https://sputnik.tj/20240607/sharq-to-qarz-imtiyoznoku-pasandozho-rushd-putin-abip-1063137586.html
Аз рӯй ба Шарқ то қарзҳои имтиёзноку пасандозҳо ва рушд: Нукоти муҳими Путин дар АБИП
Аз рӯй ба Шарқ то қарзҳои имтиёзноку пасандозҳо ва рушд: Нукоти муҳими Путин дар АБИП
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз дастовардҳои кишвар ва нақшаҳои оянда гуфта, бархе дастурот дод
2024-06-07T19:18+0500
2024-06-07T19:18+0500
2024-06-07T19:24+0500
дар русия
владимир путин
навсозӣ
санкт-петербург
форуми байналмилалии иқтисодӣ
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/07/1063136241_0:157:3105:1904_1920x0_80_0_0_57194996fee50e2a391da7fd0e7171e2.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҳаҷми пули ҳадди ақали зиндагӣ дар Русия боло бурда шуда, қарзҳои ипотекии имтиёзнок дастрастар мешаванду суди пасандозҳои дарозмуддат бештар. Ин нукотро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баён дошот. Вай ҳамчунин аз рушди кишвар сарфи назар аз таҳримот гуфт, ки тибқи баъзе маълумотҳо, аз ҷумла тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, иқтисоди Русия дар ҷаҳон чорумин шуда, аз Ҷопон пеш гузашт.Ин нишондод назар ба иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон беҳтар аст, қайд кард президенти Русия.Путин дар бораи аҳамияти рушди робитаҳои нақлиётӣ барои рушди бозорҳои нав сухан гуфт. Ба ин муносибат, ба гуфтаи роҳбари Русия, рушди майдонҳои шарқӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ба шумор меравад.Дар мавриди вазъи ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки байни кишварҳо барои таҳкими соҳибихтиёрии худ мусобиқаи воқеӣ вуҷуд дорад. Кишварҳое, ки пешсаф буданд, кӯшиш мекунанд, ки қудрати худро бо ҳар роҳе, ки набошад нигоҳ доранд, гуфт ӯ. Бо вуҷуди таҳримҳо, Русия яке аз иштирокчии асосии тиҷорати ҷаҳонӣ боқӣ мемонад, гуфт Владимир Путин Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин қайд кард, ки кишвар омодагии баланди худро ба дигаргунсозии технологӣ собит кардааст.То соли 2030 барои ширкатҳои IT-и Русия меъёри андоз аз даромад 5% муқаррар кардан лозим аст, супориш дод ӯ ва инчунин насби роботҳоро муҳим хонд. Раисҷумҳури Русия дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург инчунин иттилоъ дод, ки барномаи ипотекаи оилавӣ бо меъёри 6% барои хариди манзил дар шаҳракҳои хурд бояд низ бояд роҳандозӣ шавад. Роҳбари Русия ҳамчунин аз сатҳи пасти рекордии бекорӣ дар кишвар, аз ҷумла миёни ҷавонон гуфта, зарурати бозомӯзию такмили ихтисосро муҳим хонд. Суханронии Путин дар доираи Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ - 2024, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҷараён дорад, сурат гирифт. Ин ҳамоиш ҳазорҳо намояндагони бахши хусусию давлатии беш аз сад кишвари ҷаҳонро гирди ҳам овардааст.
https://sputnik.tj/20240607/sukhanronii-putin-dar-anjumani-baynalmilalii-iqtisodii-peterburg---pakhshi-mustaqim-1063135154.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/07/1063136241_29:0:2761:2048_1920x0_80_0_0_d305fe33c09fa1775ae0688f62009948.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, анҷуман, байналмилалӣ, таҳким, ҳамкорӣ
владимир путин, анҷуман, байналмилалӣ, таҳким, ҳамкорӣ
Аз рӯй ба Шарқ то қарзҳои имтиёзноку пасандозҳо ва рушд: Нукоти муҳими Путин дар АБИП
19:18 07.06.2024 (Навсозишуда: 19:24 07.06.2024) Раисҷумҳури Русия дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз дастовардҳои кишвар ва нақшаҳои оянда гуфта, бархе дастурот дод
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҳаҷми пули ҳадди ақали зиндагӣ дар Русия боло бурда шуда, қарзҳои ипотекии имтиёзнок дастрастар мешаванду суди пасандозҳои дарозмуддат бештар.
Ин нукотро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баён дошот.
Вай ҳамчунин аз рушди кишвар сарфи назар аз таҳримот гуфт, ки тибқи баъзе маълумотҳо, аз ҷумла тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, иқтисоди Русия дар ҷаҳон чорумин шуда, аз Ҷопон пеш гузашт.
"Дар охири соли гузашта афзоиши ММД дар Русия 3,6% буд ва дар охири моҳҳои гузаштаи соли 2024 аз 5% гузашт", - гуфт Путин.
Ин нишондод назар ба иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон беҳтар аст, қайд кард президенти Русия.
Путин дар бораи аҳамияти рушди робитаҳои нақлиётӣ барои рушди бозорҳои нав сухан гуфт. Ба ин муносибат, ба гуфтаи роҳбари Русия, рушди майдонҳои шарқӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ба шумор меравад.
Дар мавриди вазъи ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки байни кишварҳо барои таҳкими соҳибихтиёрии худ мусобиқаи воқеӣ вуҷуд дорад. Кишварҳое, ки пешсаф буданд, кӯшиш мекунанд, ки қудрати худро бо ҳар роҳе, ки набошад нигоҳ доранд, гуфт ӯ.
Бо вуҷуди таҳримҳо, Русия яке аз иштирокчии асосии тиҷорати ҷаҳонӣ боқӣ мемонад, гуфт Владимир Путин Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин қайд кард, ки кишвар омодагии баланди худро ба дигаргунсозии технологӣ собит кардааст.
То соли 2030 барои ширкатҳои IT-и Русия меъёри андоз аз даромад 5% муқаррар кардан лозим аст, супориш дод ӯ ва инчунин насби роботҳоро муҳим хонд.
Раисҷумҳури Русия дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург инчунин иттилоъ дод, ки барномаи ипотекаи оилавӣ бо меъёри 6% барои хариди манзил дар шаҳракҳои хурд бояд низ бояд роҳандозӣ шавад.
Роҳбари Русия ҳамчунин аз сатҳи пасти рекордии бекорӣ дар кишвар, аз ҷумла миёни ҷавонон гуфта, зарурати бозомӯзию такмили ихтисосро муҳим хонд.
Суханронии Путин дар доираи Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ - 2024, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҷараён дорад, сурат гирифт. Ин ҳамоиш ҳазорҳо намояндагони бахши хусусию давлатии беш аз сад кишвари ҷаҳонро гирди ҳам овардааст.