Русия дар Осиёи Марказӣ ба англосаксҳо зарбаи ҷавобӣ мезанад

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2024
Обуна шудан
"Толибони Афғонистон* ба наздикӣ аз феҳрасти ташкилотҳои дар Русия мамнӯъшуда бояд хориҷ гарданд, бо ин таклиф вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия ба президент муроҷиат карданд.
Сергей Лавров изҳор дошт, ки "Толибон қудрати воқеии Афғонистон ҳастанд, мо ба ин кишвар бетафовут нестем, ин як раванди дарки воқеият аст" ва хориҷ шудани Толибон* аз феҳристи созмонҳои террористӣ имкони эътирофи расмии хукумати Афғонистонро, ки онҳо ташкил кардаанд, фароҳам меорад. Чаро Русия ин корро ҳамагӣ тақрибан се сол баъд аз ворид шудани Толибон ба Кобул анҷом доданист?
Воқеан, муносибатҳо бо Толибон дарҳол пас аз ба қудрат расидани онҳо нигоҳ дошта шуданд: сафорати мо дар Кобул баста нашуд, ҳайатҳои афғон ба Русия меомаданд ва аз мо ба Афғонистон. Аммо ҳеҷ гуна эътирофи расмӣ вуҷуд надошт ва ин, табиист, ки тамосҳои расмиро маҳдуд мекард, дар бораи робитаҳо дар сатҳи олӣ сухан ҳам набуд. Омодагӣ барои аз руйхати ташкилотҳои террористӣ баровардани "Толибон* кайҳо боз давом дошт, вале танҳо ҳоло қарори ниҳоӣ қабул шудааст. Яке аз сабабҳо пурзур шудани бозии англосаксҳо дар Осиёи Миёна буд. Ҳанӯз рӯзи ҷумъаи гузашта директори ФСБ Бортников гуфт, ки "мақомоти Афғонистон барои ба эътидол овардани вазъ фаъолона кор мекунанд":
“Онҳо бо гурӯҳҳои террористии тундрав мубориза мебаранд, то сарҳадҳои беруниро мустаҳкам кунанд, воридшавии ҷангиёни созмонҳои террористиро аз минтақаҳои даргириҳои минтақавӣ боздоранд. Бо мо, яъне бо хадамоти иктишофии кишварҳои ИДМ робита доранд. Ва агар ба Кобул бозигарони беруна халал нарасонанд, ман фикр мекунам, ки толибон қодиранд, ки дар кишвар тартиботро барқарор кунанд <...>
Нерӯҳои махсуси Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар, ки ба вилояти Тахор фиристода шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2024
Толибон* иддао доранд, ки фасоду ДИИШ**-ро дар Афғонистон решакан карданд
Кӯшишҳои суботкоронаи англосаксҳо барои таъсир расондан ба вазъияти Афғонистон ба назар намоёнанд. Ин аст, ки онҳо ниятҳои барои ба ҳар қимате дар Осиёи Марказӣ ҷой гирифтан ва аз ин мавқеъ барои таъсир расонидан ба тамоми минтақа истифода карданианд. Барои ноил шудан ба ин аз ҳама гуна воситаҳо истифода мешаванд."
Дар Русия Толибон ҳанӯз дар соли 2003, замоне ки дар Афғонистон қудратро аз даст дода буданд, ҳамчун як созмони террористӣ эътироф шуда буданд. Аммо дар давоми панҷ соли аввали ҳукмронии худ (аз соли 1996 то 2001, вақте ки онҳо аз ҷониби амрикоиҳо сарнагун карда шуданд) Толибон тавонистанд дар кишвари мо обрӯи бениҳоят манфӣ пайдо кунанд - пеш аз ҳама, барои он, ки дар ҷанги дуюми Чеченистон онҳо аз ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия пуштибонӣ мекарданд.
Пас, агар амрикоиҳо Толибонро дар паноҳгоҳ додан ба бини Лодан ва Ал-Қоида** муттаҳам мекарданд, пас мо барои Чеченистон шикоят доштем ва ҳамчунин афзоиши нуфузи пинҳонии онҳо дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба манфиатҳои мо мувофиқ набуд. Бо вуҷуди ин, дар тӯли ду даҳсолаи истилои Амрико ҳама чиз тағйир ёфт: Толибон на танҳо нуфузи худро дар ҷомеаи Афғонистон нигоҳ доштанд, балки тавонистанд, ки пас аз рафтани амрикоиҳо қудратро бидуни хунрезӣ ба даст гиранд, зеро режими лухтакмонанди Кобул фурӯ рехт.
4-летняя афганская девочка спит после работы на кирпичном заводе на окраине Кабула, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2024
12 миллион кӯдак дар Афғонистон ба кумак ниёз доранд
Ва ҳоло Толибон масъулияти тамоми Афғонистонро бар дӯш доранд, ки пас аз даҳсолаҳои нооромиҳо ва истило дар як вазъи душвори иқтисодиву иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Иқтисодиёт базӯр зинда аст, савдои хориҷӣ қариб нест, даромади асъор ҳадди ақалл аст - ҳама чизро аз нав сохтан лозим аст. Дар баробари ин, Толибон бояд боз бар зидди гурӯҳҳои мухталиф - ҳам дохилӣ, ҳам мухолиф ва ҳам сирф террористӣ, ки ба мақоми умумиисломӣ даъво доранд, мубориза баранд.
Толибон тарзи идоракунии давлатро меомӯзанд, киштзорҳои кӯкнорро барҳам медиҳанд (истеҳсоли афюн дар замони амрикоиҳо ривоҷ дошт) ва мехоҳанд ҳам бо ҷаҳони ислом ва ҳам бо ҳамсоягони худравобит барқарор кунанд. Аммо дар айни замон онҳо бо вазъияти фитна ва иғвогариҳои доимии англосаксҳо дучор меоянд, ҳам ИМА ва ҳам Англия ҳам мухолифини мусаллаҳонаро ( ки қисми ноҳияҳои мамлакатро зери назорат доранд), ҳам мавзӯи "оштии дохилии афғон" (яъне ташкили ҳукумати фарогир) ва эътирофи байналхалқии хукуматдорони Афгонистонро истифода мебаранд.
Кишвар бидуни лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ ба по хеста наметавонад ва мо на танҳо бобати кӯмаки беруна, балки дар бораи бунёди иншооти инфрасохторӣ ва энергетикии дорои аҳамияти дохилӣ ва ҳам минтақавӣ гап мезанем.
Узбой - сухое русло Амударьи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2024
Таҳлилгарон: бояд бо мақомдорони Афғонистон дар масоили обӣ музокира кард
Ва дар ин ҷо Чин ва Русия бояд нақши асосиро бозанд, зеро кишварҳои мо дар солҳои 90-ум Созмони ҳамкориҳои Шанхайро маҳз барои ҳифзи амният дар Осиёи Марказӣ таъсис доданд, ки дар мобайни он Афғонистони аз зиддиятхои дохилӣ пора-пора ҷойгир аст. Ва аз соли 2001 инҷониб аз дахолати мустақими беруна - ишғоли Амрико низ осебдида.
Ҳоло Чин дар Афғонистон тарҳҳои зиёде дорад ва сафири Толибон аллакай ба Си Ҷинпин эътиборномаи худро ироа кардааст, тиҷорати Русия низ ба кишвари бароямон хуб шинос назар меафканад. Лӯлаҳои нафтугазӣ, ки метавонанд аз Афғонистон убур кунанд, барои ин кишвар аҳамияти аввалиндараҷа хоҳанд дошт, онҳо на танҳо ба интиқоли газ аз Туркманистон (ва эҳтимолан Русия) ба Ҳиндустон имкон медиҳанд, балки барои эҳёи иқтисодии ин кишвар имконият фароҳам меоранд.
Афғонистон дар иҳотаи кишварҳои СҲШ қарор дорад ва ҳамаи ҳамсояҳояш ба кишвари босубот ва шукуфон манфиатдоранд, на ба майдони фитнаҳои нерӯҳои хориҷӣ, ҳатто Покистон, ки (ба шарофати ҳамон бритониёӣ) бо Афғонистон мушкили ислоҳнашавандаи ҳудудӣ дорад, (хатти Дюранд, ки паштуҳои ду кишварро ҷудо мекунад).
Совместные учения войск НАТО The Noble Jump. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Ғарб ба ғояи cap задани ҷанги ҷаҳонӣ одат мекунад
Рушди Афғонистон сармоягузориҳо ва лоиҳаҳои хориҷиро талаб мекунад - Чин, Ҳиндустон, шоҳигариҳои Халиҷи Форс ва Русия метавонанд онҳоро таъмин кунанд. Аммо барои ба як сохтмони азим табдил ёфтан ба Афғонистон суботи дохилӣ ва қудрати қавӣ лозим аст, яъне имкони иғвоҳои англосаксҳоро дар бозӣ кардан бо зиддиятҳои дохилиафғонӣ ба ҳадди ақал расондан лозим аст.
Ба ҳамаи ин ҳадафҳо расидан мумкин аст - маҳз эътирофи Русия аз Толибон* барои ин хизмат мекунад. Он ҳамчунин роҳро барои вуруди пурраи Афғонистон ба Созмони Ҳамкории Шанхай мекушояд (ҳоло он дар мақоми нозир дорад), ки ба ин созмон имкон медиҳад, то ба ҳадафи асосии худ, яъне таъмини амнияти воқеъии тамоми Осиёи Марказӣ таъмин созад ва барҳам додани таъсири англосаксҳо комёб шавад.
Ин, дар навбати худ, як қадами бузург дар роҳи бунёди низоми ягонаи амнияти Авруосиё дар асоси тавозуни манфиатҳои байни кишварҳои минтақа хоҳад буд.
* Ташкилот барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
** Ташкилоти террористӣ, ки дар Русия мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0