Роҳбарони бахши нақлиёт дар ИИАО нақшаи сесолаи кориро таҳия доранд

© iStock.com \ Milos-MullerГрузовики на шоссе
Грузовики на шоссе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2024
Обуна шудан
Пойтахти Арманистон мизбони ҷаласаи 7-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти ваколатдор дар соҳаи нақлиёт шуд, ки ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ равона шудааст
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Роҳбарони бахши нақлиёти кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё лоиҳаи харитаи роҳи ҳамкорӣ дар ин соҳа барои солҳои 2024-2026 таҳия намуданд.
Вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев дар ҳамоиш аз зарурати чунин мулоқотҳои рӯбарӯ гуфт.
"Ман боварӣ дорам, ки мо метавонем дар бораи нуктаҳои мувофиқанашудаи ҳуҷҷат ба тавофуқ бирасем. Тасдиқи он дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё бениҳоят муҳим аст”, - таъкид кард Кожошев.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба харитаи роҳ тадбирҳо оид ба таҳияи лоиҳаи консепсияи рушди ҳамлу нақли контейнерӣ дар кишварҳои узви Иттиҳод то соли 2035 ворид карда шаванд.
Ҳамчунин барои рафъи ихтилофоти боқимонда оид ба таъсис ва фаъолияти бозори умумии хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ дар доираи иттиҳодия, дар нимаи дуюми моҳи июни соли 2024 баргузории нишасти сатҳи баланд дар назар гирифта шуд, иттилоъ дод Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Визит премьер-министра Михаила Мишустина в Белоруссию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2024
Мишустин хостори механизми ягонаи танзим дар ИИАО бо ҷалби кишварҳои ИДМ шуд
Шӯрои раҳбарон ҳамчунин дар бораи механизм ва модели идоракунии долонҳои нақлиётии Авруосиё қарорҳои муҳим қабул карданд.
Дар робита ба татбиқи созишнома дар бораи истифодаи пломбаҳои навигатсионӣ дар ИИАО, таҷрибаи Беларус ва Россия дар мавриди истифодаи пломбаҳои навигатсионӣ нисбат ба баъзе категорияҳои молҳо ба назар гирифта шуд.
Кожошев бо истиқбол аз самаранокии раванди гуфтушуниди роҳбарони бахши нақлиёт, илова намуд, ки чунин мулоқотҳои рӯбарӯ ҳалли масоилро метезонанд.
Лентаи хабарҳо
0