https://sputnik.tj/20240228/tahlilgaron-maqomdoroni-afghoniston-obi-muzokira-1061869103.html
Таҳлилгарон: бояд бо мақомдорони Афғонистон дар масоили обӣ музокира кард
Таҳлилгарон: бояд бо мақомдорони Афғонистон дар масоили обӣ музокира кард
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгарони Осиёи Марказӣ тарҳи канали оби Қӯштеппаро, ки толибҳо дар Афғонистон сохта истодаанд, низоъхез хонда, аз зарурати дипломатия гуфтанд
2024-02-28T17:58+0500
2024-02-28T17:58+0500
2024-02-28T18:20+0500
осиёи марказӣ
об
энергетика
таҳлил
мусоҳиба
ӯзбекистон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102143/10/1021431099_0:282:3140:2048_1920x0_80_0_0_34e9fb002f4ad60b038e90db8616e938.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Афғонистон ба як ҷониби истифодаи муштараки оби фаромарзии Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст ва бояд бо ин кишвар дар ин масъала ҳамкорӣ роҳандозӣ гардад. Ин нуктаро мудири Академияи дипломатии Донишгоҳи иқтисод ва дипломатияи ҷаҳонӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Абдусамад Ҳайдаров дар суҳбати видеоӣ бо Sputnik баён дошт.Вай гуфт, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Афғонистони амну ором зарур аст, ки омодаи ҳамкории созандаю тарафайн судовар бо кишварҳои ҳамсоя бошад. Ворид кардани ҳукумати Афғонистон ба масоили минтақавӣ, аз ҷумла истифодаи обу сохтмони Қӯштеппа ба суди кор аст, чун бояд ҳамкорӣ кард, мушкилро бидуни Афғонистон наметавон ҳал кард, гуфт ӯ. Таҳлилгар истифодаи самараноки обро муҳим хонд, чун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қариб 90%-и оби ошомиданӣ дар бахши хоҷагии қишлоқ истиофода мешавад, ки дар ҷаҳон ин нишондод то 65% аст. Ҳайдаров илова намуд, ки то 40%-и талафот дар каналҳо ҷой дорад, ки умдатан бетонкорӣ нашудаанд. Ӯзбекистон ба истифодаи самараноки об таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Коршиноси маркази байналмилалии геополитикии "Восток-Запад" Руслан Казкенов гуфт, сохтмони Қӯштеппа метавонад ҳадафҳои сиёсӣ дошта бошад. Барои ҳукумати толибҳо, ки ҳадафи эътирофи байналмилалӣ доранд, аз тариқи бунёди чунин тарҳҳо мехоҳанд ин мақсадро ба даст оранд, гуфт ӯ. "Захоири об мерасад, аммо ҳамаи кишварҳо бояд бо сиёсати муштарак идораи обро роҳандозӣ кунанд. Бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷоя бо Афғонистон дар ин самт фаъолият кунанд", - таъкид намуд коршинос. Вай изҳори боварӣ намуд, ки мавқеъгириҳои муштараки кишварҳои Осиёи Миёна метавонад таъсири бештаре ба ҳукумати толибҳо дошта бошад.
https://sputnik.tj/20240220/korshinos-tolibon-amniyatashon-nigaronand-1061784854.html
ӯзбекистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102143/10/1021431099_146:0:2877:2048_1920x0_80_0_0_ee05a2e160f250b01f3daf05b13a474b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қӯштеппа, коршиносон, таҳлил, низоъ
қӯштеппа, коршиносон, таҳлил, низоъ
Таҳлилгарон: бояд бо мақомдорони Афғонистон дар масоили обӣ музокира кард
17:58 28.02.2024 (Навсозишуда: 18:20 28.02.2024) Таҳлилгарони Осиёи Марказӣ тарҳи канали оби Қӯштеппаро, ки толибҳо дар Афғонистон сохта истодаанд, низоъхез хонда, аз зарурати дипломатия гуфтанд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Афғонистон ба як ҷониби истифодаи муштараки оби фаромарзии Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст ва бояд бо ин кишвар дар ин масъала ҳамкорӣ роҳандозӣ гардад.
Ин нуктаро мудири Академияи дипломатии Донишгоҳи иқтисод ва дипломатияи ҷаҳонӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Абдусамад Ҳайдаров дар суҳбати видеоӣ бо Sputnik баён дошт.
Вай гуфт, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Афғонистони амну ором зарур аст, ки омодаи ҳамкории созандаю тарафайн судовар бо кишварҳои ҳамсоя бошад.
Ворид кардани ҳукумати Афғонистон ба масоили минтақавӣ, аз ҷумла истифодаи обу сохтмони Қӯштеппа ба суди кор аст, чун бояд ҳамкорӣ кард, мушкилро бидуни Афғонистон наметавон ҳал кард, гуфт ӯ.
Таҳлилгар истифодаи самараноки обро муҳим хонд, чун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қариб 90%-и оби ошомиданӣ дар бахши хоҷагии қишлоқ истиофода мешавад, ки дар ҷаҳон ин нишондод то 65% аст.
Ҳайдаров илова намуд, ки то 40%-и талафот дар каналҳо ҷой дорад, ки умдатан бетонкорӣ нашудаанд. Ӯзбекистон ба истифодаи самараноки об таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Коршиноси маркази байналмилалии геополитикии "Восток-Запад" Руслан Казкенов гуфт, сохтмони Қӯштеппа метавонад ҳадафҳои сиёсӣ дошта бошад.
Барои ҳукумати толибҳо, ки ҳадафи эътирофи байналмилалӣ доранд, аз тариқи бунёди чунин тарҳҳо мехоҳанд ин мақсадро ба даст оранд, гуфт ӯ.
"Захоири об мерасад, аммо ҳамаи кишварҳо бояд бо сиёсати муштарак идораи обро роҳандозӣ кунанд. Бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷоя бо Афғонистон дар ин самт фаъолият кунанд", - таъкид намуд коршинос.
Вай изҳори боварӣ намуд, ки мавқеъгириҳои муштараки кишварҳои Осиёи Миёна метавонад таъсири бештаре ба ҳукумати толибҳо дошта бошад.