https://sputnik.tj/20240605/rahmon-maskav-ofat-tabii-hujumi-malakh-tojikiston-1063098626.html
Раҳмон дар Маскав, офатҳои табиӣ, ҳуҷуми малах ва дигар воқеот – май дар Тоҷикистон
Раҳмон дар Маскав, офатҳои табиӣ, ҳуҷуми малах ва дигар воқеот – май дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар аввали май сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сурат гирифт. Натиҷаҳои сафар ва воқеоти муҳими дигари моҳ дар матлаби Sputnik Тоҷикистон
2024-06-05T14:14+0500
2024-06-05T14:14+0500
2024-06-06T17:48+0500
дар тоҷикистон
ҷамъбаст
моҳи май
ҳуҷуми малах
дзюдо
барқ
иқтисод
сел
оқибати офатҳои табиӣ
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063094889_0:272:3158:2048_1920x0_80_0_0_de9aedca8449dafd3a7e67518c2d55c5.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Моҳи охири баҳор барои Тоҷикистон душвориҳо овард, боронгариҳои зиёд боиси фаромадани сел, ярч ва обхезӣ гардид. Ба вилояти Хатлон бошад, лашкари малах ҳуҷум кард.Дар бораи ин ва дигар рӯйдодҳо дар матлаби ҷамъбастии моҳ дар Sputnik Тоҷикистон бихонед.Музокироти Путин ва РаҳмонОғози моҳ бо сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав, ки дар паради идона ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат дошт, хотирмон шуд.Сафар бо даъвати раҳбари Русия Владимир Путин сурат гирифт. Ва сарони Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Куба, Лаос ва Гвинея низ ба маросими тантанавӣ ташриф оварданд.Пас аз қисми асосии чорабиниҳо Путин ва Раҳмон бори дигар мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки байни шӯъбаҳои дахлдор ҳамкорӣ бештар густариш дода шавад. Пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус ин мавзӯъ дар тамосҳои ҷонибҳои Русия ва Тоҷикистон мавзӯи асосӣ ба шумор меравад.Масъалаи муҳоҷирати корӣ барои Душанбе муҳимаст, зеро пуле, ки тоҷикон ба ватанашон мефиристанд, ба миллионҳо хонавода даромад оварда, ба иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузорад.Колоколтсев ба Душанбе сафар кардИдомаи мантиқии музокироти Путин ва Раҳмонро метавон боздиди вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев ба Душанбе номид.Барномаи сафари корӣ хеле серҷанбаъ буд: нахуст Колоколтсев бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард, сипас дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ ширкат кард, сипас бо ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода суҳбат кард ва дар ниҳоят намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Федератсияи Русияро ифтитоҳ кард.Хадамоти нави Вазорати корҳои дохилии Русияро метавон як қадами муҳим дар равобити дуҷониба номид. Путин ва Раҳмон се сол қабл барои ба кор андохтани он супориш дода буданд.Тавре дар Вазорати меҳнат зикр карданд, намояндагӣ имкон медиҳад, ки ҷалби муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русияро рӯи кор оварда шавад. Ҳамин тариқ, онҳое, ки барои дарёфти пул сафар мекунанд, оид ба қонунгузорӣ, имтиҳонҳои ҳатмӣ, сабти патент ва иҷозаи иқомат машварати ҳуқуқӣ мегиранд ва инчунин аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Гузашта аз ин, дар ин ҷо метавонанд изи ангуштро гиранд ва бифаҳманд, ки оё вуруд ба Русия барояшон мамнӯъ аст ё не ва ҳангоми убури сарҳад ба мушкилот дучор нашаванд.Ба қавли Колоколтсев, ин усул муроҷиат ба миёнаравҳои тасодуфиро хеле коҳиш медиҳад ва ҳамчунин вақт, хароҷоти ташкилӣ ва молии муҳоҷирон аз Тоҷикистонро ба таври қобили мулоҳиза камтар мекунад.Форуми Қазон ва дурнамо барои ТоҷикистонНимаи моҳи май дар Қазон форуми байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом" баргузор шуд. Чорабинӣ воқеан умумиҷаҳонӣ гардид, намояндагони 87 кишвари ҷаҳон дар пойтахти Тотористон ҷамъ омаданд ва шумораи ширкаткунандагон аз 20 ҳазор нафар гузашт.Барномаи тиҷоратии KazanForum аз 12 мавзӯъ иборат буд: ҳамкориҳои байналмилалӣ, иқтисод, сайёҳӣ, тиҷорат, илм ва технология, молия ва сармоягузории исломӣ, варзиш, саноати ҳалол ва ғайра.Барои Тоҷикистон, як иштирокчии муҳими чорабинӣ, ин ҳамоиш бо бахши иқтисодии худ хотирмон шуд. Гап сари он аст, ки дар чаҳорчӯби KazanForum ҷаласаи "Муколамаи саноатӣ" баргузор шуд, ки дар он аз ҷониби намояндагони соҳибкории бузурги Русия ва Тоҷикистон чанд пешниҳоди барномавӣ садо доданд ва лоиҳаҳои бузурге эълон шуданд, ки барои ҳам Маскав ва ҳам Душанбе муҳиманд.Яке аз масъалаҳои калидӣ, албатта, муҳоҷирати меҳнатӣ буд – мавзӯъе, ки барои ҳарду ҷониб ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ тезу тунд ва муҳим аст.Ҳамин тариқ, раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев аз ширкатҳои русӣ даъват кард, ки бо муассисаҳои таълимии тахассусии Тоҷикистон дар омода кардани мутахасисҳо ба бевосита ҳамкорӣ кунанд. Ӯ қайд кард, ки ширкатҳо баъзе муассисаҳои касбии техникии ҷумҳуриро сарпарастӣ карда, метавонанд, бо тарбияи коргарон ва мутахасисони оянда ба фаъолияти худи корхонаҳо таъсири мусбат расонанд.Илова бар ин, дар ҳошияи ҳамоиш миёни вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Тотористон дар бораи рушд ва таҳкими равобити мутақобилан судманд як ёддошти тафоҳум ба имзо расид.Интизор меравад, иҷрои тафоҳумномаи имзошуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Тотористон садҳо ҷои корӣ бо маоши хуб ва дастрасӣ ба амнияти иҷтимоӣ фароҳам меорад ва ба беҳбудсозии хадамоти мусофирбарӣ барои сокинони чанд шаҳри ҷанубу шарқииТотористон мусоидат мекунад.Офатҳои табиӣМоҳи май дар хотири сокинони Точикистонро бо офатҳои табиӣ хоҳанд монд. Дар ҷумҳурӣ боронҳоисахт борида, боиси омадани сел, ярч ва обхезӣ гардиданд. Баъзе купрӯкҳо ва роҳҳо вайрон шуда, заминҳои кишт ва хонаҳо зери об монданд. Бахусус, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон, инчунин шоҳроҳи Душанбе-Чанок осеб диданд.Дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе ва НТҶ сокинон бе оби ошомиданӣ монданд. Тавре аз шӯъбаи обтаъминкунӣ шарҳ доданд, ба далели селу ярч оби дарё лойолуд шуд, бинобар ин, барои тоза кардан ва безараргардонӣ интиқоли он муваққатан қатъ карда шуд.Барқарорсозии инфрасохтор пас аз ҳолати изтирорӣ таҳти назорати шахсии президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ӯ бо дарёфти ҳисобот аз роҳбарони вилоятҳо дастур дод, ки ба аҳолӣ кӯмакҳои зарурии башардӯстона расонида, хисороти расида ҷуброн карда, манотиқи харобшуда фавран таъмир карда шавад.Ҳуҷуми малахБа вилояти Хатлон тӯдаи бузурги малахи марокашӣ, ки мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз бо он мубориза мебаранд, ҳуҷум кард. Коршиносон бар ин назаранд, ки имсол низ ин мушкил ҳал намешавад. Зиёда аз 47 ҳазор гектарро ҳашарот "забт" кардааст, ки чунин солҳои қабл руй надода буд. Нобудкунандагони малах бекор наменишинанд, қисми зиёди заминҳо аллакай бо доруҳои зидди паразитҳо коркард шуд."Ҳуҷуми малах махсусан дар ноҳияҳои Вахш, Шаҳритус, Данғара, Фархор, Кӯшониён ва Панҷ боиси нигаронии ҷиддист", - гуфтанд дар маркази матбуотии вилоят.Мақомот ҳоло вазъро назорат мекунанд, аммо лонаи ҳашароти зараррасонро ёфта, нест кардан лозим аст, то насли нав пайдо нашавад. Коршиносон қайд мекунанд, ки ҳатто кишварҳои пешрафтаи дорои фанновариҳои пешрафта бо ин мушкилот рӯбарӯ ҳастанд ва барои аз байн бурдани ҳашарот ҳар сол нобудсозии онро давом додан лозим аст.Grand Slam ДушанбеДар Душанбе як рӯйдоди бошукӯҳ рух дод,– бори нахуст дар Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо " Grand Slam" баргузор шуд, ки ситораҳои ҷаҳонии ин навъи варзишро гирди ҳам овард. Дар маросими ифтитоҳ ғолиби намоиши маъруфи телевизионии Русия "Ну-ка, все вместе!" Фаррух Хасанов суруд хонд.Бонувони ҷудокори тоҷик мутаасифона бебарор баромад карданд, аммо мардон - Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Обид Ҷебов ва Муллораҷаб Халифаев ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гирифтанд. Барандаи медали асосӣ Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ки рақибаш аз Қазоқистонро шикаст дод, ба таври иловагӣ 1000 имтиёзи олимпӣ гирифт.Лимити барқ бардошта шуд, вале сокинон шикоят дорандАз рӯзи 7 май дар Тоҷикистон лимити барқ лағв шуд. Тавре Бахтиёр Раҳматзода, муовини сардори Шабакаҳои тақсимоти барқ қайд кард, аз ин баъд аҳолӣ "24 соат дар шабонарӯз ба нерӯи барқ дастрасӣ хоҳад дошт".Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои Sputnik Тоҷикистон аз қатъи нерӯи барқ на танҳо дар минтақаҳо, балки дар худи Душанбе низ шикоят мекунанд. Намояндагони шабакаҳои барқӣ баҳонаи оддӣ пеш меоваранд, ки сабаб баргузории корҳои техникӣ мебошад.Бо як сархатАнъанаи “идгардак” ҳангоми идҳои динии Иди Фитр ва Иди Қурбон (вақте ки кӯдакон хона ба хона гашта, тӯҳфа ҷамъ мекунанд) дар Тоҷикистон акнун ба хотири сарфаи маблағ дар сатҳи давлатӣ мамнӯъ шудааст. Дар ҳамин ҳол, кӯдакон ҳанӯз ҳам аз субҳи барвақт хона ба хона давр мезаданд ва дарҳоро мекӯфтанд.Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2024" баргузор шуд, ки дар он маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, 65 ширкати маъруф аз кишварҳоиРусия, Белорус, Узбекистон, Туркманистон, Чин ва Эрон маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар он ҳама чиз ёфта мешуд- аз мошинҳо ва олоти кишоварзӣ то косметика.Бошгоҳи "Истиқлол"-и пойтахт бо пирӯзӣ бар "Равшан"-и Кӯлоб бори 12-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2024 гардид.Акнун Тоҷикистон ва Узбекистонро 2 хатсайри нави дигар пайваст мекунанд. Аз Душанбе бо автобус ба Бухоро ва Самарканд сафар кардан мумкин аст. Айни замон танҳо хатсайр аз Хуҷанд ба Тошканд амал мекунад.КҲФ барномаи "SOS"-ро расман ба кор андохтааст, ки дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, тағирёбии ногаҳонии обу ҳаво ва ҳолатҳои фавқулодда дар саросари кишвар огоҳ мекунад. Он инчунин ҳама гуна маълумоти муфид ва дастурҳоро оид ба чӣ гуна амал кардан дар ҳолатҳои изтирорӣдар бар мегирад. Барнома барои Android ва iOS тарҳрезӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20240605/zabondoni-muhojiron-farzandonashon-siyosat-muhojirat-rusiya-1063096664.html
https://sputnik.tj/20240604/shahrvandigiri-oson-rusiya-mutakhassison-donanda-zabon-1063090892.html
https://sputnik.tj/20240604/mishustin-khostor-mekhanizm-tanzim-iiao-idm-1063087746.html
https://sputnik.tj/20240602/havosanjon-havo-moh-iun-tojikiston-1063067245.html
https://sputnik.tj/20240530/khatar-vazorat-muboriza-malakh-piruz-1063032141.html
https://sputnik.tj/20240604/narkh-gaz-tojikiston-kame-poyon-1063085077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063094889_255:0:2986:2048_1920x0_80_0_0_2fb2de3a1713f8ed6be8d96f2de07dbc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷамъбаст, май, малах, барқ, обхезӣ.
тоҷикистон, ҷамъбаст, май, малах, барқ, обхезӣ.
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Моҳи охири баҳор барои Тоҷикистон душвориҳо овард, боронгариҳои зиёд боиси фаромадани сел, ярч ва обхезӣ гардид. Ба вилояти Хатлон бошад, лашкари малах ҳуҷум кард.
Дар бораи ин ва дигар рӯйдодҳо дар матлаби ҷамъбастии моҳ дар Sputnik Тоҷикистон бихонед.
Музокироти Путин ва Раҳмон
Оғози моҳ бо сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав, ки дар паради идона ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат дошт, хотирмон шуд.
Сафар бо даъвати раҳбари Русия Владимир Путин сурат гирифт. Ва сарони Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Куба, Лаос ва Гвинея низ ба маросими тантанавӣ ташриф оварданд.
Пас аз қисми асосии чорабиниҳо Путин ва Раҳмон бори дигар мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки байни шӯъбаҳои дахлдор ҳамкорӣ бештар густариш дода шавад. Пас аз ҳамлаи террористӣ дар Крокус ин мавзӯъ дар тамосҳои ҷонибҳои Русия ва Тоҷикистон мавзӯи асосӣ ба шумор меравад.
Масъалаи муҳоҷирати корӣ барои Душанбе муҳимаст, зеро пуле, ки тоҷикон ба ватанашон мефиристанд, ба миллионҳо хонавода даромад оварда, ба иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Колоколтсев ба Душанбе сафар кард
Идомаи мантиқии музокироти Путин ва Раҳмонро метавон боздиди вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев ба Душанбе номид.
Барномаи сафари корӣ хеле серҷанбаъ буд: нахуст Колоколтсев бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард, сипас дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ ширкат кард, сипас бо ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода суҳбат кард ва дар ниҳоят намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Федератсияи Русияро ифтитоҳ кард.
Хадамоти нави Вазорати корҳои дохилии Русияро метавон як қадами муҳим дар равобити дуҷониба номид. Путин ва Раҳмон се сол қабл барои ба кор андохтани он супориш дода буданд.
Тавре дар Вазорати меҳнат зикр карданд, намояндагӣ имкон медиҳад, ки ҷалби муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русияро рӯи кор оварда шавад. Ҳамин тариқ, онҳое, ки барои дарёфти пул сафар мекунанд, оид ба қонунгузорӣ, имтиҳонҳои ҳатмӣ, сабти патент ва иҷозаи иқомат машварати ҳуқуқӣ мегиранд ва инчунин аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Гузашта аз ин, дар ин ҷо метавонанд изи ангуштро гиранд ва бифаҳманд, ки оё вуруд ба Русия барояшон мамнӯъ аст ё не ва ҳангоми убури сарҳад ба мушкилот дучор нашаванд.
Ба қавли Колоколтсев, ин усул муроҷиат ба миёнаравҳои тасодуфиро хеле коҳиш медиҳад ва ҳамчунин вақт, хароҷоти ташкилӣ ва молии муҳоҷирон аз Тоҷикистонро ба таври қобили мулоҳиза камтар мекунад.
Форуми Қазон ва дурнамо барои Тоҷикистон
Нимаи моҳи май дар Қазон форуми байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом" баргузор шуд. Чорабинӣ воқеан умумиҷаҳонӣ гардид, намояндагони 87 кишвари ҷаҳон дар пойтахти Тотористон ҷамъ омаданд ва шумораи ширкаткунандагон аз 20 ҳазор нафар гузашт.
Барномаи тиҷоратии KazanForum аз 12 мавзӯъ иборат буд: ҳамкориҳои байналмилалӣ, иқтисод, сайёҳӣ, тиҷорат, илм ва технология, молия ва сармоягузории исломӣ, варзиш, саноати ҳалол ва ғайра.
Барои Тоҷикистон, як иштирокчии муҳими чорабинӣ, ин ҳамоиш бо бахши иқтисодии худ хотирмон шуд. Гап сари он аст, ки дар чаҳорчӯби KazanForum ҷаласаи "Муколамаи саноатӣ" баргузор шуд, ки дар он аз ҷониби намояндагони соҳибкории бузурги Русия ва Тоҷикистон чанд пешниҳоди барномавӣ садо доданд ва лоиҳаҳои бузурге эълон шуданд, ки барои ҳам Маскав ва ҳам Душанбе муҳиманд.
Яке аз масъалаҳои калидӣ, албатта, муҳоҷирати меҳнатӣ буд – мавзӯъе, ки барои ҳарду ҷониб ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ тезу тунд ва муҳим аст.
Ҳамин тариқ, раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев аз ширкатҳои русӣ даъват кард, ки бо муассисаҳои таълимии тахассусии Тоҷикистон дар омода кардани мутахасисҳо ба бевосита ҳамкорӣ кунанд.
Ӯ қайд кард, ки ширкатҳо баъзе муассисаҳои касбии техникии ҷумҳуриро сарпарастӣ карда, метавонанд, бо тарбияи коргарон ва мутахасисони оянда ба фаъолияти худи корхонаҳо таъсири мусбат расонанд.
Илова бар ин, дар ҳошияи ҳамоиш миёни вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Тотористон дар бораи рушд ва таҳкими равобити мутақобилан судманд як ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Интизор меравад, иҷрои тафоҳумномаи имзошуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Тотористон садҳо ҷои корӣ бо маоши хуб ва дастрасӣ ба амнияти иҷтимоӣ фароҳам меорад ва ба беҳбудсозии хадамоти мусофирбарӣ барои сокинони чанд шаҳри ҷанубу шарқииТотористон мусоидат мекунад.
Моҳи май дар хотири сокинони Точикистонро бо офатҳои табиӣ хоҳанд монд. Дар ҷумҳурӣ боронҳоисахт борида, боиси омадани сел, ярч ва обхезӣ гардиданд. Баъзе купрӯкҳо ва роҳҳо вайрон шуда, заминҳои кишт ва хонаҳо зери об монданд. Бахусус, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон, инчунин шоҳроҳи Душанбе-Чанок осеб диданд.
Дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе ва НТҶ сокинон бе оби ошомиданӣ монданд. Тавре аз шӯъбаи обтаъминкунӣ шарҳ доданд, ба далели селу ярч оби дарё лойолуд шуд, бинобар ин, барои тоза кардан ва безараргардонӣ интиқоли он муваққатан қатъ карда шуд.
Барқарорсозии инфрасохтор пас аз ҳолати изтирорӣ таҳти назорати шахсии президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ӯ бо дарёфти ҳисобот аз роҳбарони вилоятҳо дастур дод, ки ба аҳолӣ кӯмакҳои зарурии башардӯстона расонида, хисороти расида ҷуброн карда, манотиқи харобшуда фавран таъмир карда шавад.
Ба вилояти Хатлон тӯдаи бузурги малахи марокашӣ, ки мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз бо он мубориза мебаранд, ҳуҷум кард. Коршиносон бар ин назаранд, ки имсол низ ин мушкил ҳал намешавад. Зиёда аз 47 ҳазор гектарро ҳашарот "забт" кардааст, ки чунин солҳои қабл руй надода буд. Нобудкунандагони малах бекор наменишинанд, қисми зиёди заминҳо аллакай бо доруҳои зидди паразитҳо коркард шуд.
"Ҳуҷуми малах махсусан дар ноҳияҳои Вахш, Шаҳритус, Данғара, Фархор, Кӯшониён ва Панҷ боиси нигаронии ҷиддист", - гуфтанд дар маркази матбуотии вилоят.
Мақомот ҳоло вазъро назорат мекунанд, аммо лонаи ҳашароти зараррасонро ёфта, нест кардан лозим аст, то насли нав пайдо нашавад. Коршиносон қайд мекунанд, ки ҳатто кишварҳои пешрафтаи дорои фанновариҳои пешрафта бо ин мушкилот рӯбарӯ ҳастанд ва барои аз байн бурдани ҳашарот ҳар сол нобудсозии онро давом додан лозим аст.
Дар Душанбе як рӯйдоди бошукӯҳ рух дод,– бори нахуст дар Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо " Grand Slam" баргузор шуд, ки ситораҳои ҷаҳонии ин навъи варзишро гирди ҳам овард. Дар маросими ифтитоҳ ғолиби намоиши маъруфи телевизионии Русия "Ну-ка, все вместе!" Фаррух Хасанов суруд хонд.
Бонувони ҷудокори тоҷик мутаасифона бебарор баромад карданд, аммо мардон - Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Обид Ҷебов ва Муллораҷаб Халифаев ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гирифтанд. Барандаи медали асосӣ Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ки рақибаш аз Қазоқистонро шикаст дод, ба таври иловагӣ 1000 имтиёзи олимпӣ гирифт.
Лимити барқ бардошта шуд, вале сокинон шикоят доранд
Аз рӯзи 7 май дар Тоҷикистон лимити барқ лағв шуд. Тавре Бахтиёр Раҳматзода, муовини сардори Шабакаҳои тақсимоти барқ қайд кард, аз ин баъд аҳолӣ "24 соат дар шабонарӯз ба нерӯи барқ дастрасӣ хоҳад дошт".
Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои Sputnik Тоҷикистон аз қатъи нерӯи барқ на танҳо дар минтақаҳо, балки дар худи Душанбе низ шикоят мекунанд. Намояндагони шабакаҳои барқӣ баҳонаи оддӣ пеш меоваранд, ки сабаб баргузории корҳои техникӣ мебошад.
Анъанаи “идгардак” ҳангоми идҳои динии Иди Фитр ва Иди Қурбон (вақте ки кӯдакон хона ба хона гашта, тӯҳфа ҷамъ мекунанд) дар Тоҷикистон акнун ба хотири сарфаи маблағ дар сатҳи давлатӣ мамнӯъ шудааст. Дар ҳамин ҳол, кӯдакон ҳанӯз ҳам аз субҳи барвақт хона ба хона давр мезаданд ва дарҳоро мекӯфтанд.
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2024" баргузор шуд, ки дар он маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, 65 ширкати маъруф аз кишварҳоиРусия, Белорус, Узбекистон, Туркманистон, Чин ва Эрон маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар он ҳама чиз ёфта мешуд- аз мошинҳо ва олоти кишоварзӣ то косметика.
Бошгоҳи "Истиқлол"-и пойтахт бо пирӯзӣ бар "Равшан"-и Кӯлоб бори 12-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2024 гардид.
Акнун Тоҷикистон ва Узбекистонро 2 хатсайри нави дигар пайваст мекунанд. Аз Душанбе бо автобус ба Бухоро ва Самарканд сафар кардан мумкин аст. Айни замон танҳо хатсайр аз Хуҷанд ба Тошканд амал мекунад.
КҲФ барномаи "SOS"-ро расман ба кор андохтааст, ки дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, тағирёбии ногаҳонии обу ҳаво ва ҳолатҳои фавқулодда дар саросари кишвар огоҳ мекунад. Он инчунин ҳама гуна маълумоти муфид ва дастурҳоро оид ба чӣ гуна амал кардан дар ҳолатҳои изтирорӣдар бар мегирад. Барнома барои Android ва iOS тарҳрезӣ шудааст.