Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нияти гирифтани Харков ҳозир нест: Путин вазъ ва дурнамои Украинаро шарҳ дод

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент Владимир Путин принял участие в ежегодном расширенном заседании коллегии МВД
Президент Владимир Путин принял участие в ежегодном расширенном заседании коллегии МВД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2024
Обуна шудан
Масъулияти ҳодисаҳо дар самти Харков ба дӯши нерӯҳои Украина аст, чун маркази шаҳрро ҳадаф қарор медиҳанд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Артиши Русия дар ҳоли ҳозир қасди тасарруфи Харковро надорад, гуфт раисҷумҳур Владимир Путин.
"Дар хусуси Харов бошад, имруз чунин нақшаҳо вуҷуд надоранд", - гуфт президент зимни нишасти хабарӣ дар доираи сафари худ ба Чин.
Вай таъкид кард, ки нирӯҳои Русия пешрафт мекунанд ва ҳамарӯза ба таври қатъӣ тибқи нақша ҳаракат доранд.
Дар шарҳи ҳаводиси Харков, ки нерӯҳои Русия ба пешрафт даст ёфтаанд, Путин гуфт, нерӯҳои Украина маркази шаҳр, маҳаллаҳои истиқоматиро ҳадафи оташкушоӣ қарор медиҳанд.
"Ман ошкоро гуфтам, ки агар ин идома ёбад, мо маҷбур мешавем, ки минтақаи амниятӣ - минтақаи санитарӣ бунёд кунем", - изҳор дошт ӯ.
Вай ҳамчунин омодагии Маскавро барои музокирот баён дошта, афзуд, ки "агар онҳо нахоҳанд, ки Русияро дар музокироти Украина бубинанд, пас ба онҳо лозим нест".
Дар бораи форум дар Швейтсария гуфт, Русия ният надорад идеяҳои созиш дар Украинаро, ки намедонад, "аз маркази майдон" баррасӣ кунад. Вай "формулаҳо"-ро, ки Киев ва Ғарб барои Украина пешниҳод кардаанд, номақбул хонд.
Путин гуфт, ба саволи қонунӣ будани раёсати Владимир Зеленский пас аз 20 май бояд низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии Украина, аз ҷумла Додгоҳи конститутсионӣ посух диҳад.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу аз пешравӣ дар амалиёти вижа ва ҳамлаҳои минбаъда гуфт
Барои Русия масъалаи қонунӣ будани Зеленский муҳим аст, ҳуҷҷатҳои тақдирсоз бояд бо мақомоти қонунӣ имзо карда шаванд, таъкид кард Путин.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0