https://sputnik.tj/20240610/rahmon-modi-tabrik-omodagi-gustarish-hamkoriho-1063153275.html
Раҳмон Модиро табрик ва омодагияшро барои густариши ҳамкориҳо ироа кард
Раҳмон Модиро табрик ва омодагияшро барои густариши ҳамкориҳо ироа кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки дар оянда низ бо талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи Тоҷикистону Ҳиндустонро тақвият хоҳанд дод
2024-06-10T10:57+0500
2024-06-10T10:57+0500
2024-06-10T11:10+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ҳиндустон
наренда моди
сарвазир
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102132/97/1021329719_0:0:2089:1176_1920x0_80_0_0_ddcc91f69c19c1d8fe790e0b41ac1b81.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба сарвазири Ҳиндустон номаи табрикӣ ирсол кард.Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад, президент Нарендра Модиро барои дигарбора ба ин мақом интихоб шуданаш шодбош гуфт. Кишвардори Тоҷикистон дар идома гуфтааст, ки натиҷаҳои ин чорабинии муҳимми сиёсӣ боз як нишонаи равшани ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати давлатии Моди аз ҷониби ҷомеаи Ҳиндустон мебошад.Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки дар оянда низ бо талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи Тоҷикистону Ҳиндустонро дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ густариш дода, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид."Ба манзури пешбурди шарикии кишварҳоямон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн омодагии инҷонибро ҷиҳати идомаи муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳо дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям",- таъкид кардааст президенти Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20240315/rahmon-tojikiston-sharikon-duston-baynalmilali-beshtar-1062062392.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102132/97/1021329719_0:0:1853:1390_1920x0_80_0_0_a5e88f1dbafc8a4bac9323c41ae4c5c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон моди табрик омодагӣ густариш ҳамкорӣ ироа
раҳмон моди табрик омодагӣ густариш ҳамкорӣ ироа
Раҳмон Модиро табрик ва омодагияшро барои густариши ҳамкориҳо ироа кард
10:57 10.06.2024 (Навсозишуда: 11:10 10.06.2024) Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки дар оянда низ бо талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи Тоҷикистону Ҳиндустонро тақвият хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба сарвазири Ҳиндустон номаи табрикӣ ирсол кард.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад, президент Нарендра Модиро барои дигарбора ба ин мақом интихоб шуданаш шодбош гуфт.
"Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоботи муваффақи сартосарии парлумонӣ дар кишвар ва аз нав интихоб гаридиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон сидқан табрику таҳният мегӯям",- омадааст дар номаи Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон дар идома гуфтааст, ки натиҷаҳои ин чорабинии муҳимми сиёсӣ боз як нишонаи равшани ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати давлатии Моди аз ҷониби ҷомеаи Ҳиндустон мебошад.
Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки дар оянда низ бо талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи Тоҷикистону Ҳиндустонро дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ густариш дода, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.
"Ба манзури пешбурди шарикии кишварҳоямон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн омодагии инҷонибро ҷиҳати идомаи муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳо дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям",- таъкид кардааст президенти Тоҷикистон.