https://sputnik.tj/20240501/imzo-sanad-nav-teatr-tojikiston-rusiya-1062686835.html
Имзои санади нав барои таҳкими ҳамкории театрҳои Тоҷикистону Русия
Имзои санади нав барои таҳкими ҳамкории театрҳои Тоҷикистону Русия
Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон дар бораи роҳандозии чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва ҳамчунин сафарҳои мутақобилаи ҳунармандони театр ба мувофиқа расиданд
2024-05-01T17:57+0500
2024-05-01T17:57+0500
2024-05-01T17:57+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
имзо
санад
ҳамкорӣ
русия
санкт-петербург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/01/1062687072_0:0:1278:719_1920x0_80_0_0_c9ccb1546843f24376be79373593bce6.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. "Операи Санкт-Петербург" ва Театри мусиқӣ - мазҳакавии Хуҷанд ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.Санади ҳамкориро дар Душанбе мудири Театри операи Санкт-Петербург Евгений Малигин ва директори Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ Эҳсон Ҳомидов ба имзо расониданд.Ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва ҳамчунин сафарҳои мутақобила ба мувофиқа расиданд, гуфт мудири театр Евгений Малигин ба Sputnik Тоҷикистон. Дар доираи сафари ҳайати Санкт-Петербург ба пойтахти Тоҷикистон дар Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дарсҳои маҳорати театрӣ ва PR дар муҳити театр баргузор шуд. Дар ин чо бештар аз 50 нафар одамон чамъ омаданд.Лоиҳаҳо бо ташаббуси намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон сурат гирифтааст. Қобили зикр аст, ки Театри операи Санкт-Петербург бо театри Тоҷикистон дувумин тафоҳумнома бастааст. Пойтахти фарҳангии Русия ҳоло шарики расмии пойтахти фарҳангии Тоҷикистон аст, қайд кард иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагӣ Татяна Мудрова.Мавриди ба зикр аст, ки вақтҳои охир ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Русия аз тариқи ташкили барномаҳои омӯзишӣ, ташкили табодули таҷриба ва рафтуомади ҳунармандон таҳким ёфта истодаастАхиран ҳудуди 35 ҳунарпешаи Тоҷикистон аз давраи омӯзишии Театри драмавии миллии Русия ё худ театри Александринский дар Душанбе гузашта, соҳиби диплом гардиданд.Барнома дар доираи тарҳи байналмилалии маърифатӣ "Мактаби театрии Александринская: рушди ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ" дар Душанбе амалӣ гардид. Дар доираи чорабинӣ инчунин Театри драмавии миллии Русия бо 3 театри нисбатан фаъоли Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд.
https://sputnik.tj/20240415/sozishnoma-bunyodi-teatr-mayakovskiy-dushanbe-1062477800.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/01/1062687072_154:0:1113:719_1920x0_80_0_0_735a5d426bc9ce631ccdb4b0e30b5050.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созишнома, ҳамкорӣ, тоҷикистон, русия, ҳунармандон
созишнома, ҳамкорӣ, тоҷикистон, русия, ҳунармандон
Имзои санади нав барои таҳкими ҳамкории театрҳои Тоҷикистону Русия
Русия ва Тоҷикистон дар бораи роҳандозии чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва ҳамчунин сафарҳои мутақобилаи ҳунармандони театр ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. "Операи Санкт-Петербург" ва Театри мусиқӣ - мазҳакавии Хуҷанд ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.
Санади ҳамкориро дар Душанбе мудири Театри операи Санкт-Петербург Евгений Малигин ва директори Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ Эҳсон Ҳомидов ба имзо расониданд.
Ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва ҳамчунин сафарҳои мутақобила ба мувофиқа расиданд, гуфт мудири театр Евгений Малигин ба Sputnik Тоҷикистон.
Дар доираи сафари ҳайати Санкт-Петербург ба пойтахти Тоҷикистон дар Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дарсҳои маҳорати театрӣ ва PR дар муҳити театр баргузор шуд. Дар ин чо бештар аз 50 нафар одамон чамъ омаданд.
Лоиҳаҳо бо ташаббуси намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон сурат гирифтааст. Қобили зикр аст, ки Театри операи Санкт-Петербург бо театри Тоҷикистон дувумин тафоҳумнома бастааст.
Пойтахти фарҳангии Русия ҳоло шарики расмии пойтахти фарҳангии Тоҷикистон аст, қайд кард иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагӣ Татяна Мудрова.
Мавриди ба зикр аст, ки вақтҳои охир ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Русия аз тариқи ташкили барномаҳои омӯзишӣ, ташкили табодули таҷриба ва рафтуомади ҳунармандон таҳким ёфта истодааст
Ахиран ҳудуди 35 ҳунарпешаи Тоҷикистон аз давраи омӯзишии Театри драмавии миллии Русия ё худ театри Александринский дар Душанбе гузашта, соҳиби диплом гардиданд.
Барнома дар доираи тарҳи байналмилалии маърифатӣ "Мактаби театрии Александринская: рушди ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ" дар Душанбе амалӣ гардид. Дар доираи чорабинӣ инчунин Театри драмавии миллии Русия бо 3 театри нисбатан фаъоли Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд.