Ба Тоҷикистон имтиёзҳои кишварҳои ИИАО дастрас мешавад?

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкЕвразийский экономический форум в Москве
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон дар бахшҳои саноат ва кишоварзӣ ба сармоягузорони рус барои бад нашудани шароитро кафолат медиҳад.
ДУШАНБЕ, 12 июнь — Sputnik. Мақомоти Русия созишнома дар бораи тиҷорати озоди хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ дар қаламрави кишварҳои ИДМ-ро ба тасвиб расонд.
Санади дахлдорро президенти Русия Владимир Путин ахиран ба имзо расонидааст.
Гуфта мешавад, ки ин созишнома миёни кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Русия ва Арманистон моҳи июни соли 2023 ба имзо расида буд.
Созишнома моҳи июни соли 2023 дар Сочи ба имзо шуда буд. Ин санадро кишварҳои ИДМ - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ба имзо расониданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин санад барои тамоми кишварҳо қоидаҳои ягона дарбар гирифта шудааст.
Созишномаи мазкур роҳ надодан ба табъиз байни провайдерҳои хидматрасон ва сармоягузорон ҳангоми таъсиси ширкату филиалҳо, гирифтани иҷозатнома ва додани иҷозатномаро танзим мекунад.
Ба гуфтаи Максим Решетников, вазири рушди иқтисоди Русия, дар ин санад инчунин кафолатҳо барои ҳимояи сармоягузорон аз мусодираи ғайриқонунии амвол пешбинӣ шудааст.
Имзои санади ҳамкорӣ аза сӯи мудири Театри операи Санкт-Петербург Евгений Малигин ва директори Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ Эҳсон Ҳомидов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2024
Имзои санади нав барои таҳкими ҳамкории театрҳои Тоҷикистону Русия
Дар робита ба хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ, созишнома Узбекистон ва Тоҷикистонро ба имтиёзҳои кишварҳои ИИАО дастрас мекунад.
Акнун дар бахши саноат ва кишоварзӣ ин кишварҳо ба сармоягузорони рус бад нашудани шароитро кафолат хоҳанд дод. Яъне, агар барои сармоягузории хориҷӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шаванд, онҳо ба ширкатҳои русӣ татбиқ намегарданд.
Илова бар ин, барои бархе аз бахшҳои махсусан ҳассос, истисно пешбинӣ шудааст. Ба ин бахшҳо саноати маъдани куҳӣ (Тоҷикистон); энергетикаи атомӣ, истихрочи металлу сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли мошинҳо ва таҷҳизоти таъиноти умумӣ ва махсус, мошину асбобҳои электрики, воситаҳои нақлиёт (Узбекистан) шомил мебошанд.
Дар баробари ин, Узбакистон, ки узви Созмони ҷаҳонии савдо нест, ӯҳдадор мешавад, ки кафолати дастрасӣ ба бозори хидматрасониро дар сатҳи стандартҳои созмон таъмин намояд.
Қаблан сарвазири Русия Михаил Мишустин гуфта буд, ки созишнома шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ дар ИДМ, ташаккули қоидаҳои шаффоф ва фаҳмо барои тиҷорат ва истеъмолкунандагон фароҳам месозад.
Лентаи хабарҳо
0