https://sputnik.tj/20240606/hukumati-rusiya-ijro-sozishnomaho-sharikon-iiao-nazorat-1063116776.html
Ҳукумати Русия иҷрои созишномаҳоро бо шарикон дар ИИАО назорат мекунад
Ҳукумати Русия иҷрои созишномаҳоро бо шарикон дар ИИАО назорат мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мишустин ёдовар шуд, ки Русия ҳамеша як шарики масъулиятноки байналмилалӣ буд ва боқӣ мемонад ва албатта ба ин принсипҳо риоя хоҳад кард.
2024-06-06T14:47+0500
2024-06-06T14:47+0500
2024-06-06T14:47+0500
дар русия
ҳукумат
ииао
созишнома
назорат
михаил мишустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/05/1063110612_249:159:2908:1655_1920x0_80_0_0_7d7cde39f92d6b7c5971ce3f98b793f1.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Ҳукумати Русия иҷрои созишномаҳоро бо шарикон аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) бодиққат назорат хоҳад кард. Дар ин бора нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи Девони вазирони Русия хабар дод. Дар ҷаласаи ҳукумат ӯ натоиҷи сафари худ ба Беларусро ҷамъбаст карда, дар бораи ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё сухан гуфт.Сарвазир қайд кард, ки иштирокдорон оид ба рушди минбаъдаи комплексҳои кишоварзии кишварҳо ва барои таҳкими истиқлолият дар ин соҳа чӣ бояд кард, табодули афкор намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласа чӣ гуна пешрафт кардани ҳамгироии кишварҳо, инчунин масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, модернизатсияи инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Авруосиё, ҳамкорӣ дар бахшҳои танзими гумрукӣ, рақамикунонӣ, “инчунин тамоми ҷанбаҳои марбут ба ҳамлу нақли бор дар роҳи оҳан баррасӣ шуданд. "Ҳамкасбони мӯҳтарам, лутфан дар минтақаҳои худ назорат кунед, ки созишномаҳо бо панҷ шарик чӣ тавр иҷро мешаванд", - гуфт ӯ. Мишустин таъкид кард, ки Русия ҳамеша як шарики масъулиятноки байналмилалӣ буд ва боқӣ мемонад ва албатта ба ин принсипҳо пойбандӣ хоҳад кард.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эрон ба дарёфти мақоми нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ҳавасмандӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки феълан ба созмон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомиланд. Узбекистон, Куба ва Молдова мақоми нозири ин иттиҳодро доранд.
https://sputnik.tj/20240605/rohbaron-naqliyot-iiao-naqsha-sesolai-kori-1063099300.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/05/1063110612_177:0:2908:2048_1920x0_80_0_0_17f9c4dbe7fd29cba3d3866acb436004.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат русия иҷро созишномаҳо шарикон ииао назорат
ҳукумат русия иҷро созишномаҳо шарикон ииао назорат
Ҳукумати Русия иҷрои созишномаҳоро бо шарикон дар ИИАО назорат мекунад
Мишустин ёдовар шуд, ки Русия ҳамеша як шарики масъулиятноки байналмилалӣ буд ва боқӣ мемонад ва албатта ба ин принсипҳо риоя хоҳад кард.
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Ҳукумати Русия иҷрои созишномаҳоро бо шарикон аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) бодиққат назорат хоҳад кард.
Дар ин бора нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи Девони вазирони Русия хабар дод.
Дар ҷаласаи ҳукумат ӯ натоиҷи сафари худ ба Беларусро ҷамъбаст карда, дар бораи ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё сухан гуфт.
Сарвазир қайд кард, ки иштирокдорон оид ба рушди минбаъдаи комплексҳои кишоварзии кишварҳо ва барои таҳкими истиқлолият дар ин соҳа чӣ бояд кард, табодули афкор намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа чӣ гуна пешрафт кардани ҳамгироии кишварҳо, инчунин масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, модернизатсияи инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Авруосиё, ҳамкорӣ дар бахшҳои танзими гумрукӣ, рақамикунонӣ, “инчунин тамоми ҷанбаҳои марбут ба ҳамлу нақли бор дар роҳи оҳан баррасӣ шуданд.
"Ҳамкасбони мӯҳтарам, лутфан дар минтақаҳои худ назорат кунед, ки созишномаҳо бо панҷ шарик чӣ тавр иҷро мешаванд", - гуфт ӯ.
Мишустин таъкид кард, ки Русия ҳамеша як шарики масъулиятноки байналмилалӣ буд ва боқӣ мемонад ва албатта ба ин принсипҳо пойбандӣ хоҳад кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Эрон ба дарёфти мақоми нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ҳавасмандӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки феълан ба созмон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомиланд. Узбекистон, Куба ва Молдова мақоми нозири ин иттиҳодро доранд.