https://sputnik.tj/20231104/rushd-futbol-muloqot-rustami-emomali-1060321887.html
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раисони ВМКБ, Суғду Хатлон ва роҳбарони як қатор идораҳо рушди футболро баррасӣ намуд
2023-11-04T09:01+0500
2023-11-04T09:01+0500
2023-11-04T09:01+0500
дар тоҷикистон
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дастгирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060281406_132:157:1268:796_1920x0_80_0_0_39ca60fcb20671b767d36110533a4b53.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Президенти ФФт, Рустами Эмомалӣ вазъи варзишгоҳҳо ва зерсохтори футбол дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриро интиқод кард. Ба иттилои ФФТ, Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо масъулин аз ҷумла аз тарки лигаи олӣ кардани "Регар-ТадАЗ" ва "Хатлон" нигаронӣ кард. Ӯ зикр намудаст, ки замоне "Регар-ТадАЗ" рақиби асосии "Истиқлол" барои медалҳои тилло буд. Вай ҳамчунин аз тими Бохтар низ чун дастаи дорои мактаби хуб хонд, ки ҳамакнун номуваффақ шудааст. "Моро лозим аст, ки барои мухлисон шароит муҳайё созем ва шомгоҳон бозиҳои чемпионати Тоҷикистонро баргузор кунем", – қайд кард роҳбари ФФТ. Қабл аз оғози мавсими навбатии футбол дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳҳои "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд, "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар, Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ва "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода чароғҳо насб карда шаванд. Роҳбари ФФТ ҳамчунин дастур дод, ки барои ҷалби мухлисон ба варзишгоҳҳо ва ташкили бозиҳои шавқовар барои ҳавасмандии онҳо дар бозиҳои чемпионат чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Рустами Эмомалӣ аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, тоҷирон ва хайрхоҳон даъват кард, ки ба рушди футбол дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, на танҳо бошгоҳҳо, балки дастаҳои футзал, ҷавонон ва занонаро низ дастгирӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20231103/regar-tadaz-liga-oli-1060302592.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/01/1060281406_181:62:1235:853_1920x0_80_0_0_6e357cddb01d999c4771a0f0b856a9d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ, дастур, футбол, рушд, баррасӣ
рустами эмомалӣ, дастур, футбол, рушд, баррасӣ
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Шаҳрдори Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раисони ВМКБ, Суғду Хатлон ва роҳбарони як қатор идораҳо рушди футболро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Президенти ФФт, Рустами Эмомалӣ вазъи варзишгоҳҳо ва зерсохтори футбол дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриро интиқод кард.
Ба иттилои ФФТ, Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо масъулин аз ҷумла аз тарки лигаи олӣ кардани "Регар-ТадАЗ" ва "Хатлон" нигаронӣ кард.
Ӯ зикр намудаст, ки замоне "Регар-ТадАЗ" рақиби асосии "Истиқлол" барои медалҳои тилло буд.
"Ҳоло яке аз бошгоҳҳои серҷоизатарини кишвар ба лигаи якуми Тоҷикистон меравад – ин барои роҳбарияти "Регар-ТадАЗ" ва "ТАЛКО" хеле бад ва баҳои паст аст", – гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин аз тими Бохтар низ чун дастаи дорои мактаби хуб хонд, ки ҳамакнун номуваффақ шудааст.
"Моро лозим аст, ки барои мухлисон шароит муҳайё созем ва шомгоҳон бозиҳои чемпионати Тоҷикистонро баргузор кунем", – қайд кард роҳбари ФФТ.
Қабл аз оғози мавсими навбатии футбол дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳҳои "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд, "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар, Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ва "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода чароғҳо насб карда шаванд.
Роҳбари ФФТ ҳамчунин дастур дод, ки барои ҷалби мухлисон ба варзишгоҳҳо ва ташкили бозиҳои шавқовар барои ҳавасмандии онҳо дар бозиҳои чемпионат чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Рустами Эмомалӣ аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, тоҷирон ва хайрхоҳон даъват кард, ки ба рушди футбол дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, на танҳо бошгоҳҳо, балки дастаҳои футзал, ҷавонон ва занонаро низ дастгирӣ намоянд.