Раҳмон: Тоҷикистон талош дорад, шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар кунад

© Flickr / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрием верительных грамот от новых послов.
Прием верительных грамот от новых послов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2024
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар Қасри миллат аз сафирони нави якчанд давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони нави Ҳиндустон, Бангладеш, Подшоҳии Нидерланд, Литва, Словакия, Ватикан, Ангола, Бенин, Сиерра-Леоне ва Колумбияро қабул намуд.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснад самимона табрик гуфт ва таъкид кард, ки фаъолияти самараноки сафирон омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни давлатҳо хоҳад гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста саъй менамояд, то доираи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2024
Баъди мулоқот бо руҳониҳо: Раҳмон бо мақомдорон машварат баргузор кард
Вай гуфт, ҳукумати кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ равобити фаъолу созандаро пеш мебарад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар бораи авҷи бесобиқаи ташаннуҷ дар манотиқи гуногуни олам андешаронӣ намуд.
Раҳбари кишвар таъкид дошт, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории пурсамари байнидавлатӣ ҳамчун омилҳои калидии устувории ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти дучанд пайдо менамоянд.
Раисҷумҳур таъкид, ки дар ин замина давлати Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъйинро бахши таркибии сиёсати хориҷиаш медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0