асъори ИИАО нест
Sputnik Тоҷикистон
Истифодаи доллар дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар давоми 10 соли охир, аз соли 2014 сар карда, ба ҳадди пасттарин расид
2024-06-18T09:36+0500
2024-06-18T09:36+0500
2024-06-18T09:36+0500
русия
дар русия
ииао
доллар
арзиши асъор
рубл
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103152/89/1031528954_0:45:3074:1774_1920x0_80_0_0_031b4956e1cee28e1bbfe4eb8c6a49c6.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Соли 2023 ҳиссаи доллари ИМА дар сохтори асъории пардохтҳо барои содирот ва воридоти молу хизматрасониҳо байни кишварҳои узви ИИАО ҳамагӣ 10,6%-ро ташкил дод, иттилоъ додааст Комиссиияи иқтисодии АвруОсиё.Новобаста аз он, ки аз замони таъсиси ИИАО масъалаи ҷорӣ кардани асъори ягонаи пардохтӣ матраҳ аст, доллари ИМА ҳамеша дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил байни кишварҳои Иттиҳодия нақши муҳим бозидааст. Ҳамин тариқ, дар соли 2014 доллар 26,3%-и тамоми пардохтҳоро ташкил дод.Ин замони "тиллоӣ"-и пули амрикоӣ буд. Пас аз он, пардохтҳои доллар ду мавҷи коҳишро аз сар гузарониданд.Аввалин бор дар солҳои 2015-2017 то 18,3% коҳиш ёфт. Сипас, дар солҳои аз 2018 то 2020 то 20% мавқеъро барқарор кард, аммо аллакай дар соли 2022 мавҷи дуюми даст кашидан аз доллар дар ҳисобҳои кишварҳои ИИАО оғоз ёфт.Дар пасманзари коҳиши саҳми доллар дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил миёни кишварҳои ИИАО, нақши пулҳои миллӣ дар пардохтҳо байни кишварҳои узв афзоиш ёфт. Дар соли 2023 ҳиссаи онҳо ба 84,6% расид.Мавқеи пешсафро рубли русӣ ишғол намуда, 81,3%-и пардохтҳоро ташкил медиҳад.Аммо на танҳо пардохт барои содирот ва воридот бо рубл зиёд шудааст. Пардохтҳои танга дар давоми сол 0,7 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ҳиссаи драми арманӣ ва соми қирғизӣ низ ба 0,1% афзоиш ёфт. Гузашта аз ин, дар давраи аз соли 2020 то соли 2022 ҳисоббаробаркуниҳо бо ин асъорҳо умуман сурат нагирифтаанд.Ҳиссаи асъорҳои дигар низ аз 0,9% то 2,1% афзоиш ёфт.Коҳиши саҳми пардохтҳои доллар дар тиҷорати мутақобилаи кишварҳои ИИАО асосан ба Русия вобаста аст. Чун Русия яке аз шарики асосии тиҷории кишварҳои ИИАО мебошад. Мавҷи дуюми даст кашидан аз доллар бо ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия дар робита ба оғози амалиёти вижа дар Украина рост омад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеҳ Хазинаи байналмилалии асъор аз коҳиши хариди доллар аз сӯи бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон хабар дод.
https://sputnik.tj/20240615/hamkoriho-mintaqaho-kishvarho-iiao-sath-nav-1063225872.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103152/89/1031528954_343:0:3074:2048_1920x0_80_0_0_615c586b63fcbf7285829ebc0864a27d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, доллар, рубл, асъор, иқтисод, молия
ииао, русия, доллар, рубл, асъор, иқтисод, молия
Дар сатҳи кам: Доллар дигар асъори ИИАО нест
Истифодаи доллар дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар давоми 10 соли охир, аз соли 2014 сар карда, ба ҳадди пасттарин расид
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Соли 2023 ҳиссаи доллари ИМА дар сохтори асъории пардохтҳо барои содирот ва воридоти молу хизматрасониҳо байни кишварҳои узви ИИАО ҳамагӣ 10,6%-ро ташкил дод, иттилоъ додааст Комиссиияи иқтисодии АвруОсиё.
Новобаста аз он, ки аз замони таъсиси ИИАО масъалаи ҷорӣ кардани асъори ягонаи пардохтӣ матраҳ аст, доллари ИМА ҳамеша дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил байни кишварҳои Иттиҳодия нақши муҳим бозидааст. Ҳамин тариқ, дар соли 2014 доллар 26,3%-и тамоми пардохтҳоро ташкил дод.
Ин замони "тиллоӣ"-и пули амрикоӣ буд. Пас аз он, пардохтҳои доллар ду мавҷи коҳишро аз сар гузарониданд.
Аввалин бор дар солҳои 2015-2017 то 18,3% коҳиш ёфт. Сипас, дар солҳои аз 2018 то 2020 то 20% мавқеъро барқарор кард, аммо аллакай дар соли 2022 мавҷи дуюми даст кашидан аз доллар дар ҳисобҳои кишварҳои ИИАО оғоз ёфт.
Дар пасманзари коҳиши саҳми доллар дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил миёни кишварҳои ИИАО, нақши пулҳои миллӣ дар пардохтҳо байни кишварҳои узв афзоиш ёфт. Дар соли 2023 ҳиссаи онҳо ба 84,6% расид.
Мавқеи пешсафро рубли русӣ ишғол намуда, 81,3%-и пардохтҳоро ташкил медиҳад.
Аммо на танҳо пардохт барои содирот ва воридот бо рубл зиёд шудааст. Пардохтҳои танга дар давоми сол 0,7 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ҳиссаи драми арманӣ ва соми қирғизӣ низ ба 0,1% афзоиш ёфт. Гузашта аз ин, дар давраи аз соли 2020 то соли 2022 ҳисоббаробаркуниҳо бо ин асъорҳо умуман сурат нагирифтаанд.
Ҳиссаи асъорҳои дигар низ аз 0,9% то 2,1% афзоиш ёфт.
Коҳиши саҳми пардохтҳои доллар дар тиҷорати мутақобилаи кишварҳои ИИАО асосан ба Русия вобаста аст. Чун Русия яке аз шарики асосии тиҷории кишварҳои ИИАО мебошад. Мавҷи дуюми даст кашидан аз доллар бо ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия дар робита ба оғози амалиёти вижа дар Украина рост омад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеҳ Хазинаи байналмилалии асъор аз коҳиши хариди доллар аз сӯи бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон хабар дод.