Ҷанги Украина ба ҷанги ҷаҳонӣ табдил меёбад

CC BY-SA 2.0 / Till Westermayer / EU flag blowing in the windПовреждённый флаг Евросоюза на палке
Повреждённый флаг Евросоюза на палке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2024
Обуна шудан
Аврупоиҳо бо даст кашидан аз тиҷорат бо Русия, худро бо таҳримҳои худ буғӣ карда, ба Украина пули зиёде интиқол дода, ба иқтисоди худ зарба заданд. Онҳо танҳо дар сурати гирифтани мукофоти асосӣ – захираҳои Русия метавонанд ин хароҷотро ҷуброн кунанд.
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik, Виктория Никифорова.Украина дар ҷабҳа мағлуб мешавад ва шарикони ғарбиаш фавран ба наҷот шитофтанд. То ҳол ба таври лафзӣ ёрӣ мерасонанд, бо изҳорот таҳдид мекунанд, чеҳра тунд сохта, бо қаър нигоҳ мекунанд. Ваъда медиҳанд, ки низомиёни худро ба Украина мефиристанд - ё фаронсавӣ, ё бритониёӣ ва ё лаҳистониҳо. Эстония сарашро бардошта, таҳдид кард, ки Русияро ба зону мезанад, ки як чизи хандаовар аст. Ҳамаи ин, албатта, ба артиши украинӣ, ки ҳоло дар назди Харков ақибнишинӣ мекунанд, ёрии калон мерасонад.
Дар байни уқобон “кабутари сафед” Шолтсдавида, ҳамаро ба худдорӣ даъват мекунад. Аммо парзании ӯ хашми ҳаммаслакони аврупоии ӯро нишон медиҳад. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо ба таври ҷиддӣ тавсеа ва густариши муноқишаи Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд.
Дабири кулли НАТО Столтенберг пешниҳод кард, ки ҳамаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ки Киевро бо силоҳ таъмин мекунанд, бояд ба украиниҳо иҷозат диҳанд, ки аз ин силоҳ барои зарба ба қаламрави Русия истифода баранд. Маълум аст, ки террористҳои Киев аллакай ин корро мекунанд, аммо ҳоло сарвари паймон пешниҳод мекунад, ки ин амалия қонунӣ карда шавад ва аз ин рӯ, васеъ карда шавад. Гузашта аз ин, ин дар интизори интиқоли ҳавопаймоҳои F-16 ба Киев сурат мегирад ва маълум мешавад, ки онҳо метавонанд дар ҳарими ҳавоии Украинақарор дошта, мушакҳои аврупоиро ба сӯи шаҳрҳо ва рустоҳои Русия партоб кунанд.
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2024
Русия дар Осиёи Марказӣ ба англосаксҳо зарбаи ҷавобӣ мезанад
Сардипломати аврупоӣ Ҷозеп Боррел, муаллифи сухнҳои фаромӯшнашаванда дар бораи "Боғи биҳишт" қайд кард, ки чунин таҳияи масъала комилан "қобили қабул" аст ва ба Столтенберг пешниҳод кард, ки онро дар мулоқот бо вазирони дифои Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ кунад.
Ҳамин тавр, дирӯз вазирони дифоъи Аврупо бомбборони шаҳрҳои Русияро бо аслиҳаи аврупоӣ баррасӣ карданд. То ҳол ба созиш омадан муяссар нашуд, уқобону кабӯтарҳо дар мақеи худ монданд, вале худи пешниҳоди мавзуъ аҷиб аст.
Масъалаҳои дигари ҷаласа стандартикунонии снарядҳо ва аслиҳаҳои дар кишварҳои Аврупо истеҳсолшаванда, ташкили нерӯҳои вокуниши фаврӣ, ки қодиранд ба зудӣ ба ҳар макони Аврупо, ки дар он ҷо ягон навъи "бӯҳрон" рух медиҳад, расида, инчунин таҳияи PESCO - барномаи ҳамкории ҳарбӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупова дигар масъалаҳо буданд.
Ҳамаи ин якҷоя чун кори душвор барои муттаҳид намудани қӯшунҳои Аврупо ва ба вуҷуд овардани машинаи ҳарбие ба назар мерасад, ки ба он Гитлер ҳам ҳасад мебарад. Ҳадаф бошад мамлакати мост.
Албатта, метавон ба артишҳои хурди мамлакатҳои Аврупо, ба хароҷоти калони снарядҳои артиллерияашон, ба ҳолати вайроншудаи ҳарбии онҳо хандид.
Президент Венесуэлы Николас Мадуро во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мадуро: ИМА ва ИА ба хотири фурӯши аслиҳа монеи сулҳ миёни Маскав ва Киев шуданд
Бо вуҷуди ин, садҳо миллиард еврои сармоягузорӣ эҳсос хоҳад шуд. Маҷмааи калони ҳарбию саноатии Аврупо торафт рушд меёбад. Зиёд кардани шумораи артишҳо пешбинӣ шудааст. Машқҳо пайваста ва дар шароитҳои то ҳадди имкон ба ҷанг наздик гузаронида мешаванд. Ба назар чунин менамояд, ки гӯё Аврупо оҳиста-оҳиста ва ба таври мунтазам артиши худро таъсис дода истодааст ва он яке аз сарватмандтарин артишҳои ҷаҳон хоҳад шуд.
Бо ин гуна азимҷуссагӣ Харков ва ё Одессаро муҳофизат кардан беақлӣ ва исрофкорист. Чунин лашкари бузург барои ҳамла ба Русия омода мешавад. Ва агар милтиқ ба девор овехта шудаст, боварӣ дошта бошед, ки рӯзе он тир холӣ мекунад.
Бале, сохтани чунин азимҷусса, ки аз чиҳати миқёс ба лашкари Гитлер баробар аст, вакт талаб мекунад. Аммо, маҳз ҳамин вақт аст, ки украинҳо дар фронт ҳоло бо ҷони худ мехаранд. Баъди ба охир расидани онҳо артиши ягонаи Аврупобо яроқи стандартии худ иваз карда мешавад.
Аммо Русия ба Аврупо таҳдид намекунад, ҳамин тавр не? Аммо кӣ парво дорад, — барои ин гуна ҳодиса, аврупоиҳо як қатор иғвогариҳо доранд. Имрӯз Маскав дар ҳама гуна оташсӯзӣ ё таркиш дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо муттаҳам мешавад. Ҳатто дар сӯхтор дар IKEA-и Литва, аъзои НАТО тавонистанд, ки "дасти Кремл" -ро бубинанд. Дар мамлакати худ чунин иғвогарӣ ташкил кардан ва онро ба гардани русхо бор кардан, ин аст баҳонаи ҳуҷум, "Гляйвитс"-и нав аст.
Совместные учения войск НАТО The Noble Jump. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Ғарб ба ғояи cap задани ҷанги ҷаҳонӣ одат мекунад
Мо одат кардаем, ки муноқишаи Русия ва Украина як ҷангбо дастони дигарон байни Иёлоти Муттаҳида ва Русия аст, ки дар он аврупоиҳо ҳамчун ҳаммаслакони заиф ва тарсончаки Вашингтон амал мекунанд. Амрикоиҳо онҳоро ба сӯи ҷанг тела медиҳанд, аммо онҳо бо тамоми қувва муқобилат мекунанд ва дарк мекунанд, ки Сэм-амак ҳар лаҳза онҳоро партофта метавонад.
Аммо роҳбарияти мамлакатҳои Аврупо ҳам манфиатҳои худро дорад. Онҳо бо даст кашидан аз тиҷорат бо Русия, худро бо таҳримҳои худ буғӣ карда, ба Украина пули зиёде интиқол дода, ба иқтисоди худ зарба заданд. Онҳо танҳо дар сурати гирифтани мукофоти асосӣ – захираҳои Русия метавонанд ин хароҷотро ҷуброн кунанд. Ин аст он чизе, ки ба онҳо ҳамчун Ҷоми асосӣ ваъда дода шуда буд. Хуб, барои ин лозим аст, ки Русияро дар майдони ҷанг мағлуб кунанд, илоҷи дигар боқӣ намондааст. Ҷанг ягона имкони баргардонидани маблағи сарфкардаи онҳост, вагарна онҳо ба даҳсолаҳои фақру таназзул по хоҳанд ниҳод.
Элитаҳои аврупоиро суст, аблаҳ ва нотавон шуморидан бемаънӣ аст. Дар паси симои хандаовари ходимони сиёсӣ ҳамеша одамони хеле бой ва ботаҷриба меистанд. Онҳо дар таърихи ҷаҳон на як бору ду бор нишон дода буданд, ки дурӯғ гуфтан, маккорона ҳуҷум кардан ва муддати дароз, якравона, бо бераҳмию ваҳшоният мубориза бурдан метавонанд.
Здание Министерства иностранных дел РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2024
"Тортанаке, ки дар тораш печид": Маскав дурӯягии Вашингтонро нишон дод
Албатта, маълум нест, ки оё амаки Сэм ба аврупоиҳо кӯмак хоҳад кард, - ҳарчанд рӯзноманигор Саймон Ҳерш, ки ба доираҳои иктишофӣ наздик аст, бар ин назар аст, ки Байден барои пирӯзӣ дар интихоботи ИМА баоғози ҷанги васеъмиқёс алайҳи Русия мухолиф нест.
Аммо ҳатто агар амаки Байденро амаки Трамп иваз кунад ҳам, ҳеҷ як президенти Амрико ба Русия имкон намедиҳад, ки Аврупоро комилан мағлуб ва мутеъ кунад. Вай бояд дахолат кунад, то ки кишвари мо аз ҳад зиёд қавӣ нагардад. Пас, аврупоиҳо дар ҳар сурат як навъ дастгирӣ хоҳанд дошт. Чаро таваккал накунем? — фикр мекунанд онҳо.
Дар давоми ҷанги сард, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА дар Африқо, Корея, Ветнам, Афғонистон ихтилоф доштанд. Он вақтаврупоиҳо оромона, аз алаф пасттар нишаста, ҳарбиёни Амрикороякдилона маҳкум мекарданд, канслери ҳозира Шолтс он вақт, дар намоишҳо фаъолона иштирок мекард.
Ҳоло аврупоиҳо мебинанд, ки Вашингтон онҳоро комилан ғорат кардааст ва аз онҳо даст кашида, ба самти шарқ ба Чин рӯ оварданӣ аст. Ягона имконияти ночиз барои баргардонидани ҳама чиз ҳамла ба Русия аст. Аз ин рӯ, набояд рушди низомии онҳоро сабукфикрона қабул кард. Мо, албатта, ҳар як душманро мағлуб хоҳем кард, аммо "ғалаба омодагиро дӯст медорад" - таҳдид дар тарафи ғарбии мо комилан воқеӣ аст ва ҷанг бо даст дигарон байни ИМА ва Русия тамоми имкониятҳоро дорад, ки ба ҷанги васеъмиқёси байни Русия ва Аврупо табдил ёбад.
Лентаи хабарҳо
0