Маслиҳатҳо барои наҷот аз ғарқшавӣ дар Тоҷикистон - тасвирбаён

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон бо оғози мавсими гармӣ маргу мир дар обҳои кишвар, махсусан кӯдакону наврасон афзоиш меёбад. КҲФ роҳҳои наҷоти ҷону худу дигаронро маслиҳат дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хотиррасон мекунанд, ки бехатарии шаҳрвандон масъулияти худи онҳост ва бояд аз эҳтиёт кор бигиранд
Дар зимн ин ниҳод қоидаҳои рафторро дар об ва назди обанборҳо хотиррасон намуд.
Наҷотдиҳандагон аз сокинон хостаанд, ки дар назди дарёҳо, каналҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя кунанд, чун беэҳтиётӣ метавонад ба оқибатҳои вазнин оварда расонад.
Ҳалокати се ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон
Ин Кумита гуфт, ки бидуни назорати калонсолон дар наздикии об мондани кӯдакон махсусан хатарнок аст.
Маслиҳат дода шудаст, ки танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудошуда, дар соҳилҳои муҷаҳҳаз шино кунед, ки дар он ҷо дар ҳолати садама наҷотдиҳандагон ба шумо зуд кӯмак карда метавонанд.
Дар ҷойҳои ношинос, аз баландиҳо ва дигар иншоотхое, ки ба ин мақсадҳо мувофиқ нашудаанд, ба об чаҳидан хавфнок аст, ҳушдор додаст КҲФ. Инчунин зикр шудаст, ки шиноварии дуру дароз, дар об мондани дуру дароз - ин маънои гипотермия, хастагии мушакҳо, рагкашӣ ва маргро дорад.
Лентаи хабарҳо
0