https://sputnik.tj/20240604/shahrvandigiri-oson-rusiya-mutakhassison-donanda-zabon-1063090892.html
Шаҳрвандигирии осон дар Русия барои мутахассисон ва донандаҳои забони русӣ лағв шуд
Шаҳрвандигирии осон дар Русия барои мутахассисон ва донандаҳои забони русӣ лағв шуд
Sputnik Тоҷикистон
Тартиби эътирофи шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун баранда ё худ донандаи забони русӣ соли гузашта бекор шуда, аммо як қатор қонунҳо имтиёзҳоеро ҳанӯз пешбинӣ мекарданд
2024-06-04T16:41+0500
2024-06-04T16:41+0500
2024-06-04T16:55+0500
дар русия
қонун
лоиҳа
тағйирот
шаҳрвандӣ
муҳоҷират
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1d/1063016529_0:208:2903:1841_1920x0_80_0_0_b8b8628d062c5d18c3384261db2e083b.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ дигар наметавонанд мақоми донандаи забони русӣ ва афзалиятҳои ба он алоқамандро ба даст оранд. Лоиҳаи қонуни дахлдор барои баррасӣ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст. Гуфта мешавад, ки мӯҳлатҳои дарёфти иҷозаи иқомат аз ҷониби мутахассисони варзида низ таҳрир шуда, шаҳрвандигирии осон барои ин гуруҳ дар таҳрири нав умуман пешбинӣ нашудааст. Муаллифони ҳуҷҷат чунин тағйирот дар қонунгузориро бо он шарҳ медиҳанд, ки мутахассисони хориҷӣ ба категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, шомил нестанд. "Консепсия, пешниҳоди шаҳрвандии Русияро дар асоси меъёрҳои расмӣ дар назар надорад, ки мавҷудияти робитаи воқеии байни шахс ва ФР-ро ба назар намегирад", - қайд карданд созандагони лоиҳа. Қаблан, пас аз тасдиқи мақоми барандаи забони русӣ, хориҷӣ метавонист барои гирифтани иҷозатномаи иқомат ва шаҳрвандии Русия муроҷиат кунад. Тартиби эътирофи шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун барандаи забони русӣ соли гузашта лағв шуд, аммо як қатор қонунҳо имтиёзҳоеро дар бар мегирифтанд, ки дорандаи ин мақом метавонистанд онро гиранд.Тағйироти тадриҷии қонунгузорӣ ба шахсоне, ки то ворид шудани навгониҳо мақоми барандаи забони русиро гирифтаанд, имкон дод, ки аз имкониятҳои пешбининамудаи қонун барои гирифтани иҷозатномаи истиқомат ва шаҳрвандии Русия истифода баранд.
https://sputnik.tj/20240521/ipoteka-muhojir-kazanforum-tojikiston-1062905948.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1d/1063016529_87:0:2818:2048_1920x0_80_0_0_b6a2b1673ad62ea32b808dffcdadaab1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тайғирот, қонун, шаҳрвандигирӣ, афзоиш, забон, русӣ, равобит
тайғирот, қонун, шаҳрвандигирӣ, афзоиш, забон, русӣ, равобит
Шаҳрвандигирии осон дар Русия барои мутахассисон ва донандаҳои забони русӣ лағв шуд
16:41 04.06.2024 (Навсозишуда: 16:55 04.06.2024) Тартиби эътирофи шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун баранда ё худ донандаи забони русӣ соли гузашта бекор шуда, аммо як қатор қонунҳо имтиёзҳоеро ҳанӯз пешбинӣ мекарданд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ дигар наметавонанд мақоми донандаи забони русӣ ва афзалиятҳои ба он алоқамандро ба даст оранд.
Лоиҳаи қонуни дахлдор барои баррасӣ ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст.
Гуфта мешавад, ки мӯҳлатҳои дарёфти иҷозаи иқомат аз ҷониби мутахассисони варзида низ таҳрир шуда, шаҳрвандигирии осон барои ин гуруҳ дар таҳрири нав умуман пешбинӣ нашудааст.
Муаллифони ҳуҷҷат чунин тағйирот дар қонунгузориро бо он шарҳ медиҳанд, ки мутахассисони хориҷӣ ба категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, шомил нестанд.
"Консепсия, пешниҳоди шаҳрвандии Русияро дар асоси меъёрҳои расмӣ дар назар надорад, ки мавҷудияти робитаи воқеии байни шахс ва ФР-ро ба назар намегирад", - қайд карданд созандагони лоиҳа.
Қаблан, пас аз тасдиқи мақоми барандаи забони русӣ, хориҷӣ метавонист барои гирифтани иҷозатномаи иқомат ва шаҳрвандии Русия муроҷиат кунад. Тартиби эътирофи шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун барандаи забони русӣ соли гузашта лағв шуд, аммо як қатор қонунҳо имтиёзҳоеро дар бар мегирифтанд, ки дорандаи ин мақом метавонистанд онро гиранд.
Тағйироти тадриҷии қонунгузорӣ ба шахсоне, ки то ворид шудани навгониҳо мақоми барандаи забони русиро гирифтаанд, имкон дод, ки аз имкониятҳои пешбининамудаи қонун барои гирифтани иҷозатномаи истиқомат ва шаҳрвандии Русия истифода баранд.