Рустам Ятимов расман ба Лигаи бартари Русия гузашт

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонГолкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов
Голкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2024
Обуна шудан
Маблағи гузариши дарвозабони тими миллии Тоҷикистон аз "Истиқлол"-и Душанбе ба тими "Ростов" зиёда аз 250 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Гаронтарин дарвозабони минтақаи Осиёи Миёна, Рустам Ятимов аз "Истиқлол" ба "Ростов" гузариш анҷом дод.
Дастаи футболи "Истиқлол" ва намояндаи Лигаи Бартари Русия КФ "Ростов" созишнома дар бораи гузариши дарвозабон Рустам Ятимовро ба дастаи сармураббӣ Валерий Карпин имзо карданд.
Маблағи гузариши дарвозабон ба тими "Ростов" зиёда аз 250 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки Рустам Ятимов аз тобистони соли 2018 дар ҳайати "Истиқлол" ҳунарнамоӣ менамуд ва дар ин муддат бо даста қаҳрамони бисеркаратаи мамлакат, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон шуд.
Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2024
Бозии рӯз миёни Тоҷикистону Покистон: Шекиладзе аз бозгардонии боварии мухлисон гуфт
Ятимов беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2023 мебошад.
Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, ки футболбозони ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, нархи Ятимови 25-сола аввали соли равон афзоиш ёфта, ба 1,2 млн евро расид.
Бар асоси ин арзёбиҳо, нархи Ятимов охири соли 2023 ҳудуди 900 ҳазор евро ва нимаи соли 2022 ҳудуди 400 ҳазор евро ҳисоб шуда буд.
Дарвозабони зодаи Нижний Новгород дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 40 бозӣ анҷом додаст. Феълан гаронтарин дарвозабони Осиёи Марказӣ буда, ҳамчунин ба даҳгонаи гаронтарин футболбозони минтақа ворид гардидаст.
Нархи Ятимов баъди иштирокаш дар Ҷоми Осиё дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар Қатар боло рафт, ки даста ғайриинтизор барои бисёриҳо то даври чорякниҳоӣ расид.
Лентаи хабарҳо
0