https://sputnik.tj/20240229/rusiya-mablaghguzori-tabligh-zabon-rusi-idm-afzoish-1061881368.html
Русия маблағгузорӣ барои таблиғи забони русӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳонро афзоиш медиҳад
Русия маблағгузорӣ барои таблиғи забони русӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳонро афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, Русия равобити байналмилалӣ дар бахшҳои амният ва иқтисод, аз ҷумла бо кишварҳои БРИКС, кишварҳои арабӣ ва Африқоро идома медиҳад
2024-02-29T19:21+0500
2024-02-29T19:21+0500
2024-02-29T19:21+0500
дар русия
владимир путин
забони русӣ
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061232228_0:36:2857:1643_1920x0_80_0_0_1102e6bd48780208f628415fc140c4d9.jpg
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Ҳукумат бояд маблағгузории барномаҳои таблиғи забон ва фарҳанги русиро зиёд кунад. Ин фармонро раисиҷумҳури ин кишвар Владимир Путин дар чаҳорчӯби эъломи паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ ироа кард. Президент қайд кард, ки бе Русияи сохибихтиёру тавоно ягон тартиботи ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Вай гуфт, Русия равобити байнулмилалӣ дар заминаи амният ва иқтисод, аз ҷумла бо кишварҳои БРИКС, кишварҳои арабӣ ва Африқоро идома хоҳад дод.Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бартарии аҳамияти забон ва адабиёти русро дар тарбияи насли наврас таъкид карда буд. Ба гуфтаи ӯ, баланд бардоштани аҳамияти забон ва адабиёти рус яке аз авлавиятҳои асосии Ҷамъияти адабиёти рус аст - донистани забони русӣ ва донистани адабиёти рус барои ҷавонон имкониятҳои васеъ мекушояд.
https://sputnik.tj/20240212/sharoit-tahsil-zabon-rusi-tojikiston-tasvirbayon-1061669131.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061232228_64:0:2795:2048_1920x0_80_0_0_fd8f3d871f560582faba3a8aca1a1f7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия маблағгузорӣ таблиғ забони русӣ кишварҳо идм ҷаҳон афзоиш
русия маблағгузорӣ таблиғ забони русӣ кишварҳо идм ҷаҳон афзоиш
Русия маблағгузорӣ барои таблиғи забони русӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҷаҳонро афзоиш медиҳад
Путин гуфт, Русия равобити байналмилалӣ дар бахшҳои амният ва иқтисод, аз ҷумла бо кишварҳои БРИКС, кишварҳои арабӣ ва Африқоро идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Ҳукумат бояд маблағгузории барномаҳои таблиғи забон ва фарҳанги русиро зиёд кунад.
Ин фармонро раисиҷумҳури ин кишвар Владимир Путин дар чаҳорчӯби эъломи паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ ироа кард.
"Ман аз ҳукумат хоҳиш менамоям, ки маблағгузории барномаҳои байналмилалиро дар самти тарғиби забони русӣ ва фарҳанги сермиллати мо афзоиш диҳад. Пеш аз ҳама, албатта, дар ИДМ ва дар маҷмӯъ дар ҷаҳон", - гуфт сарвари давлат.
Президент қайд кард, ки бе Русияи сохибихтиёру тавоно ягон тартиботи ҷаҳонӣ имконнопазир аст.
Вай гуфт, Русия равобити байнулмилалӣ дар заминаи амният ва иқтисод, аз ҷумла бо кишварҳои БРИКС, кишварҳои арабӣ ва Африқоро идома хоҳад дод.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бартарии аҳамияти забон ва адабиёти русро дар тарбияи насли наврас таъкид карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, баланд бардоштани аҳамияти забон ва адабиёти рус яке аз авлавиятҳои асосии Ҷамъияти адабиёти рус аст - донистани забони русӣ ва донистани адабиёти рус барои ҷавонон имкониятҳои васеъ мекушояд.