Тағйироти кадрӣ дар ВКД: Аз барканории Шоҳрух Саидзода то вазифаи нав

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаКадровые назначения в структурах Министерства внутренних дел
Кадровые назначения в структурах Министерства внутренних дел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2024
Обуна шудан
Дар қатори онҳое, ки барканору ба вазифаи нав таъйин шудааст, аз ҷумла генерал Шоҳрух Саидзода низ мебошад, ки то ҳол сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД буд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои навтаъйин дар вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи суҳбат анҷом додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза” таъйин шудаанд.
Инчунин сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия низ иваз карда шуданд.
Переговоры президентов Таджикистана и Узбекистана в расширенном составе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2024
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раҳмон писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифа барканор кард
Сардорони шуъбаҳои якум ва дуюм дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳо дар ноҳияи Дарвози ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Истиқлоли вилояти Суғд, Хуросон, Норак, Вахш, Қубодиён, Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон низ иваз шуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ - Роғун, Файзобод, Ҳисор ва Шаҳринав низ аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд.
Дар қатори онҳое, ки барканору ба вазифаи нав таъйин шудааст, аз ҷумла генерал Шоҳрух Саидзода низ мебошад, ки то ҳол сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД буд. Гуфта мешавад, ки ӯ сардори раёсати ВКД дар Душанбе таъйин шудаст.
Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар даъват карда, ба мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, терроризму ифротароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона, ҳифзи оромию субот дар ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вазифаҳои мушаххас гузошт.
Лентаи хабарҳо
0