https://sputnik.tj/20240606/rahmon-sozishnoma-tashkil-sozmon-zabon-rusiro-tasvib-1063117958.html
Раҳмон созишномаи ташкили созмон дар бораи забони русиро тасвиб кард
Раҳмон созишномаи ташкили созмон дар бораи забони русиро тасвиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон забони русӣ дар конститутсия сабт шудааст ва мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дорад, онро дар мактабҳо ва донишгоҳҳо меомӯзанд
2024-06-06T17:15+0500
2024-06-06T17:15+0500
2024-06-07T16:23+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
забони русӣ
маориф
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1d/1062269065_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_41d1077a5e75c8997a9ed5f6945b5be8.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Созишнома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар ин бора рӯзи 7 май раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармони дахлдор ба имзо расонд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Матни ин санад дар махзани иттилооти ҳуқуқии Тоҷикистон ҷойгир шудааст.Раҳмон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои ин созишнома чораҳо андешад ва ҳамчунин ба Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи анҷоми тамоми расмиёти дохилии кишвар барои эътибор пайдо кардани ин санад огоҳӣ фиристад. Ташаббуси таъсиси он дар соли 2022 аз ҷониби раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев буд. Сипас, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки қароргоҳи ин созмон дар Сочи ҷойгир шавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як нишасти хабарӣ дар моҳи январ гуфт, ки дари ин созмон барои ширкати ҳар давлати ҷаҳон боз аст, зеро забони русӣ дар тамоми қитъаҳо маъмул аст.Дар Тоҷикистон забони русӣ дар Қонуни асосӣ сабт шудааст ва мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дорад. Ҳама ҳуҷҷатҳои расмӣ ба забони русӣ нусхабардорӣ мешаванд, рӯзномаҳо нашр мешаванд, барномаҳо дар телевизион ва радио пахш мешаванд, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо омӯхта мешаванд. Ҳоло дар кишвар 59 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо раванди таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад. Дар 185 муассисаи таълимии дигар таълим ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳама донишҷӯён ду даври таҳсил забони русиро омӯзанд. Инчунин, 10 донишкадаи олӣ аз рӯи ихтисоси филологияи рус мутахассис тайёр мекунанд.Ёдовар мешавем, ки Русия барои бунёди 5 мактаб дар Тоҷикистон 150 миллион сармоягузорӣ карт. Онҳо аз 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода фаъолият доранд. Ҳар як муассисаи таълимӣ барои 1,2 ҳазор кӯдак пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20240229/rusiya-mablaghguzori-tabligh-zabon-rusi-idm-afzoish-1061881368.html
https://sputnik.tj/20240212/sharoit-tahsil-zabon-rusi-tojikiston-tasvirbayon-1061669131.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1d/1062269065_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_f6f20d33747fdeef8bd63d8480ae847a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон созишнома ташкил созмон забони русӣ тасвиб
раҳмон созишнома ташкил созмон забони русӣ тасвиб
Раҳмон созишномаи ташкили созмон дар бораи забони русиро тасвиб кард
17:15 06.06.2024 (Навсозишуда: 16:23 07.06.2024) Дар Тоҷикистон забони русӣ дар конститутсия сабт шудааст ва мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дорад, онро дар мактабҳо ва донишгоҳҳо меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Созишнома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Дар ин бора рӯзи 7 май раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармони дахлдор ба имзо расонд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Матни ин санад дар махзани иттилооти ҳуқуқии Тоҷикистон ҷойгир шудааст.
Раҳмон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои ин созишнома чораҳо андешад ва ҳамчунин ба Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи анҷоми тамоми расмиёти дохилии кишвар барои эътибор пайдо кардани ин санад огоҳӣ фиристад.
Ташаббуси таъсиси он дар соли 2022 аз ҷониби раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев буд.
Сипас, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки қароргоҳи ин созмон дар Сочи ҷойгир шавад.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як нишасти хабарӣ дар моҳи январ гуфт, ки дари ин созмон барои ширкати ҳар давлати ҷаҳон боз аст, зеро забони русӣ дар тамоми қитъаҳо маъмул аст.
Дар Тоҷикистон забони русӣ дар Қонуни асосӣ сабт шудааст ва мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дорад. Ҳама ҳуҷҷатҳои расмӣ ба забони русӣ нусхабардорӣ мешаванд, рӯзномаҳо нашр мешаванд, барномаҳо дар телевизион ва радио пахш мешаванд, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо омӯхта мешаванд.
Ҳоло дар кишвар 59 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо раванди таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад. Дар 185 муассисаи таълимии дигар таълим ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳама донишҷӯён ду даври таҳсил забони русиро омӯзанд.
Инчунин, 10 донишкадаи олӣ аз рӯи ихтисоси филологияи рус мутахассис тайёр мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия барои бунёди 5 мактаб дар Тоҷикистон 150 миллион сармоягузорӣ карт. Онҳо аз 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода фаъолият доранд. Ҳар як муассисаи таълимӣ барои 1,2 ҳазор кӯдак пешбинӣ шудааст.