https://sputnik.tj/20240606/putin-davat-tahdid-silohi-hastai-roh-1063114055.html
Путин даъват кард, ки ба таҳдиди истифодаи силоҳи ҳастаӣ набояд роҳ дод
Путин даъват кард, ки ба таҳдиди истифодаи силоҳи ҳастаӣ набояд роҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия аз дидгоҳҳои Ғарб изҳори тааҷҷуб кард, ки Русияро ҳамеша ба таҳдиди ҳастаӣ муттаҳам мекунанд, дарҳоле, ки худ аз кор гирифтаанд
2024-06-06T12:15+0500
2024-06-06T12:15+0500
2024-06-06T14:13+0500
русия
владимир путин
нато
амнияти ҳастаӣ
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/06/1063112679_0:0:2918:1642_1920x0_80_0_0_c9f9480ff521b8ee059c89fa55689a78.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин даъват кард, ки ба таҳдиди истифодаи силоҳи ҳастаӣ роҳ надиҳаyд. Вай дар ин бора зимни посух ба суолҳои раҳбарони расонаҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ҷараёни Форуми иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт. Ба гуфтаи раҳбари Русия, муҳокимаи дурнамои ҷанги ҳастаии ҷаҳонӣ ҳамеша як мавзӯи хеле душвор буд. Президенти Русия ёдовар шуд, ки Иёлоти Муттаҳида ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз силоҳи ҳастаӣ истифода кардааст.Путин инчунин ба изҳороте посух дод, ки пайваста талош мешавад, Русияро ба даст задан ба фишорҳои ҳастаӣ муттаҳам кунанд. "Шумо медонед, онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки моро ба як навъ даст задан ба фишорҳои ҳастаӣ муттаҳам мекунанд. Аммо оё ман ҳоло масъалаи имконияти истифода бурдани яроқи ядроиро ба миён гузоштаам? Он чизе ки шумо кардед. Шумо маро ба ин мавзӯъ водор мекунед ва баъд мегӯед, ки ман чӯбдасти ҳастаӣ задам”, - посух дод Путин.Раҳбари Русия аз дидгоҳи Ғарб изҳори тааҷҷуб кард, ки Русия ҳеҷ гоҳ аз зарфияти ҳастаии худ истифода намекунад. "Мо як доктринаи ҳастаӣ дорем, ки дар он ҷо навишта шудааст, агар амали касе ба истиқлолият ва тамомияти арзии мо таҳдид кунад, мо метавонем аз ҳама воситаҳо истифода кунем",- гуфт Путин. Дар мавриди изҳороти сиёсатмадорони ғарбӣ дар бораи ҳамлаи Русия ба НАТО, Путин онро сафсата номид. Вай қайд кард, ки ин гуна изҳорот барои "аҳмоқ кардани мардуми худаijy" бештар лозим аст, то мавқеи империалистии худро ҳифз кунанд.
https://sputnik.tj/20240229/putin-az-payomadhoi-ehtimolii-mudokhilai-nato-hushdor-dod-1061881034.html
русия
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/06/1063112679_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_81c59013c4d73407de6951b6c518e9df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин даъват таҳдиди истифода силоҳ ҳастаӣ
путин даъват таҳдиди истифода силоҳ ҳастаӣ
Путин даъват кард, ки ба таҳдиди истифодаи силоҳи ҳастаӣ набояд роҳ дод
12:15 06.06.2024 (Навсозишуда: 14:13 06.06.2024) Раҳбари Русия аз дидгоҳҳои Ғарб изҳори тааҷҷуб кард, ки Русияро ҳамеша ба таҳдиди ҳастаӣ муттаҳам мекунанд, дарҳоле, ки худ аз ин кор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин даъват кард, ки ба таҳдиди истифодаи силоҳи ҳастаӣ роҳ надиҳаyд.
Вай дар ин бора зимни посух ба суолҳои раҳбарони расонаҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ҷараёни Форуми иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт.
"Ин як мавзӯи хеле душвор аст, Иёлоти Муттаҳида ягона кишварест, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ силоҳи ҳастаӣ истифода кардааст - Хиросима, Нагасаки, 20 килотон. Яроқи ядроии тактикии мо 70—75 килотонна, чунин яроқи тактикии ядрой. Биёед на танҳо ба истифода, балки ҳатто ба таҳдиди истифода дода нашавем”,- гуфт Путин.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, муҳокимаи дурнамои ҷанги ҳастаии ҷаҳонӣ ҳамеша як мавзӯи хеле душвор буд.
Президенти Русия ёдовар шуд, ки Иёлоти Муттаҳида ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз силоҳи ҳастаӣ истифода кардааст.
Путин инчунин ба изҳороте посух дод, ки пайваста талош мешавад, Русияро ба даст задан ба фишорҳои ҳастаӣ муттаҳам кунанд.
"Шумо медонед, онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки моро ба як навъ даст задан ба фишорҳои ҳастаӣ муттаҳам мекунанд. Аммо оё ман ҳоло масъалаи имконияти истифода бурдани яроқи ядроиро ба миён гузоштаам? Он чизе ки шумо кардед. Шумо маро ба ин мавзӯъ водор мекунед ва баъд мегӯед, ки ман чӯбдасти ҳастаӣ задам”, - посух дод Путин.
Раҳбари Русия аз дидгоҳи Ғарб изҳори тааҷҷуб кард, ки Русия ҳеҷ гоҳ аз зарфияти ҳастаии худ истифода намекунад.
"Мо як доктринаи ҳастаӣ дорем, ки дар он ҷо навишта шудааст, агар амали касе ба истиқлолият ва тамомияти арзии мо таҳдид кунад, мо метавонем аз ҳама воситаҳо истифода кунем",- гуфт Путин.
Дар мавриди изҳороти сиёсатмадорони ғарбӣ дар бораи ҳамлаи Русия ба НАТО, Путин онро сафсата номид.
Вай қайд кард, ки ин гуна изҳорот барои "аҳмоқ кардани мардуми худаijy" бештар лозим аст, то мавқеи империалистии худро ҳифз кунанд.