https://sputnik.tj/20240531/pekin-hamoish-shveystariya-ukraina-ishtirok-1063036427.html
Пекин дар ҳамоиши Швейтсария дар масъалаи Украина иштирок намекунад: Сабаб
Пекин дар ҳамоиши Швейтсария дар масъалаи Украина иштирок намекунад: Сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Русия мулоқоти тарҳрезишуда дар Швейтсарияро номуваффақ хонда, афзуд, ки "формати Копенгаген" комилан дар бунбаст аст
2024-05-31T10:46+0500
2024-05-31T10:46+0500
2024-05-31T11:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
пекин
амалиёт
вижа
конфронс
иштирок
швейтсария
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1f/1063036628_0:296:3114:2048_1920x0_80_0_0_a1cf900013cb3e8e74cc9f350ceff2a5.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Чин дар конфронси Швейтсария дар масоили Украина ширкат намекунад, иттилоъ дод хабаргузории Reuters бо такя ба манобеъ. Сабаб - иҷро нашудани шартҳои иштироки Пекин арзёбӣ мешаванд. Ба иттилои агентӣ, Чин ин мулоқотро сарфи назар мекунад, зеро Русия дар он ҷо ҳузур нахоҳад дошт.Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров мулоқоти тарҳрезишуда дар Швейтсарияро номуваффақ хонда, афзуд, ки "формати Копенгаген" комилан сарбаста аст.Вай таъкид кард, ки Ғарб кӯшиш мекунад "бо росту дурӯғ ва таҳдид" шумораи ҳадди аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои ҷануби глобалиро ба ин нишаст дар Швейтсария ҷалб созад.Ба гуфтаи Лавров, сарфи назар аз иддао ба Швейтсария касе иҷозат намедиҳад, ки аз формулаи Зеленский дур равад. Ин кишвар гарчанде худро бетараф эълон кардааст, дер боз чунин нест ва аз таъминкунандаҳои Украина бо силоҳ мебошад, гуфт ӯ.Швейтсария 15-16 июн дар наздикии шаҳри Лютсерн дар масъалаи Украина конфронс баргузор мекунад. Русия дар он иштирок намекунад. Ба ин нишаст тақрибан 160 давлат даъват шудаанд.Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки раванди музокирот дар бораи Украина бидуни ширкати Русия маъно надорад. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ манъи музокиротро ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20240517/niyati-giriftani-kharkov-putin-vaz-durnamo-ukraina-1062864328.html
пекин
швейтсария
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1f/1063036628_342:0:3073:2048_1920x0_80_0_0_f179adb3511a460d3561fb22728cd68f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, ҳамоиш, швейтсария, русия, украина, мулоқот, тарҳрезишуда
чин, ҳамоиш, швейтсария, русия, украина, мулоқот, тарҳрезишуда
Пекин дар ҳамоиши Швейтсария дар масъалаи Украина иштирок намекунад: Сабаб
10:46 31.05.2024 (Навсозишуда: 11:21 31.05.2024) Вазири корҳои хориҷии Русия мулоқоти тарҳрезишуда дар Швейтсарияро номуваффақ хонда, афзуд, ки "формати Копенгаген" комилан дар бунбаст аст
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Чин дар конфронси Швейтсария дар масоили Украина ширкат намекунад, иттилоъ дод хабаргузории Reuters бо такя ба манобеъ.
Сабаб - иҷро нашудани шартҳои иштироки Пекин арзёбӣ мешаванд. Ба иттилои агентӣ, Чин ин мулоқотро сарфи назар мекунад, зеро Русия дар он ҷо ҳузур нахоҳад дошт.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров мулоқоти тарҳрезишуда дар Швейтсарияро номуваффақ хонда, афзуд, ки "формати Копенгаген" комилан сарбаста аст.
Вай таъкид кард, ки Ғарб кӯшиш мекунад "бо росту дурӯғ ва таҳдид" шумораи ҳадди аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои ҷануби глобалиро ба ин нишаст дар Швейтсария ҷалб созад.
Ба гуфтаи Лавров, сарфи назар аз иддао ба Швейтсария касе иҷозат намедиҳад, ки аз формулаи Зеленский дур равад. Ин кишвар гарчанде худро бетараф эълон кардааст, дер боз чунин нест ва аз таъминкунандаҳои Украина бо силоҳ мебошад, гуфт ӯ.
Швейтсария 15-16 июн дар наздикии шаҳри Лютсерн дар масъалаи Украина конфронс баргузор мекунад. Русия дар он иштирок намекунад. Ба ин нишаст тақрибан 160 давлат даъват шудаанд.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки раванди музокирот дар бораи Украина бидуни ширкати Русия маъно надорад. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ манъи музокиротро ҷорӣ кардааст.