https://sputnik.tj/20240514/rahmon-pisar-mahmadsaid-ubaydulloev-vazifa-barkanor-1062833414.html
Раҳмон писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифа барканор кард
Раҳмон писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифа барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар амри президент сабаби аз вазифа барканор шудани писари собиқ мири шаҳри Душанбе гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуд
2024-05-14T11:18+0500
2024-05-14T11:18+0500
2024-05-14T11:19+0500
тағйироти кадрӣ дар тоҷикистон
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/12/1062538837_0:12:1280:732_1920x0_80_0_0_4f1fda2e4127b70b96b490cdf62527cc.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармони амр тағйироти кадрӣ анҷом дод.Бо амри роҳбари давлат, Убайдулло Амирҷон Маҳмадсаид аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод карда шуд.Амри Эмомалӣ Раҳмонро дафтари матбуоти президент нашр кард. Дар он сабаби аз вазифа канор рафтани Амирҷон Маҳмадсаид гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуд, вале то ҳол маълум нест, ки ӯ ба кадом вазифа таъйин мешавад.Маврид ба зикр аст, ки писари Маҳмадсаид Убайдуллоев 5 сол инҷониб дар ин вазифа фаъолият мекард.Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон: Раҳмон аз мансабдорони нав чӣ хост?Илова бар ин, ӯ аз соли 2014 муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент буд. Қаблан ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул низ кор кардааст.Ҳамчунин, бо фармони дигари роҳбари давлат, Бобозода Умед барои муҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъйин гардид.Бобозода баъди соли 2007 дар вазифаҳои мушовири раисиҷумҳур, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди раисиҷумҳур кор кард.Пасон ба ҳайси мушовири бахши ҳуқуқии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ фаъолият намуда, соли 2019 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон пешниҳод шуд ва аз ҷониби парлумон пазируфта шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/12/1062538837_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_4d36f74a0bc7d0c56b6a955d13b0ac4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон писар маҳмадсаид убайдуллоев вазифа барканор
раҳмон писар маҳмадсаид убайдуллоев вазифа барканор
Раҳмон писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифа барканор кард
11:18 14.05.2024 (Навсозишуда: 11:19 14.05.2024) Дар амри президент сабаби аз вазифа барканор шудани писари собиқ мири шаҳри Душанбе гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармони амр тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Бо амри роҳбари давлат, Убайдулло Амирҷон Маҳмадсаид аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод карда шуд.
Амри Эмомалӣ Раҳмонро дафтари матбуоти президент нашр кард. Дар он сабаби аз вазифа канор рафтани Амирҷон Маҳмадсаид гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуд, вале то ҳол маълум нест, ки ӯ ба кадом вазифа таъйин мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки писари Маҳмадсаид Убайдуллоев 5 сол инҷониб дар ин вазифа фаъолият мекард.
Илова бар ин, ӯ аз соли 2014 муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент буд. Қаблан ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул низ кор кардааст.
Ҳамчунин, бо фармони дигари роҳбари давлат, Бобозода Умед барои муҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъйин гардид.
Бобозода баъди соли 2007 дар вазифаҳои мушовири раисиҷумҳур, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди раисиҷумҳур кор кард.
Пасон ба ҳайси мушовири бахши ҳуқуқии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ фаъолият намуда, соли 2019 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон пешниҳод шуд ва аз ҷониби парлумон пазируфта шуд.