https://sputnik.tj/20240510/halokat-se-noboligh-ob-tojikiston-1062809713.html
Ҳалокати се ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон
Ҳалокати се ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон аз се ҳолати марги ноболиғон дар обҳои кишвар тайи рӯзҳои охир хабар дода, шаҳрвандонро ба эҳтиёткорӣ даъват кардаст
2024-05-10T12:46+0500
2024-05-10T12:46+0500
2024-05-10T12:46+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолати фавқулода
ғарқ
ҳалокат
кӯдак
марги се ноболиғ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102293/26/1022932639_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_736e0d1102480b5c8bc166ff7e1df560.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тайи шабонарӯзи охир ҷасади се ноболиғро аз обҳои ҷумҳурӣ берун овардаанд. Ба иттилои КҲФ, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ ҷасади як сокини 11-солаи вилояти Суғд, ки бар асари садама дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе-Чанак ба об ғалтидаст, пайдо карда шуд. Ҳамчунин рӯзи 9 май як сокини 15-солаи шаҳри Гулистон ҳангоми оббозӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик ғарқ шудаст. Ҷасади ноболиғро кормандони КҲФ пайдо карда, ба мақомоти милиса супоридаанд. Сеюмин ҳолати марги ноболиғ дар шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст. Як сокини 14-солаи деҳаи Ёва дар рӯдхонаи Сирдарё ғарқ шудааст, иттилоъ дод КҲФ. Ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба маротиб меафзояд, ки бештари қурбониён кӯдакҳо мебошанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз волидон даъват мекунад, ки фарзандони худро зери назорат гирифта, қоидаҳои рафтори бехатар дар обро ба онҳо фаҳмонанд.Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, танҳо дар маконҳои пешбинишуда барои оббозӣ шиноварӣ кунанд. Аз мушкилоти аслӣ дар ин бахш кам будани ҷойҳои махсуси барои оббозӣ пешбинишуда дар кишвар арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20240510/radu-barq-zhola-peshguii-havo-tojikiston-1062808618.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102293/26/1022932639_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_191671763840fd493c96351b763ecf02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат, ноболиғ, об, тоҷикистон, ғарқ, даъват, эҳтиёткорӣ
ҳалокат, ноболиғ, об, тоҷикистон, ғарқ, даъват, эҳтиёткорӣ
Ҳалокати се ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон аз се ҳолати марги ноболиғон дар обҳои кишвар тайи рӯзҳои охир хабар дода, шаҳрвандонро ба эҳтиёткорӣ даъват кардаст
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тайи шабонарӯзи охир ҷасади се ноболиғро аз обҳои ҷумҳурӣ берун овардаанд.
Ба иттилои КҲФ, аз ҷумла дар ноҳияи Айнӣ ҷасади як сокини 11-солаи вилояти Суғд, ки бар асари садама дар километри 118-уми шоҳроҳи Душанбе-Чанак ба об ғалтидаст, пайдо карда шуд.
Ҳамчунин рӯзи 9 май як сокини 15-солаи шаҳри Гулистон ҳангоми оббозӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик ғарқ шудаст. Ҷасади ноболиғро кормандони КҲФ пайдо карда, ба мақомоти милиса супоридаанд.
Сеюмин ҳолати марги ноболиғ дар шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст. Як сокини 14-солаи деҳаи Ёва дар рӯдхонаи Сирдарё ғарқ шудааст, иттилоъ дод КҲФ.
Ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба маротиб меафзояд, ки бештари қурбониён кӯдакҳо мебошанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз волидон даъват мекунад, ки фарзандони худро зери назорат гирифта, қоидаҳои рафтори бехатар дар обро ба онҳо фаҳмонанд.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, танҳо дар маконҳои пешбинишуда барои оббозӣ шиноварӣ кунанд. Аз мушкилоти аслӣ дар ин бахш кам будани ҷойҳои махсуси барои оббозӣ пешбинишуда дар кишвар арзёбӣ мегардад.