Нархи рублу доллар дар Тоҷикистон боло рафт

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост , архивное фото
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2024
Обуна шудан
Афзоиши қурби рубл дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёре аз сокинон хуш пазируфта мешавад, чун наздиконашон дар муҳоҷират бо ин асъор маош мегиранд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Нархи рубли Русия ва доллари амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боло рафта, қурби асъори аврупоь майли поинравӣ дорад.
Ба иттилои Бонки миллии кишвар, ҳазор рубли Русия 120,6 сомонӣ нарх дорад, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл 1,1 сомонӣ бештар мебошад.
Нархи доллари ИМА низ боло рафта, муодили 10.7406 сомонӣ шудааст, дар ҳоле, ки евро арзон шуда 11. 6703 сомонӣ нарх дорад.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.7406 то 10.7500 сомонӣ, евро аз 11.6703 то 11.7300 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 1206 то 1210 сомониро ташкил медиҳад.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2024
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро доллар дигар 70 рубл нахоҳад буд
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0