https://sputnik.tj/20240611/uft-asor-kalidi-taqviyat-somoni-tojikiston-1063171132.html
Уфти асъорҳои калидӣ ва тақвияти сомонӣ дар Тоҷикистон
Уфти асъорҳои калидӣ ва тақвияти сомонӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Қурби доллари амрикоӣ тадриҷан майли коҳишёбӣ дошта, агар як моҳ қабл бар ивази ҳар доллар 10,9 сомонӣ медоданд, ҳамакнун ҳудуди 10,7 сомонӣ медиҳанд
2024-06-11T10:16+0500
2024-06-11T10:16+0500
2024-06-11T10:23+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103152/88/1031528884_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_2f2258e2fd551cef2a8f6e4130fae3ba.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълон кард.Бар асоси додаҳои ин ниҳод, қимати се асъори калидӣ дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ арзон шудаанд.Аз ҷумла пули русӣ, ки рӯзи қабл майли гаронӣ дошт, каме поин рафта, феълан 1000 рубл бо нархи 120,8 сомонӣ муомилот мешавад. Рӯзе қабл ин нишондод 121 сомониро ташкил дода буд.Манбаъ қурби доллари ИМА-ро - 10.7317 сомонӣ ва евроро - 11. 5355 сомонӣ муқаррар кардааст, ки ҳардуяшон ҳам дар қиёс бо нишондоди рӯзи қабл арзонтар шудаанд.Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии кишвар барои доллари ИМА аз 10.7100 то 10.7400 сомонӣ, евро аз 11.6800 то 11.7500 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия аз 120,5 то 121 сомонӣ шудаст.Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20240527/iiao-hissa-hisobbarobarkuni-rubl-1062995547.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103152/88/1031528884_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_53b0d329b8dbce7a548c0c9a790cdd29.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
уфт асъор тақвият сомонӣ тоҷикистон
уфт асъор тақвият сомонӣ тоҷикистон
Уфти асъорҳои калидӣ ва тақвияти сомонӣ дар Тоҷикистон
10:16 11.06.2024 (Навсозишуда: 10:23 11.06.2024) Қурби доллари амрикоӣ тадриҷан майли коҳишёбӣ дошта, агар як моҳ қабл бар ивази ҳар доллар 10,9 сомонӣ медоданд, ҳамакнун ҳудуди 10,7 сомонӣ медиҳанд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълон кард.
Бар асоси додаҳои ин ниҳод, қимати се асъори калидӣ дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ арзон шудаанд.
Аз ҷумла пули русӣ, ки рӯзи қабл майли гаронӣ дошт, каме поин рафта, феълан 1000 рубл бо нархи 120,8 сомонӣ муомилот мешавад. Рӯзе қабл ин нишондод 121 сомониро ташкил дода буд.
Манбаъ қурби доллари ИМА-ро - 10.7317 сомонӣ ва евроро - 11. 5355 сомонӣ муқаррар кардааст, ки ҳардуяшон ҳам дар қиёс бо нишондоди рӯзи қабл арзонтар шудаанд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии кишвар барои доллари ИМА аз 10.7100 то 10.7400 сомонӣ, евро аз 11.6800 то 11.7500 сомонӣ ва ҳазор рубли Русия аз 120,5 то 121 сомонӣ шудаст.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.