https://sputnik.tj/20240429/iqtisoddon-sharh-dollar-70-rubl-nakhohad-bud-1062668148.html
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро доллар дигар 70 рубл нахоҳад буд
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро доллар дигар 70 рубл нахоҳад буд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи коршинос яке аз чанд омили нигоҳдорандаи қурби рубл, талоши мақомот барои бозгашт ба сатҳи пасти таваррум ва ҳаҷми пешниҳоди асъор аст
2024-04-29T15:09+0500
2024-04-29T15:09+0500
2024-04-29T15:09+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
рубл
доллар
пешгӯӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043958448_0:150:2872:1766_1920x0_80_0_0_a610f6e4fa8438d9f4b70665e894c8a1.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, ки дар се соли оянда гаронтар шудани доллар аз 100 рублро тахмин мекунад, комилан асоснок аст, аммо беҳтар аст, ки ҳоло орзуи як доллар то 70 рубл поин омаданашро накунем.Дар ин бора Иля Федоров, иқтисодчии калони ширкати BCS World of Investments, гуфт ба агентии Prime. Гап сари он аст, ки ҳоло имкони таҳкими рубл нисбат ба заъиф кардани он хеле камтар аст. Мушкилоти содирот, ки дар ҳамин пешгӯӣ зикр шудааст, воқеан вуҷуд дорад, аммо на танҳо содирот, балки воридот низ саволҳоро ба миён меорад, мегӯяд Федоров. Илова бар ин, бо назардошти мушкилоти интиқоли пул, пешгӯии вуруди асъор ба кишвар, қурби асъор ниҳоят мушкил аст. "Дар пешгӯӣ гузоштани қурби заифтар осонтар аст, назар ба тавзеҳи заъфи он дар оянда", - мегӯяд иқтисоддон. Федоров афзуд, яке аз чанд омиле, ки метавонад қурби рублро нигоҳ дорад, талоши мақомот барои бозгашт ба сатҳи пасти таваррум ва нигоҳ доштани ҳаҷми пешниҳоди асъор дар бозори асъор мебошад.Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд муддати ахир дар Русия қурби доллар дигарбра гарон мешавад.Ҳоло дар кишвар барои ҳар доллар қариб 92 рубл муқаррар шудааст.Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки дар аввали май он ба 90 рубл поин мешавад. Ба ин метавонад Бонки марказӣ ва вазъи геополитикиву бозори энержӣ таъсир расонад.
https://sputnik.tj/20240325/peshguii-qurb-dollar-kishvarhoi-iiao-tojikiston-1062214948.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/06/1043958448_160:0:2713:1915_1920x0_80_0_0_86716fa691ffd25c47ba34009e2972dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисоддон шарҳ доллар рубл қурб
иқтисоддон шарҳ доллар рубл қурб
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро доллар дигар 70 рубл нахоҳад буд
Ба гуфтаи коршинос яке аз чанд омили нигоҳдорандаи қурби рубл, талоши мақомот барои бозгашт ба сатҳи пасти таваррум ва ҳаҷми пешниҳоди асъор аст
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, ки дар се соли оянда гаронтар шудани доллар аз 100 рублро тахмин мекунад, комилан асоснок аст, аммо беҳтар аст, ки ҳоло орзуи як доллар то 70 рубл поин омаданашро накунем.
Дар ин бора Иля Федоров, иқтисодчии калони ширкати BCS World of Investments, гуфт ба агентии Prime.
Гап сари он аст, ки ҳоло имкони таҳкими рубл нисбат ба заъиф кардани он хеле камтар аст.
Мушкилоти содирот, ки дар ҳамин пешгӯӣ зикр шудааст, воқеан вуҷуд дорад, аммо на танҳо содирот, балки воридот низ саволҳоро ба миён меорад, мегӯяд Федоров.
Илова бар ин, бо назардошти мушкилоти интиқоли пул, пешгӯии вуруди асъор ба кишвар, қурби асъор ниҳоят мушкил аст.
"Дар пешгӯӣ гузоштани қурби заифтар осонтар аст, назар ба тавзеҳи заъфи он дар оянда", - мегӯяд иқтисоддон.
Федоров афзуд, яке аз чанд омиле, ки метавонад қурби рублро нигоҳ дорад, талоши мақомот барои бозгашт ба сатҳи пасти таваррум ва нигоҳ доштани ҳаҷми пешниҳоди асъор дар бозори асъор мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд муддати ахир дар Русия қурби доллар дигарбра гарон мешавад.
Ҳоло дар кишвар барои ҳар доллар қариб 92 рубл муқаррар шудааст.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки дар аввали май он ба 90 рубл поин мешавад. Ба ин метавонад Бонки марказӣ ва вазъи геополитикиву бозори энержӣ таъсир расонад.