https://sputnik.tj/20240529/narkhi-rubl-tojikiston-boloravi-idoma-1063013060.html
Нархи рубл дар Тоҷикистон болоравиро идома дод
Нархи рубл дар Тоҷикистон болоравиро идома дод
Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши қурби рубл дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёре аз сокинон хуш пазируфта мешавад, чун наздиконашон дар муҳоҷират бо ин асъор музди меҳнат мегиранд
2024-05-29T09:44+0500
2024-05-29T09:44+0500
2024-05-29T09:44+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қурб
доллар
евро
рубл
зиёд шуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Нархи рубли Русия дар бозори арзи Тоҷикистон гароншавияшро идома дода, қурби асъори амрикоӣ майли поинравӣ дорад. Ба иттилои Бонки миллии кишвар, ҳазор рубли Русия 121,8 сомонӣ нарх дорад, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл 0,1 сомонӣ бештар мебошад. Пули аврупоӣ низ каме гарон шудааст, аммо арзиши асъори амрикоӣ поин рафтаст. Феълан доллари ИМА - 10.7860 сомонӣ ва евро - 11. 7449 сомонӣ нарх доранд. Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.7860 то 10.7600 сомонӣ, евро аз 11.7449 то 11.8500 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 121,8 то 122 сомонӣ муқаррар шудаст. Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20240429/iqtisoddon-sharh-dollar-70-rubl-nakhohad-bud-1062668148.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб, нарх, рубл, тоҷикистон, доллар, евро, афзоиш
қурб, нарх, рубл, тоҷикистон, доллар, евро, афзоиш
Нархи рубл дар Тоҷикистон болоравиро идома дод
Афзоиши қурби рубл дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёре аз сокинон хуш пазируфта мешавад, чун наздиконашон дар муҳоҷират бо ин асъор музди меҳнат мегиранд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Нархи рубли Русия дар бозори арзи Тоҷикистон гароншавияшро идома дода, қурби асъори амрикоӣ майли поинравӣ дорад.
Ба иттилои Бонки миллии кишвар, ҳазор рубли Русия 121,8 сомонӣ нарх дорад, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл 0,1 сомонӣ бештар мебошад.
Пули аврупоӣ низ каме гарон шудааст, аммо арзиши асъори амрикоӣ поин рафтаст. Феълан доллари ИМА - 10.7860 сомонӣ ва евро - 11. 7449 сомонӣ нарх доранд.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.7860 то 10.7600 сомонӣ, евро аз 11.7449 то 11.8500 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 121,8 то 122 сомонӣ муқаррар шудаст.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.