https://sputnik.tj/20240428/kudak-afghoniston-kumak-niyoz-1062665816.html
12 миллион кӯдак дар Афғонистон ба кумак ниёз доранд
12 миллион кӯдак дар Афғонистон ба кумак ниёз доранд
Sputnik Тоҷикистон
Ниҳоди ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи Cозмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон эълом кард, 12, 3 млн кӯдак дар Афғонистон ба кумак ниёз доранд
2024-04-28T16:59+0500
2024-04-28T16:59+0500
2024-04-28T16:59+0500
афғонистон
дар ҷаҳон
кӯдак
кӯмак
ниёз ба кӯмак
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051629314_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_35ead86a2faedbabc18861f67f423dcb.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ниҳоди ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи СММ барои Афғонистон мегуяд, ки ҳудуди 23,7 млн тан, аз ҷумлаи 12,3 млн кӯдак дар Афғонистон дар соли ҷории милодӣ ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.Ин созмон дар гузоришии вазъияти башарӣ дар Афғонистони зери султаи толибон*-ро тайи моҳи март ба баррасӣ гирифта ва нигоштааст, ки ин ниҳод барои расидагӣ ба буҳрони башарӣ дар Афғонистон ба 1,7 млрд доллар ниёз дорад.Бар асоси ин гузориш, кишварҳо ва ниҳодҳои кумаккунанда то кунун танҳо 35 дарсад аз ин буҷетро таъмин кардаанд.Ба гуфта ин ниҳод, дар моҳи март, Имороти муттаҳидаи араб ва идораи ЮНИСЕФи бештарини кумакро ба Афғонистон ироа кардаанд.Созмони дар боло зикршуда дар ин гузориш ҳамчунон вазъияти башарӣ дар Афғонистонро вахим арзёбӣ кард.Ин ниҳод тасреҳ кардааст дар канори соири чолишҳо, борандагиҳои ахир дар кишвар низ бар зиндагии афғонҳо таъсири манфӣ гузоштааст.
https://sputnik.tj/20240418/neruho-rusiya-tojikiston-marz-tamrin-nobudsozi-terroristonro-anjom-1062546639.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051629314_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_9a538da2b8a76e72ad6e06ef26e4e107.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, кӯдакон, кумак, ниёз, смм
афғонистон, осиёи марказӣ, кӯдакон, кумак, ниёз, смм
12 миллион кӯдак дар Афғонистон ба кумак ниёз доранд
Ниҳоди ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи Cозмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон эълом кард, 12, 3 млн кӯдак дар Афғонистон ба кумак ниёз доранд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ниҳоди ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи СММ барои Афғонистон мегуяд, ки ҳудуди 23,7 млн тан, аз ҷумлаи 12,3 млн кӯдак дар Афғонистон дар соли ҷории милодӣ ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
Ин созмон дар гузоришии вазъияти башарӣ дар Афғонистони зери султаи толибон*-ро тайи моҳи март ба баррасӣ гирифта ва нигоштааст, ки ин ниҳод барои расидагӣ ба буҳрони башарӣ дар Афғонистон ба 1,7 млрд доллар ниёз дорад.
Бар асоси ин гузориш, кишварҳо ва ниҳодҳои кумаккунанда то кунун танҳо 35 дарсад аз ин буҷетро таъмин кардаанд.
Ба гуфта ин ниҳод, дар моҳи март, Имороти муттаҳидаи араб ва идораи ЮНИСЕФи бештарини кумакро ба Афғонистон ироа кардаанд.
Созмони дар боло зикршуда дар ин гузориш ҳамчунон вазъияти башарӣ дар Афғонистонро вахим арзёбӣ кард.
Ин ниҳод тасреҳ кардааст дар канори соири чолишҳо, борандагиҳои ахир дар кишвар низ бар зиндагии афғонҳо таъсири манфӣ гузоштааст.