https://sputnik.tj/20240605/zabondoni-muhojiron-farzandonashon-siyosat-muhojirat-rusiya-1063096664.html
Аз забондонии муҳоҷирон то шиносномафурӯшию ихроҷ: Баҳси сиёсати муҳоҷиратӣ дар Русия
Аз забондонии муҳоҷирон то шиносномафурӯшию ихроҷ: Баҳси сиёсати муҳоҷиратӣ дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи вижаи Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия дар масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон, сиёсати муҳоҷиратӣ баррасӣ гардид
2024-06-05T12:01+0500
2024-06-05T12:01+0500
2024-06-05T12:02+0500
дар русия
муҳоҷират
таҳсил
забон
забони русӣ
шиноснома
харидорӣ
пешгирии ҷиноят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1d/1062259111_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_7086a73976803e56070d09d32266431e.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Русия таҷрибаи хариди шаҳодатномаи донистани забони русиро қатъ кардан лозим аст, ки амалан ба хариди шиносномаи кишвар аз сӯи муҳоҷирон баробар аст. Ин нуктаро раиси Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия дар масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон, Валерий Фадеев зимни ҷаласаи вижаи ин ниҳод таъкид кард. Дар ҷаласа ҳамчунин сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷирон низ баррасӣ гардид. Зиёда аз 10%-и кӯдакони муҳоҷир пас аз анҷоми соли таҳсил забони русиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд. Ин тақрибан 25 ҳазор мактаббача аст, гуфт мудири департаменти сиёсати давлатӣ ва идора дар соҳаи таҳсилоти умумии Вазорати маориф Алексей Благинин. Барои ин гуна кӯдакон механизмҳои иловагии омӯзиши забони русиро ҷорӣ кардан лозим аст, таъкид кард ӯ.Дар донишгоҳҳои омӯзгории Русия модули ҳатмии кор бо муҳоҷирон ҷорӣ мешавад, хабар дод Благинин. Ба гуфтаи ӯ, онҳо ҳамчунин бозомӯзии омӯзгорони мактабҳоро, ки аллакай дар низоми кор бо муҳоҷирон кор мекунанд, ба ӯҳда мегиранд.Ҳамчунин масъалаи ихроҷи муҳоҷироне баррасӣ шуд, ки даст ба ҷинояткорӣ дар Русия мезананд. Зикр шудаст, ки теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда барои даст задан ба ҷинояткорӣ ба андозаи сеяк афзоиш ёфт. Дар семоҳаи аввал нисбати хориҷиён 38 ҳазор протокол тартиб дода шуд, гуфт Андрей Авезов, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия. Дар маҷмӯъ беш аз 490 ҳазор қонуншиканӣ ошкор шуд, афзуд ӯ.
https://sputnik.tj/20240604/shahrvandigiri-oson-rusiya-mutakhassison-donanda-zabon-1063090892.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/1d/1062259111_345:0:3076:2048_1920x0_80_0_0_fa1637d72561704b5509139cebf29eb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат, муҳоҷират, русия, шаҳрвандӣ, забондонӣ, русӣ
сиёсат, муҳоҷират, русия, шаҳрвандӣ, забондонӣ, русӣ
Аз забондонии муҳоҷирон то шиносномафурӯшию ихроҷ: Баҳси сиёсати муҳоҷиратӣ дар Русия
12:01 05.06.2024 (Навсозишуда: 12:02 05.06.2024) Дар ҷаласаи вижаи Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия дар масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон, сиёсати муҳоҷиратӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Русия таҷрибаи хариди шаҳодатномаи донистани забони русиро қатъ кардан лозим аст, ки амалан ба хариди шиносномаи кишвар аз сӯи муҳоҷирон баробар аст.
Ин нуктаро раиси Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия дар масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон, Валерий Фадеев зимни ҷаласаи вижаи ин ниҳод таъкид кард.
"Аввалин чизе, ки муҳоҷир дар Русия ба он рӯбарӯ мешавад, ин фасод аст. Аллакай як қатор ҷиноятҳои марбут ба дарёфти ғайриқонунии ин аснод ошкор шудааст, ки воқеан баробари хариди шаҳрвандии Русия аст", - гуфт ӯ.
Дар ҷаласа ҳамчунин сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷирон низ баррасӣ гардид.
Зиёда аз 10%-и кӯдакони муҳоҷир пас аз анҷоми соли таҳсил забони русиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд. Ин тақрибан 25 ҳазор мактаббача аст, гуфт мудири департаменти сиёсати давлатӣ ва идора дар соҳаи таҳсилоти умумии Вазорати маориф Алексей Благинин.
Барои ин гуна кӯдакон механизмҳои иловагии омӯзиши забони русиро ҷорӣ кардан лозим аст, таъкид кард ӯ.
Дар донишгоҳҳои омӯзгории Русия модули ҳатмии кор бо муҳоҷирон ҷорӣ мешавад, хабар дод Благинин. Ба гуфтаи ӯ, онҳо ҳамчунин бозомӯзии омӯзгорони мактабҳоро, ки аллакай дар низоми кор бо муҳоҷирон кор мекунанд, ба ӯҳда мегиранд.
Ҳамчунин масъалаи ихроҷи муҳоҷироне баррасӣ шуд, ки даст ба ҷинояткорӣ дар Русия мезананд. Зикр шудаст, ки теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда барои даст задан ба ҷинояткорӣ ба андозаи сеяк афзоиш ёфт.
Дар семоҳаи аввал нисбати хориҷиён 38 ҳазор протокол тартиб дода шуд, гуфт Андрей Авезов, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия. Дар маҷмӯъ беш аз 490 ҳазор қонуншиканӣ ошкор шуд, афзуд ӯ.