Дар ИИАО ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл аз 80% гузашт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкЕвразийский экономический форум в Москве
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Обуна шудан
Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо доллари ИМА аз 26% то 11% коҳиш ёфта, ин мизон ба таври қобили мулоҳиза суръат мегирад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба 81,3% расид.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) хабар додааст.
Дар соли 2023 ҳиссаи пардохтҳо бо асъори ИИАО дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила барои воридот ва содироти молҳо ва хидматҳо то 84,6% афзоиш ёфт буд.
Дар муқоиса бо соли 2014, афзоиш қариб 14 банди фоизӣ буд.
Илова бар ин, дар давоми сол ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ 4,1 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори дигар дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 1,2 банди фоизӣ афзуд.
Валентин Болеславович Татарицкий  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2024
Татаритский: ҳамгироии ИИАО дар бахши стандартикунонӣ бояд таҳким ёбад
Дар баробари ин, ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо доллари ИМА коҳиш ёфт: аз 26% ба 11% поин омад.
Ҳисоббаробаркуниҳо байни кишварҳои ИИАО ва дигар кишварҳои ҷаҳон низ бо рубли русӣ сурат мегирад. Ҳиссаи онҳо дар пардохтҳо барои содирот 39,7% (афзоиш нисбат ба соли 2022 10,5 банди фоизӣ), воридот 31,2% - ро (афзоиш 0,9 банди фоизӣ) ташкил дод.
Русия талош дорад тамоми додугирифтро бо асъори миллӣ анҷом диҳад. Ба ҳисоби КИАО дар соли 2023 аз ҷумла миёни Русия ва Беларус – 97%, Русия ва Арманистон – 90,3%, Русия ва Қирғизистон – 88%, Русия ва Қазоқистон ба 75% расида буд.
Соли 2023 дар доираи БРИКС низ истифодаи пулҳои миллӣ бештар шуда, ҳиссаи онҳо дар пардохтҳои мутақобила тақрибан 85%, аз ҷумла байни Русия ва Чин зиёда аз 90%-ро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0