https://sputnik.tj/20240613/omodagii-eron-hamkori-tojikiston-havoshinosi-1063196205.html
Омодагии Эрон барои ҳамкории муштарак бо Тоҷикистон дар бахши ҳавошиносӣ
Омодагии Эрон барои ҳамкории муштарак бо Тоҷикистон дар бахши ҳавошиносӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони эронӣ дар дидор бо узви кабинаи давлати Тоҷикистон аз омодагии ҳавошиносии Эрон барои ҳамкории муштарак бо ҷумҳурӣ хабар дод.
2024-06-13T12:23+0500
2024-06-13T12:23+0500
2024-06-13T13:37+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳавошиносӣ
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0d/1063201381_0:278:3000:1966_1920x0_80_0_0_f936dd2544ae243ef25df3ee65855791.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Раиси Созмони ҳавошиносии Эрон Саҳари Тоҷбахши Мусулмон дар боздиди узви кабинаи давлати Тоҷикистон ва теъдоде аз аъзои Кумитаи давлатии идораи замин аз зарфиятҳо ва тавонмандиҳои Созмони ҳавошиносии Эрон таъкид кард.Вай дар ин дидор гуфт Созмони ҳавошиносии Эрон зарфиятҳо ва тавонмандиҳои қобили таваҷҷуҳе дар ҳавзаҳои фанне, муҳандисии таҷҳизот, тавлиди нармафзорҳои ҳавошиносӣ ва маҳсулоти корбурдӣ ва омӯзишҳои тахассусӣ дар ихтиёр дорад, ки омодааст то дар ин заминаҳо бо кишвари Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.Оқои Тоҷбахши Мусалмон афзуд, бахши зиёде аз Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва ғайра шоҳиди афзоиши қобили таваҷҷуҳ дамо нисбат ба дарозмуддат будаанд.Вай тасреҳ кард, ки сатҳи пӯшиши барфи Осиё низ дар соли гузашта тағйироти муҳимме доштааст, ки аз ҷумлаи он метавон ба коҳиши сатҳи пӯшиши барф дар баландиҳои Эрон ва бисёре аз бахшҳои минтақа ишора кард.Раиси Созмони ҳавошиносии Эрон гуфт, тағйироти иқлим барои Тоҷикистон ба далели доштани пиряхҳои табиӣ, бисёр бо аҳамият аст чаро ки афзоиши дамои ҳаво сабаби об шудани пиряхҳо ва коҳиши масоҳати онҳо мешавад.Тоҷбахши Мусулмон гуфт, бар асоси гузоришҳои байналмилалӣ 96 дарсад аз хатарҳое, ки мардумро таҳдид мекунад, марбут ба рухдодҳое мисли сел, тӯфон, вазиши бод, хушксолӣ ва ғайра аст.Дар идома ҳайати Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик бо Созмони ҳавошиносии Эрон ҳамкории наздикро ба роҳ хоҳад монд.
https://sputnik.tj/20240612/zohidi-tojikiston-eron-sanad-navi-hamkori-imzo-1063189686.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0d/1063201381_379:0:3000:1966_1920x0_80_0_0_ad00b572cd7d84de468c7d21041a32e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳавошиносӣ, ҳамкорӣ, муштарак,
тоҷикистон, эрон, ҳавошиносӣ, ҳамкорӣ, муштарак,
Омодагии Эрон барои ҳамкории муштарак бо Тоҷикистон дар бахши ҳавошиносӣ
12:23 13.06.2024 (Навсозишуда: 13:37 13.06.2024) Мақомдорони эронӣ дар дидор бо узви кабинаи давлати Тоҷикистон аз омодагии ҳавошиносии Эрон барои ҳамкории муштарак бо ҷумҳурӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Раиси Созмони ҳавошиносии Эрон Саҳари Тоҷбахши Мусулмон дар боздиди узви кабинаи давлати Тоҷикистон ва теъдоде аз аъзои Кумитаи давлатии идораи замин аз зарфиятҳо ва тавонмандиҳои Созмони ҳавошиносии Эрон таъкид кард.
Вай дар ин дидор гуфт Созмони ҳавошиносии Эрон зарфиятҳо ва тавонмандиҳои қобили таваҷҷуҳе дар ҳавзаҳои фанне, муҳандисии таҷҳизот, тавлиди нармафзорҳои ҳавошиносӣ ва маҳсулоти корбурдӣ ва омӯзишҳои тахассусӣ дар ихтиёр дорад, ки омодааст то дар ин заминаҳо бо кишвари Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.
Оқои Тоҷбахши Мусалмон афзуд, бахши зиёде аз Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва ғайра шоҳиди афзоиши қобили таваҷҷуҳ дамо нисбат ба дарозмуддат будаанд.
Вай тасреҳ кард, ки сатҳи пӯшиши барфи Осиё низ дар соли гузашта тағйироти муҳимме доштааст, ки аз ҷумлаи он метавон ба коҳиши сатҳи пӯшиши барф дар баландиҳои Эрон ва бисёре аз бахшҳои минтақа ишора кард.
Раиси Созмони ҳавошиносии Эрон гуфт, тағйироти иқлим барои Тоҷикистон ба далели доштани пиряхҳои табиӣ, бисёр бо аҳамият аст чаро ки афзоиши дамои ҳаво сабаби об шудани пиряхҳо ва коҳиши масоҳати онҳо мешавад.
Тоҷбахши Мусулмон гуфт, бар асоси гузоришҳои байналмилалӣ 96 дарсад аз хатарҳое, ки мардумро таҳдид мекунад, марбут ба рухдодҳое мисли сел, тӯфон, вазиши бод, хушксолӣ ва ғайра аст.
Дар идома ҳайати Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик бо Созмони ҳавошиносии Эрон ҳамкории наздикро ба роҳ хоҳад монд.