https://sputnik.tj/20240614/rubl-hafta-tojikiston-poinravi-jambast-1063207990.html
Рубл ҳафтаро дар Тоҷикистон бо поинравӣ ҷамъбаст кард
Рубл ҳафтаро дар Тоҷикистон бо поинравӣ ҷамъбаст кард
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷии нисбатан серистифода дар бозори арзи кишвар, аз ҷумла рубли Русия, доллари амрикоӣ ва евроро эълон кард
2024-06-14T09:46+0500
2024-06-14T09:46+0500
2024-06-14T12:16+0500
дар тоҷикистон
қурб
доллар
евро
иқтисод
бонки миллӣ
нарх
ҷаҳиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103090/22/1030902232_1:0:3000:1687_1920x0_80_0_0_2f5fd903d4b8580fc1c2d19d3af03f26.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Нархи рубл дар Тоҷикистон дар охири ҳафта арзон шуду қимати доллари амрикоӣ ва евро майли гаронӣ дорад, иттилоъ дод Бонки миллии кишвар. Ба иттилои манбаъ, ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон 119,5 сомонӣ нарх дорад, ки нисбат ба нишондоди рӯзи қаблӣ 0,8 сомонӣ камтар аст. Ин ниҳод афзуд, ки нархи доллари амрикоӣ майли болоравӣ дошта, дар сатҳи 10.7669 сомонӣ қарор гирифтаст. Пули аврупоӣ низ гарон шуда, феълан 1 евро – 11,6045 сомонӣ қимат дорад.Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои як доллари ИМА аз 10.7669 то 10.8000 сомонӣ, 1 евро аз 11. 6045 то 11.6600 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 119,5 то 120,5 сомонӣ муқаррар шудаст. Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20240429/iqtisoddon-sharh-dollar-70-rubl-nakhohad-bud-1062668148.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103090/22/1030902232_884:50:3000:1637_1920x0_80_0_0_fcf14eec58fa77294718c96ac741cbd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб, доллар, рубл, амрикоӣ, бонки миллӣ, афзоиш
қурб, доллар, рубл, амрикоӣ, бонки миллӣ, афзоиш
Рубл ҳафтаро дар Тоҷикистон бо поинравӣ ҷамъбаст кард
09:46 14.06.2024 (Навсозишуда: 12:16 14.06.2024) Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷии нисбатан серистифода дар бозори арзи кишвар, аз ҷумла рубли Русия, доллари амрикоӣ ва евроро эълон кард
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Нархи рубл дар Тоҷикистон дар охири ҳафта арзон шуду қимати доллари амрикоӣ ва евро майли гаронӣ дорад, иттилоъ дод Бонки миллии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон 119,5 сомонӣ нарх дорад, ки нисбат ба нишондоди рӯзи қаблӣ 0,8 сомонӣ камтар аст.
Ин ниҳод афзуд, ки нархи доллари амрикоӣ майли болоравӣ дошта, дар сатҳи 10.7669 сомонӣ қарор гирифтаст. Пули аврупоӣ низ гарон шуда, феълан 1 евро – 11,6045 сомонӣ қимат дорад.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои як доллари ИМА аз 10.7669 то 10.8000 сомонӣ, 1 евро аз 11. 6045 то 11.6600 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 119,5 то 120,5 сомонӣ муқаррар шудаст.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.