Шароити таҳсил бо забони русӣ дар Тоҷикистон - тасвирбаён

Обуна шудан
Кӯдакон дар Тоҷикистон метавонанд якбора ба чанд забон дар таҳсил кунанд, аз ҷумла бисёре аз мактабҳои русӣ-тоҷикии дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд
Дар Тоҷикистон 59 мактаб мавҷуд аст, ки дар онҳо раванди таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад. Дар 185 муассисаи таълимии дигар таълим муштарак ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳама донишҷӯён бояд ду семестр забони русиро омӯзанд. Инчунин, 10 донишкадаи олӣ дар бахши филологияи рус мутахассис тайёр мекунад.
Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, инчунин намояндагиҳои се донишгоҳи пешқадами Маскав - Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов, Донишгоҳи Миллии Технологии Тадқиқот (МИСиС) ва Донишгоҳи Миллии Тадқиқот (MЭИ) фаъолият доранд.
Раҳмон сол муҳлат дод, то хизматчиён 2 забони хориҷӣ омӯзанд
Қаблан Русия ва Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд, ки барои ҷумҳурӣ дар заминаи марказҳо ва донишгоҳҳои муштарак омӯзгорон омода мекунанд. Аз Русия ба ҷумҳурӣ муаллимони забони русӣ, биология, физика ва химия меоянд.
Ёдовар мешавем, ки Русия барои бунёди 5 мактаб дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Онҳо аз 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода фаъолият доранд. Ҳар як муассисаи таълимӣ барои 1,2 ҳазор кӯдак пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0